Мӯҳтарам мизоҷон, шарикон ва кормандони ҶСП Бонки «Арванд»!
ҶСП Бонки «Арванд» ҳамчун як муассисаи молиявии боэътимод ба рушд ва такмили низоми идоракунии хавфҳои амалиётӣ диққати махсус медиҳад.
Бо гирифтани Литсензияи Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 0000105 аз 30 сентябри соли 2019, марҳилаи муҳими раванди муттаҳидшавии ду ташкилоти қарзӣ ва табдил ёфтани онҳо ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки «Арванд» ба анҷом расид.
ҶСП Бонки «Арванд» эътибори касбӣ ва муваффақияти дарозмуддати худро қадр намуда, риояи талаботи қонунгузориро аз ҷониби ҳамаи мизоҷон, шарикон ва кормандони бонк ҷонибдорӣ менамояд. Аз ин рӯ, татбиқи чорабиниҳо оид ба идоракунии хавфҳои амалиётӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк ба ҳисоб меравад.
Фаъолияти Бонк ба ташаккул ва нигоҳдории чунин муносибатҳо бо мизоҷон, шарикон ва кормандон равона шудааст, ки бар адолат, эътимоди мутақобила, эҳтиром ва ҳамкорӣ асос меёбанд.
Дар доираи идоракунии хавфҳои амалиётӣ барои Бонк сари вақт гирифтани маълумот дар бораи ҳодисаҳои эҳтимолӣ ё аллакай маълумшудаи хавфҳои амалиётӣ, ки дорои нишонаҳои коррупсия ва қаллобӣ мебошанд, аз ҷониби мизоҷон, шарикон ва инчунин кормандони Бонк тавассути ҳамаи каналҳои дастраси иртиботӣ муҳим мебошад.
Бонк пешниҳоди маълумот дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ ё аллакай маълумшуда, инчунин ҳар гуна амал ё беамалиро, ки метавонад боиси вайрон гардидани талабот гардад ё аллакай боиси чунин вайронкуниҳо шудааст, дастгирӣ менамояд ва махфият ва беномии маълумоти пешниҳодшударо таъмин мекунад.
ҶСП Бонки «Арванд» пайваста фаъолияти худро такмил дода, меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи байналмилалӣ, талаботи одоби касбӣ, стандартҳои баланди идоракунии корпоративӣ ва таҷрибаи пешқадамро риоя намуда, фаъолияти одилона, ошкоро ва шаффофро пеш мебарад.
Дар такмили фаъолияти Бонк фарҳанги корпоративӣ нақши муҳим дорад. Яке аз унсурҳои муҳими он муносибати оштинопазир ба коррупсия ва қаллобӣ дар ҳама гуна шаклҳои зуҳури он мебошад.
Бо роҳбарӣ аз принсипи «таҳаммулнопазирии сифрӣ» нисбат ба коррупсия ва қаллобӣ, дар Бонк Тартиби муқовимат ба коррупсия ва Кодекси рафтори кормандон таҳия ва амал мекунанд, ки муносибати ягона ба ташкили фаъолияти пешгирикунанда ва мубориза бар зидди коррупсия ва қаллобиро таъмин менамоянд.
Содиқова Ш.М.
Раиси ҶСП Бонки «Арванд»