Мӯҳтарам мизоҷон, шарикон ва кормандони ҶСП Бонки «Арванд».
Гирифтани Иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон № 0000105 аз «30» сентябри соли 2019. дар раванди муттаҳид намудани ду ташкилоти қарзӣ ва ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Бонки «Арванд» табдил додани онҳо марҳилаи муҳиме гузаштааст.
ҶСП Бонки «Арванд» обрӯ ва муваффақияти дарозмуддати худро қадр мекунад, аз риояи талаботи қонун аз ҷониби ҳамаи мизоҷон, шарикон ва кормандони бонк истиқбол мегирад, аз ин рӯ татбиқи чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва қаллобӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк мебошад.
Фаъолияти Бонк барои ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳо бо мизоҷон, шарикон ва кормандони он нигаронида шудааст, ки ба онҳо адолат, эътимоди мутақобила, эҳтиром ва ҳамкорӣ хос аст.
Барои муқовимат, ба Бонк зарур аст, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои эҳтимолӣ ва маълумоте, ки аломатҳои коррупсионӣ ва қаллобӣ доранд, ҳам аз муштариён, ҳам шарикони Бонк ва ҳам аз кормандони худ тавассути тамоми каналҳои дастрас маълумоти саривақтӣ дастрас намояд. Бонк ифшои маълумотро дар бораи вайронкуниҳои эҳтимолӣ ё маълум, инчунин дар бораи ҳама гуна амалҳои (беамалии), ки метавонад боиси вайрон шудани қонун гаштаанд ва ё боиси вайрон шудани қонун гардад, ҳавасманд мекунад ва махфӣ будани маълумоти пешниҳодшударо таъмин менамояд. ҶСП Бонки «Арванд» бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи байналмилалӣ, талаботи одоби касбӣ, меъёрҳои баланд ва таҷрибаи пешқадами идоракунии корпоративӣ мунтазам рушд карда, фаъолияти софдилона, ошкоро ва шаффофро пеш мебарад. Дар такмили фаъолияти бонк фарҳанги корпоративӣ нақши махсус дорад, ки унсури муҳими он рад кардани коррупсия, қаллобӣ дар ҳама гуна зуҳуроти он мебошад.
Бо назардошти принсипи «таҳаммулнопазирии сифр» нисбат ба коррупсия ва қаллобӣ, Бонк Тартиби Муқовимат ба коррупсия ва Кодекси одоби кормандонро таҳия ва татбиқ менамояд, ки муносибати ягонаро барои ташкили чорабиниҳо ба пешгирӣ ва муқовимат равона месозад.
Содиқова Ш.М.
Раиси ҶСП Бонки «Арванд»
Мӯҳтарам мизоҷон, шарикон ва кормандони ҶСП Бонки «Арванд».
ҶСП Бонки «Арванд» ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои поквиҷдонӣ ва одоби корӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар Бонк низоми идоракунии хавфҳои комплаенс амал мекунад, ки бар асоси принсипҳои қонунмандӣ, мустақилият, шаффофият ва таҳаммулнопазирии мутлақ нисбат ба қонуншиканиҳо бунёд ёфтааст.
Назорати риояи қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк, инчунин стандартҳои байналмилалии татбиқшаванда аз ҷониби Департаменти назорати комплаенс, ки ба Шӯрои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад, амалӣ карда мешавад.
Хабар додан дар бораи қонуншиканиҳо
Ҳар шахс метавонад дар бораи ҳолатҳои зерин хабар диҳад:
- вайрон намудани қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк;
- фасод, қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳо;
- вайрон намудани сирри бонкӣ;
- қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм;
- бархӯрди манфиатҳо;
- табъиз, харассмент ва дигар рафтори ғайри қобили қабул;
- вайрон намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва меъёрҳои одоби корӣ.
Кафолатҳои ҳифзи хабардиҳанда
Бонк махфият, баррасии объективии хабарҳо, имконияти муроҷиати беном ва ҳифзи шахсони хабардиҳандаро аз ҳар гуна фишор ё паёмадҳои манфӣ кафолат медиҳад.
Тамос бо Департаменти назорати комплаенс
Шахсоне, ки аз ҳолатҳои қонуншиканӣ дар ҶСП Бонки «Арванд» огоҳ шудаанд, метавонанд хабар диҳанд:
📧 бо ирсоли паёми электронӣ ба суроғаи shikoyat@arvand.tj
📞 бо занг задан ба рақами (+992) 92 824 00 05
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, хиёбони И. Сомонӣ 1 «А», бо қайд: барои Департаменти назорати комплаенс
Ҳуҷҷатҳо барои зеркашӣ: