Бонки «Арванд» маблағгузории нави GEFF II-ро барои рушди иқтисоди сабз ҷалб менамояд!
06.06.2026
Бонки «Арванд» дар доираи барномаи минтақавии Green Economy Financing Facility (GEFF II) аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) ва Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund – GCF) маблағгузории навро ба маблағи умумии 5 миллион доллари ИМА ҷалб менамояд.
Маросими имзои созишнома 6 июни соли 2026 дар шаҳри Рига (Ҷумҳурии Латвия) дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид. Дар маросими имзои созишнома аз ҷониби Бонки «Арванд» Раиси Раёсати ҶСП «Бонки Арванд» Содиқова Шоира Музаффаровна ва аз ҷониби Директори иҷроия ва роҳбари гурӯҳи фаъолияти муассисаҳои молиявии EBRD Франсис Малиж (Francis Malige) иштирок намуданд.
Аз маблағи умумӣ 3,75 миллион доллари ИМА аз ҷониби EBRD ва 1,25 миллион доллари ИМА аз ҷониби Фонди иқлими сабз пешниҳод гардида, барои маблағгузории лоиҳаҳои самаранокии энергетикӣ, технологияҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон равона карда мешавад.
Ин панҷумин ҳамкории Бонки «Арванд» дар доираи барномаи GEFF буда, идомаи муваффақонаи татбиқи ташаббусҳои қаблӣ ва саҳми муҳим дар рушди бозори молияи сабз дар Тоҷикистон мебошад.
Маблағгузории нав имконият медиҳад, ки Бонки «Арванд» пешниҳоди маҳсулоти қарзии сабзро боз ҳам васеъ намуда, махсусан соҳибкорони хурду миёна, бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳотро бо технологияҳои инноватсионӣ ва экологӣ дастгирӣ намояд.
Яке аз самтҳои муҳими лоиҳа дастгирии соҳибкории занон мебошад. Дар доираи усули Gender SMART ҳадди ақал 30 фоизи маблағгузорӣ ба занон ва соҳибкории таҳти роҳбарии занон равона гардида, барои таъмини дастрасии баробар ба маблағгузории сабз ва рушди фарогири иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин сармоягузории нав боз як қадами муҳим дар роҳи рушди устувор, дастгирии иқтисоди сабз ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон мебошад.