Хизматрасониҳо

Усулҳои истифодаи хидматҳои бонкӣ бидуни боздид аз Бонк Арванд

ТАРЗИ ТЕРМИНАЛХОИ ПАРДОХТ

Платежный терминал

Погашение кредита

Пополнение вклада

Пополнение электронного кошелька

ТАВСИЛИ БОНКИ МОБИЛӢ

Погашение кредита

Пополнение вклада

Отправка денежного перевода

Госуслуги Оплата услуг

Пардохти қулай барои хидматҳо 24/7

  • Пардохти маблағи операторони мобилии маҳаллӣ ва байналмилалӣ;
  • Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ;
  • Пардохти хизматрасонии телевизиони ноқилӣ ва радио;
  • Пардохти хизматрасониҳои провайдерҳои интернет, NGN ва ғайра;
  • Пардохти хизматрасониҳои давлатӣ

Барои зуд ва осон гардонидани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ шумо метавонед аз инфрасохтори молиявии SMARTPAY дар замимаи "Арванд" истифода баред. Дар замимаи "Арванд" зиёда аз 3000 намуд хизматрасониҳои давлатӣ ба шумо дастрас буда, Бонки "Арванд" барои рушди имкониятҳои шумо саю кӯшиш менамояд!

Замимаи "Арванд" дар сомонаи "Хамёни мобилии Арванд" дастрас аст.

БОНКИ МОБИЛӢ/ҲАМЁЛҲОИ ЭЛЕКТРОНИРО МЕТАВОНЕД ИН ҶО зеркашӣ кунед:

Инструкция по установке

БОНКДОРИИ АГЕНТӢ

  • Пардохти қарз
  • Пур кардани амонат
  • Пур кардани ҳамён
  • Гирифтани маблағ аз ҳамён
  • Хароҷот аз ҳисоби амонатӣ
  • Хароҷот аз ҳисоби интиқол-онлайн
  • Пардохти фоизи амонат

 

Оферта барои хизматрасонии фосилавӣ

ШАРТНОМА БАРОИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ БОНКИНГИ ФОСИЛАВӢ

(ИНТЕРНЕТ БОНКИНГ/БОНКИНГИ МОБИЛӢ/ЗАМИМАИ МОБИЛӢ) ХИЗМАТРАСОНИИ КОРТИ БАРОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ -

ОФЕРТАИ ОММАВӢ

Асосӣ/Хизматрасониҳо

Шартномаи мазкур, ки аз ҷониби ҶСП Бонки "Арванд" (минбаъд - Бонк ) дар шабакаи Интернет, дар сомонаи расмии Бонк дар суроғаи: https://www.arvand.tj нашр шудааст, оферта-пешниҳоди оммавии Бонк оиди бастани Шартнома дар бораи пайвасткунии бонкинги фосилавӣ (Интернет-бонкинг/ Бонкинги мобилӣ/Замимаи мобилӣ) - Пешниҳоди оммавӣ (минбаъд дар матн - Шартнома) бо шахси воқеие, ки Шартномаҳои суратҳисоби бонкӣ/амонатӣ/қарзӣ/овердрафт барои шахсони воқеӣ (бо асъори миллӣ ва хориҷӣ) бастааст - (минбаъд  дар матн - Мизоҷ номида мешавад).

Шартномаи мазкур формуляри қолабӣ (оферта)-и Бонк буда, аз тарафи Мизоҷ метавонад танҳо бо роҳи ҳамроҳшавӣ ба Шартномаи мазкур  дар маҷмӯъ ва бо тартиби Шартномаи мазкур ва Қоидаҳои истифодаи хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ дар бонкдории мобилӣ дар ҶСП Бонки “Арванд” муқаррар намуда, қабул карда шавад. (Замимаи № 1).

Бонк ҳуқуқ дорад, ки бо салоҳдиди худ шартҳои офертаи оммавиро тағйир диҳад ё бозхонд кунад. Дар сурати шартҳои офертаро тағйир додани Бонк, тағйирот пас аз лаҳзаи дар шабакаи Интернет дар суроғаи www.arvand.tj ҷойгир намудани шартҳои тағйирдодашуда  эътибор пайдо мекунанд ё ҳар як воридшавии минбаъдаи Мизоҷ ба Система ва истифодаи система, аксепт (қабул)-и тағйирот ва/ё иловаҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.

Аз лаҳзаи аксепт (қабул) шудани офертаи оммавии Бонк аз ҷониби Мизоҷ, Шартнома байни Бонк ва Мизоҷ басташуда ҳисобида мешавад.

Аз тарафи Мизоҷ ба Бонк пешниҳод шудани аризаи ба таври лозимӣ пуркарда ва имзошуда барои пайваст кардани системаи "Интернет-Бонкинг/Бонкинги мобилӣ" аз рӯи шакли Бонк, далели аксепти офертаи оммавӣ, яъне розигии Мизоҷ барои бастани Шартнома мебошад.

Мизоҷ, тибқи дархост ба Бонк барои мушаххаскунии худ шиноснома (аслӣ) ва дигар маълумотҳои заруриро бо таври хаттӣ пешниҳод менамояд.

Офертаи оммавии мазкур бо қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии дохилии Бонк танзим карда мешавад.

Бонк соҳиби Иҷозатномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи истифодаи имзои электронии рақамӣ дар низоми ҳуҷҷатгузории дохилибонкӣ ва ҳамчунин анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ бо Мизоҷон аст. Иҷозатномаи силсилаи А №000027 аз 10.11.2023 сол.

Бонк соҳиби Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 (бе мӯҳлат ва рақам) барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ мебошад. 

1.       ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲОЕ, КИ ДАР ШАРТНОМА ИСТИФОДА  ШУДААНД

Аутентификатсия - ин муқарраркунии шахсият, тартиби санҷидани аслият ва ба Мизоҷ тааллуқ доштани номи корбарии аз тарафи ӯ воридгардида (калиди ИЭ ва рамзи истифодашуда) (ПИН-рамз, рамзи ҳосилшуда, логин ва ғайра) мебошад.

Бонкинги фосилавӣ - ин Хизматрасонии фосилавии бонкӣ (минбаъд - ХФБ) барои аз тарафи Мизоҷ  бо истифодаи воситаҳои барномавӣ, техникӣ ва системаҳои телекоммуникатсионӣ, ки ҳамкории Бонк ва Мизоҷро тавассути системаи ХФБ таъмин мекунад, идоракунии фосилавии суратҳисоб/суратҳисобҳои худ, ки дар Бонк тибқи Шартномаи суратҳисоби бонкӣ / амонатӣ / қарзӣ/овердрафт барои шахсони воқеӣ кушода шудааст/кушода шудаанд (бо асъори миллӣ ва хориҷӣ), (минбаъд  дар матн -  Шартномаи суратҳисоби бонкӣ), инчунин Низоми пардохтӣ, Ҳамёни электронӣ бо истифодаи воситаҳои барномавӣ, техникӣ ва системаҳои телекоммуникатсионӣ, ки ҳамкории Бонкро бо Мизоҷ тавассути Системаи ХФБ таъмин менамояд;

Системаи ХФБ тибқи Шартномаи мазкур дар бар мегирад:

- Системаи Интернет-бонкинг (минбаъд дар матн - "ИБ") - ин воситаи фосилавии хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки бо ёрии он Мизоҷ метавонад бе супориши хаттӣ, воситаҳои пулии дар суратҳисобҳои худаш мавҷудбударо идора карда, бо бақия ва гардиши суратҳисобҳои худ шинос шавад ва ҳамчунин аз дигар хизматрасониҳои пешниҳод кардаи Бонк истифода барад.

- Системаи Бонкинги мобилӣ (минбаъд дар матн - БМ) воситаи фосилавии хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки бо ёрии он Мизоҷ бе супориши хаттӣ, воситҳои пулии дар суратҳисобҳои худаш мавҷудбударо идора карда, бо бақия ва гардиши суратҳисобҳои худ шинос шавад ва ҳамчунин аз дигар хизматрасониҳои пешниҳод кардаи Бонк истифода барад.

- Барномаи (приложение) мобилӣ - таъминоти барномавӣ барои дастгоҳи мобилӣ (смартфон, планшет) дар платформа (системаи амалиётии Android ва iOS) мебошад, ки барои ба Мизоҷон таъмин намудани имкони анҷом додани амалиётҳои идоракунии суратҳисобҳои дар Бонк кушодаи онҳоро ба воситаи дастгоҳҳои мобилӣ тавассути шабакаи Интернет пешбинӣ шудааст.

Ҳуҷҷати пардохтҳои электронӣ (минбаъд дар матн - ҲПЭ) супориши фосилавии Мизоҷ барои анҷом додани амалиёт аз рӯи суратҳисоби дар Бонк кушодашуда, ки ба Бонк дар шакли электронӣ ирсол шуда, бо маълумоти дахлдори мушаххассозӣ тартиб дода ва тасдиқ шудааст.

Шартнома – шартномаи мазкур ва агар тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, яке аз намудҳои зерини шартномаҳо мебошад:

- Шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандозӣ)/ Шартномаи суратҳисоби амонатӣ бо корти пардохтӣ – шартномаи байни Бонк ва Мизоҷ оид ба кушодан, нигоҳдорӣ ва бастани суратҳисоби бонкии  басташудае, ки ба сифати қисмҳои ҷудонашавандаи он Дархост, Тарофаҳо ва Шартҳои умумии кушодан, пешбурд ва бастани суратҳисобҳои шахсони воқеӣ, инчунин тартиби барориши Корт ва хизматрасонии Кортро дар бар мегирад.

- Шартномаи суратҳисоби амонатӣ (амонати мӯҳлатноки бонкӣ) – шартномаи байни Бонк ва Мизоҷ оид ба кушодан, хизматрасонӣ ва бастани пасандозҳои бонкии басташудае, ки ба сифати қисмҳои ҷудонашавандаи он Дархост, Тарофаҳо ва Шартҳои умумии кушодан, хизматрасонӣ ва бастани пасандозҳои бонкиро дар бар мегирад.

- Шартномаи қарзӣ – шартномаи байни Бонк ва Мизоҷ басташуда дар бораи пешниҳоди Қарз, ки ба сифати қисмҳои таркибии ҷудонопазир Дархост, Тарофаҳо ва шартҳои дахлдори қарздиҳиро ба шахсони воқеӣ (дар доираи маҳсулоти бонкӣ) дар бар мегирад.

- Шартнома оид ба пешниҳоди овердрафт – шартномаи байни Бонк ва Мизоҷ басташуда дар бораи пешниҳоди маблағҳои пулӣ барои муваққатан истифодабарӣ, ки ба таври фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.

Корти пардохти бонкӣ– воситаи пардохтие мебошад, ки тавассути он дорандаи корт бо истифодаи рақами мушаххаскунандаи шахсии худ ва/ё дигар рамзҳое, ки дорандаи корти пардохтии бонкиро муайян менамояд, барои гузаронидани амалиёти аз ҷониби ношир пешбинишуда, ба суратҳисоби бонкӣ дастрасии фосилавӣ дорад;

Рақами телефон – рақами телефони мобилӣ, ки оператори мобилӣ ба Мизоҷ пешниҳод намудааст, ва он аз ҷониби Мизоҷ ба Бонк ҳамчун рақами асосии тамос барои ҳамкории иттилоотиву молиявӣ бо Бонк дар доираи Хизматрасонии фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.

Имзои электронии оддӣ (минбаъд – ИЭО) – маълумот дар шакли электронӣ, ки ба маълумоти дигар дар шакли электронӣ ҳамроҳ карда шудааст (маълумоти имзошаванда) ё ба таври дигар бо чунин маълумот алоқаманд аст, ки барои муайян кардани шахси маълумотро имзокунанда истифода мешавад ва аз логин ва рамз иборат  мебошад.  Барои сабтиномкунӣ ва аутентификатсияи истифодабаранда дар Интернет ё сервисҳои гуногуни автоматишуда, аз ҷумла дар замимаҳои Бонк, ки барои ҳифзи маълумоти имзошаванда пешбинӣ шудаанд, истифода мешавад. ИОЭ муаллифии ҲЭ (ҳуҷҷати электронӣ)-и дар системаи ХФБ сохташударо тасдиқ мекунад ва воситаи тафтиши тағйирнопазирии мундариҷаи он мебошад.

Ҳуҷҷати электронӣ (минбаъд – ҲЭ) – ҳуҷҷати дар шакли электронӣ пешниҳодгардида, ки бо ИЭ (имзои электронӣ) имзо шудааст, ва бо истифода аз таъминоти барномавии Низоми ХФБ мутобиқи тамоми талаботҳои амнияти иттилоотӣ тартиб ва ирсол додашаванда.

Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (минбаъд - ГҲЭ) –мувофиқи Шартномаи мазкур байни Бонк ва Мизоҷ табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ.

Бонк – Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи Бонки «Арванд» (ҶСП Бонки «Арванд»), суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 1А.

2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2.1. Бо мақсади ба таври фосилавӣ амалиёти бонкиро анҷом додани Мизоҷ, Бонк бо иқдоми Мизоҷ, бо истифодаи каналҳои дастраси шабакаи Интернет ва бо истифодаи дастгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла телефони мобилӣ, ба Мизоҷ ба системаи ХФБ дастрасӣ медиҳад. Бо аксепти офертаи мазкур, Мизоҷ мувофиқи моддаҳои 502-512 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки бо шартҳои офертаи мазкур шинос шудааст, барои вай фаҳмост ва розигӣ, омодагӣ ва хоҳиши худро барои истифодаи системаи ХФБ тасдиқ мекунад.

2.2. Дастрасӣ ба шабакаи Интернет, дигар воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавӣ, ки барои дастрасӣ ба сомонаи www.arvand.tj  заруранд, мавзӯи Шартномаи мазкур нестанд ва аз ҷониби Мизоҷ мустақилона ва аз ҳисоби худи ӯ таъмин карда мешавад.

2.3. Бо истифодаи системаи ХФБ Мизоҷ иқдом мекунад ва Бонк мувофиқи шартҳои Шартномаи мазкур, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии дохилии Бонк ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳои бонкиро иҷро мекунад.

2.4. Иқдом намудани ҳама гуна амалиёт аз ҷониби Мизоҷ бо истифодаи Системаи ХФБ далели кофии он аст, ки Мизоҷ бо таҳрири дар лаҳзаи дахлдор амалкунандаи Шартномаи мазкур шинос шудааст.

2.5. Имконияти иҷрои амалиёт дар системаи ХФБ  аз ҷониби Бонк ба Мизоҷе, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ мебошад, дода мешавад:

2.5.1. Байни Бонк ва Мизоҷ Шартномаи мазкур баста шудааст;

2.5.2. Мизоҷ дар система сабтином ва мушаххас шудааст;

2.5.3. Мизоҷ соҳиби суратҳисоби дар Бонк кушодашуда мебошад.

2.5.4. Аксепти Мизоҷ дар бораи ҳамроҳшавӣ ба Қоидаҳои истифодаи ХФБ (Замимаи №1).

2.6. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки маълумоти мушаххаскунанда  барои дастрасӣ ба Системаи ХФБ аналоги имзои рақамии электронии Мизоҷ мебошанд, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ҶТ) ба танзим дароварда мешавад.

2.7. Тарафҳои Шартномаи мазкур инчунин эътироф мекунанд, ки маълумотҳои мушаххаскунанда барои дастрасӣ ба Системаи ХФБ ҳамчун имзои шахсан гузоштаи Мизоҷ дониста мешаванд.

2.8. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки ҲПЭ Мизоҷ оид ба анҷом додани амалиёт тавассути Системаи ХФБ ба супоришҳое, ки аз ҷониби Мизоҷ дар ҳомили (шакли) коғазӣ гирифташуда ва мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда баробар дониста мешавад.

2.9. Супоришоти Мизоҷ оид ба анҷом додани амалиёт дар Системаи ХФБ ба таври электронӣ дар шакли ҲПЭ, ки бо маълумоти мушаххаскунандаи Мизоҷ тасдиқ шудааст, ирсол мешавад.

2.10. ҲПЭ-ро Бонк дар соатҳои корӣ ва рӯзҳои муқарраркардаи Бонк анҷом медиҳад. Иҷрои ҲПЭ, ки пас аз вақти муқарраршуда ворид шудааст, рӯзи дигари корӣ гузаронида мешавад.

3. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ХИДМАТРАСОНӢ БА МИЗОҶ

3.1. Дар доираи системаи пешниҳодшуда, Бонк ба Мизоҷ хизматрасониҳои зеринро пешниҳод мекунад:

3.1.1. аз назар гузаронидани вазъи суратҳисоб дар Низоми пардохтии вақти воқеӣ ба сана ё давраи мушаххас;

3.1.2. гирифтани маълумот дар бораи гардиши маблағҳои суратҳисоб;

3.1.3. омода кардани супоришномаи пардохтӣ, аз назар гузаронидан ва таҳрир намудани онҳо то фиристодан ба Бонк;

3.1.4. пешбурди феҳристи шахсии гирандагон (қолаби ҳуҷҷатҳо);

3.1.5. бастани шартномаҳо;

3.1.6. гирифтани маълумот дар бораи шартномаҳои басташуда ва амалиётҳо аз рӯи суратҳисобҳои Мизоҷ;

3.1.7. гирифтани маълумот оиди қурби асъор, ки Бонк муқаррар кардааст ва гузаронидани амалиётҳои мубодилаи асъор;

3.1.8. шиносоӣ бо суроғаҳои воҳидҳои сохтории (филиал, МХБ) Бонк, ҷойи ҷойгишавии банкоматҳо ва дигар таҳҷизоти бонкии Бонк;

3.1.9. кушодани суратҳисобҳои амонатӣ (мӯҳлатнок, пасандозӣ);

3.1.10. интиқоли пул;

3.1.11. дигар хизматрасониҳои аз ҷониби Бонк тавассути Системаи ХФБ пешниҳодшаванда;

3.1.12. додани қарз (дар асоси скоринг ва таърихи қарзӣ);

3.1.13. бозпардохти қарз, пардохти фоизҳо, комиссия аз рӯи қарзҳо ва ҷаримаҳои эҳтимолӣ;

3.1.14. пешниҳоди овердрафт;

3.1.15. бозпардохти овердрафт, пардохти фоизҳо ва ҳаққи хизматрасониҳо аз рӯи овердрафти пешниҳодшуда ва ҷаримаҳои эҳтимолӣ он.   

3.1.16. пешниҳоди корти  пардохтии Бонк - Бонк ба Мизоҷ - дорандаи корт имконияти ба сифати воситаи пардохт истифода кардани кортро ҷиҳати татбики ҳамаи намуди амалиёти бонкӣ бо кортро, ки аз тарафи Бонк расонида мешаванд, дар тамоми ҳудуди амали низомҳои пардохтӣ, ки ба он корт тааллуқ дорад, ғайр аз фаъолияти ба соҳибкорӣ алокамандбуда, медиҳад;

3.1.17. истифодаи суратҳисоб ва корт аз тарафи Мизоҷ - дорандаи корт, ташкили ҳисоббаробаркуниҳо бо онҳо, тавассути қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамалу низомномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои истифодабарии кортҳои бонкӣ  (минбаъд-Қоида Замимаи №2) ва суратҳисоб дигар ҳуҷҷатҳои меъёри-ҳуқуқии дохилибонкӣ ва Шартномаи мазкур ба танзим дароварда мешавад.

3.2. Номгӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда метавонад васеъ карда шавад. Мизоҷ маълумотро дар бораи амалиётҳое, ки тавассути системаи ХФБ пешниҳод карда мешавад, дар сомонаи www.arvand.tj ё дар воҳидҳои сохтории (филиал, МХБ) Бонк ба даст оварда метавонад.

3.3. Мизоҷ ҳаққи хизматрасониҳои пешниҳодшударо мувофиқи тарофаҳои Бонк, ки дар вақти анҷом додани амалиёт дар толорҳои амалиётӣ ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj  ҷойгир карда шудаанд, пардохт менамояд.

3.4. Пардохти хизматрасониҳои Бонк аз рӯи Шартномаи мазкур бо пули миллии сомонӣ, бо роҳи соқиткунии беаксептии воситаҳои пулӣ аз дилхоҳ суратҳисоб/суратҳисобҳои Мизоҷ амалӣ карда мешавад. Бонк ҳуқуқ дорад, ки барои пардохти хизматрасонӣ оид ба гузаронидани амалиёт, воситаҳои пулии дар дилхоҳ суратҳисобҳои Мизоҷ бударо бо мубодила намудани онҳо ба қурби асъори дахлдор, ки Бонк мехарад, истифода барад.

3.5. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки ҳангоми истифодаи ҲЭ, ки бо ИЭО имзо шудаасту ва онҳо дар системаи Интернет-бонкинг ва ХФБ мубодила мекунанд, ҳамчун ҳуҷҷатҳои дорои эътибори ҳуқуқии баробар бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ буда, ҳамаи оқибатҳои ҳуқуқии пешбинишударо мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба вуҷуд меоварад.

 

3.6. Аутентификатсия ва тасдиқи ҳуқуқҳои Мизоҷ ба дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дурдаст/фосилавӣ бо истифода аз ПИН рамз/ рамзи ҳосилшуда, логин, рамз, меъёрҳо сурат мегирад.

3.7. Бонк махфияти маълумоти ирсолшуда ва қабулшавандаро тавассути ҳифзи иттилоотии ҳимояи шабакаи дохилибонкӣ ва шабакаҳои амалиётии Бонк ва ҳифзи иловагии вобаста ба тадбирҳои бехатарии техникӣ, ки сатҳои зерини ҳимояро дар бар мегирад, кафолат медиҳад:

- ҳимояи гузарвожа барои дастрасӣ ба барнома;

- муҳофизати гузарвожаии Низоми пардохтии интиқоли маълумот;

- рамзикунонии иттилооти ирсолшуда ва қабулшаванда;

- имзои электронии рақамӣ (ИЭР танҳо дар сурати иҷозатномаи рақамии аз ҷониби Бонк додшударо истифода бурдани Мизоҷ дастрас мебошад);

- дастрасӣ ба Системаҳои ХФБ бо ёрии гузарвожа ва логин амалӣ карда мешавад;

- ҳама пайвастшавиҳо ба шабакаҳои беруна бо ёрии экранҳои байнишабакавӣ ҳимоя шудаанд;

- таъмини ҳифзи криптографии иттилоот (ҳифзи криптографии иттилоот бо истифодаи технологияи рамзгузорӣ амалӣ карда мешавад);

- гузарвожаи яккарата ба рақами телефоне, ки дар дархости Мизоҷ сабт шудааст, тариқи ирсоли СМС-паём.

3.8. Ҳисоббаробаркунӣ дар шакли ғайринақдӣ барои Мизоҷ дар лаҳзаи гирифтани тасдиқи Бонк оид ба қабули ҳуҷҷати пардохтӣ барои иҷроиш бебозхонд ҳисобида шуда ва ҳангоми аз суратҳисобҳо/суратҳисоби кортии Мизоҷ соқит намудани маблағ – иҷрошуда ҳисобида мешавад.

3.9. Дар сурати ба вуҷуд омадани дилхоҳ баҳсҳо, маълумоте, ки дар серверҳои Бонк сабт шудаанд, ҳамчун далелҳои транзаксияҳои гузаронидашуда ба ҳисоб меравад.

3.10. Доир ба масъалаҳое, ки дар Шартнома танзим нашудаанд, Тарафҳо шартҳои умумии Бонк, инчунин шартномаҳои басташудаи байни Мизоҷ ва Бонкро дар бораи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва кортӣ/ гирифтани қарз/пешниҳоди овердрафт мавриди дастури амал қарор медиҳанд.

3.11. Бонк дастрасиро ба Системаи ХФБ дар ҳолатҳои зерин бозмедорад/қатъ мекунад:

3.11.1. бастани суратҳисоб/суратҳисобҳои ба хизматрасонӣ тавассути системаи "Интернет-бонкинг / Бонкинги мобилӣ" пайвастшуда;

3.11.2. 3 (се) маротиба кӯшиши бемуваффақияти ворид намудани маълумоти мушаххаскунанда (номи истифодабаранда, гузарвожа, ПИН рамз);

3.11.3. фаъолияти шубҳаноки Мизоҷ;

3.11.4. пардохт накардани ҳаққи хидматрасониҳои Бонк;

3.11.5. пайдо шудани носозиҳои техникӣ ҳангоми кор бо Системаи ХФБ;

3.11.6. иваз намудани таъминоти барномавӣ ва гузаронидани корҳои профилактикӣ;

3.11.7. пайдо шудани ҳолатҳои баҳсӣ вобаста бо истифодаи Шартномаи мазкур;

3.11.8. дар сурати бо дархости Бонк дар давоми 3 (се) рӯз пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти ӯ ва амалиётҳои бонкие, ки вай мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардаро танзим менамояд.

3.11.9. дар ҳолатҳои дигаре, ки бо шартномаи мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

3.12. Бонк дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи боздоштан ва гирифтани кортҳои пардохтии бонкиро дорад:

-  қабули дархост (ариза) аз Дорандаи корт дар бораи гум кардан, дуздида шудан ё истифодаи беиҷозати корт аз ҷониби шахсони сеюм;

 - аз ҷониби Дорандаи корт иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Шартномаи мазкур ва ё Қоидаҳои истифодабарии корт, Тарофаҳои амалкунанда дарҷ гардидаанд;

 -  риоя накардани Қоидаҳои истифодабарии корт;

 - ба охир расидани мӯҳлати амали корт;

 - бекор кардани Шартномаи мазкур.

3.13. Дар давоми бартараф намудани мушкилоти техникӣ, Мизоҷ бояд амалиёти бонкиро тавассути ба Бонк ҳуҷҷати пардохтии дар шакли коғазӣ ба расмиятдароварда ва аз тарафи Мизоҷ имзошударо пешниҳод намуда, анҷом диҳад. Тартиби пешниҳод/қабули арзу шикоятҳои Мизоҷ, шартҳои баррасӣ ва қарорҳои онҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

3.13. Телефон барои хизматрасонӣ ба мизоҷон: 52-52.

4. МУШАХХАСКУНӢ

4.1. Мушаххаскунии Мизоҷ ва анҷом додани амалиёт, ҳангоми истифодаи системаҳои ХФБ бо истифода аз логин, гузарвожа ва ПИН рамз, ки Бонк пешниҳод кардааст (минбаъд дар матн - гузарвожа), сурат мегирад.

4.2. Истифодаи гузарвожаҳо аз ҷониби Мизоҷ (имзои электронии оддӣ) ҳангоми анҷом додани амалиётҳо бо системаҳои ХФБ ба имзои Мизоҷ баробар дониста мешавад.

4.3. Мизоҷ розӣ мешавад, ки ҳамаи амалиётҳои бо истифодаи гузарвожаҳои худ анҷом дода мешаванд ва дар робита ба Бонк мувофиқ амал мекунад. Мизоҷи шахси воқеӣ буда бояд гузарвожаро шахсан истифода барад. Барои таъмини бехатарии амалиётҳо, Мизоҷ бо тартиб ва муҳлати муқарраркардаи Бонк гузарвожаҳоро мунтазам иваз мекунад.

4.4. Агар гузарвожаҳо гум ё дуздида шуда бошанд ё ба шахсони сеюм, ки ба истифодаи онҳо ваколат надоранд, маълум шаванд ё метавонанд маълум шаванд, Мизоҷ вазифадор аст, ки фавран тавассути телефони хадамоти дастгирии мизоҷон 52-52 ё бевосита ба идораи Бонк хабар диҳад.

4.5. Бонк аз Мизоҷ дар бораи гум кардан ё дуздии гузарвожаҳои дастрасӣ огоҳинома гирифта, то тағйир додани гузарвожаҳо ё то ба Бонк фармоиши хаттӣ оид ба бекор кардани блокгузории гузарвожаҳои дастрасӣ ба системаи Интернет-бонкингро фиристодани Мизоҷ, дастрасиро ба системаи "Интернет-бонкинг/ Бонкинги мобилӣ" қатъ мекунад.

5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

5.1. Бонк уҳдадор аст:

5.1.1. Ба Мизоҷ дастрасиро ба Системаи ХФБ тавассути шабакаи Интернет ё абзори мобилӣ таъмин намояд. Ҳамзамон Бонк ӯҳдадор нест, ки ба Мизоҷ алоқаи интернетӣ (траффик)/дастгоҳӣ мобилӣ пешниҳод намояд, онҳоро Мизоҷ мустақилона аз ҳисоби худ таъмин менамояд.

5.1.2. Амалиётҳое, ки Мизоҷ  бо истифодаи Системаи ХФБ иқдом кардааст, мутобиқи шартҳои Шартномаи мазкур анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар Шартномаи мазкур пешбинишуда.

5.1.3. Дар доираи имкониятҳои худ махфияти маълумот дар бораи Мизоҷ ва амалиётҳои дар Системаи ХФБ анҷом дода ва/ё иқдомнамудаи ӯро  таъмин намояд.

5.1.4. Дигар уҳдадориҳои Бонк, ки дар Шартномаи мазкур нишон дода шудаанд, нисбати амалиётҳои бонкии аз ҷониби Мизоҷ дар Системаи ХФБ иҷрошударо анҷом диҳад.

5.1.5. Баъд аз мушаххаскунии Мизоҷ дар Ҳамён дарҷ гардидани суратҳисобҳо ва имконияти гузаронидани ҳама гуна амалиётҳоро таъмин намояд. Баъд аз бақайдгирии Мизоҷ ба Низоми пардохти ба ӯ дастрасиро ба web-сомонаи Бонк, ки тавассути он хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ амалӣ мешаванд, таъмин намояд.

5.1.6. Мизоҷро дар бораи корҳои техникии гузаронидашудаистода ва банақша гирифташуда, бо воситаи ҷойгир намудани маълумот дар саҳифаҳои web-сомона ё тариқи Смс-паёмак, хабардор намояд.

5.1.7. Дар ҳолати аз тарафи Мизоҷ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба талаботҳои Шартномаи мазкур ва инчунин талаботҳои конунгузории амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва санадҳои дохилӣ мухолифат менамоянд, амалиётҳои Мизоҷро иҷро накунад. 

5.1.8. Ҳуҷҷатҳои дастрасшудаи гузаронидашуда ва инкоршудаи пардохтии электрониро қайд намояд.

5.1.9. Кушодан ё бастани суратҳисоб/суратҳисобҳо ба Мизоҷ тавассути дархости электронӣ дар Системаи ХФБ “БМ”.

5.1.10. Бонк барои Мизоч суратхисоби кортиро дар мухлати на дертар аз 3 (се) рузи амалиётӣ аз рӯзи аз ҷониби Мизоҷ пешниҳод шудани дархост, мекушояд.

5.1.11. Ҳангоми гум кардани корт (зарари механикӣ расидан, шикастани корт ва ё ба охир расидани мӯҳлати амали он) дар асоси аризаи хаттӣ/электронӣ Дорандаи корт ба ӯ корти нав (дигар)-ро тибқи Тарофаи амалкунандаи Бонк пешниҳод намояд.

5.1.12. Ҳангоми муроҷиати хаттӣ/электронӣ Дорандаи корт оиди гум шудан ё дуздида шудани корт, амалиётҳоро бо воситаи корт, қать намояд.

5.1.13. Кортро якҷоя бо Қоидаҳо, меъёрҳо ва талаботҳои асосии бехатарии истифодабарии корт ва Тарофаҳои амалкунанда, инчунин рақами мушаххаскунандаи шахсӣ ва ё дигар рамзҳое, ки метавонанд Дорандаи кортро мушаххас намоянд дар ҳомили қоғазӣ ё дар намуди электронӣ пешниҳод ва шинос намояд.

5.2. Мизоҷ уҳдадор аст:

5.2.1. Худро бо воситаи барномавиву техникие, ки имконияти дастрасиро ба Интернет фароҳам меорад, таъмин намояд;

5.2.2. Ба Бонк тибқи дархост барои мушаххаскунии худ шиноснома (аслӣ) ва маълумотҳои заруриро, бо таври хаттӣ пешниҳод намояд.

5.2.3. Мизоҷ вазифадор аст, ки дастурҳои Қоидаҳои истифодаи ХФБ -ро риоя кунад (Замимаи №1). Агар Мизоҷ талаботро иҷро нанамояд ва дастурамалҳои пешниҳоднамудаи Бонкро риоя накунад, Бонк барои иҷро накардани супориши Мизоҷ ҳуқуқ дорад.

5.2.4. Баъд аз ирсоли ҲПЭ далели аз ҷониби Бонк гирифтан ва иҷро шудани ҲПЭ-ҳои ирсолшударо санҷад. Дар сурати тасдиқ нашудани далели қабул ва/ё иҷро - барои муайян кардани сабаби ҲПЭ-и мазкурро қабул ва/ё иҷро накардани Бонк, бо дархост ба Бонк муроҷиат намояд.

5.2.5. Ҳангоми мубодилаи ҲПЭ системаҳои коркарди иттилоот, ҳифз ва ҳимояро танҳо дар компютери дар ҳолати хуб қарор дошта ва ҷиҳати мавҷуд набудани вирусҳои компютерӣ/телефони мобилӣ санҷидашуд, мавриди истифода қарор диҳад.

5.2.6. Ҳангоми истифодаи маълумоти мушаххаскунанда (номи истифодабаранда, гузарвожа, ПИН рамз) махфиятро нигоҳ дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсони сеюм надиҳад.

5.2.7. Фавран ба Бонк дар бораи ошкор кардани дастрасии беиҷозат ё кӯшиши дастрасии беиҷозат, инчунин дар бораи ҳодисаҳои гум кардан, дуздии маълумоти мушаххаскунандаи шахсияти Мизоҷ, иваз / гум кардани рақами телефон хабар диҳад.

5.2.8. Хизматрасониҳое, ки Бонк пешниҳод мекунад, ба мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода набарад, аз ҷумла амалҳое, ки ба муқовимат ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ равона шудааст, анҷом диҳад;

5.2.9. Бо дархости Бонк, дар мӯҳлати 3 (се) рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои қонунӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсаднок будани амалиёт/амалиётҳоро мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи ҶТ тасдиқкунанда, пешниҳод намояд.

5.2.10. Барои амалиётҳои анҷомшуда дар Низоми пардохтӣ ва Ҳамён мувофиқи Тарофаҳои амалкунандаи Бонк, ҳаққи комиссионӣ (арзиши хизматрасонӣ)-ро пардохт намояд. Ҳаққи комиссионӣ аз маблағҳои дар Ҳамён ё суратҳисобҳо мавҷуд буда, ҳангоми гузаронидани амалиёт, ситонида мешавад.

5.2.11. Бақияи суратҳисобҳои худро назорат намояд.

5.2.12. Истифодабарии Низоми пардохтӣ ва Ҳамёнро мувофиқи Қоидахо ва Дастурамалҳои дахлдор амалӣ созад.

5.2.13. Талаботҳоро оиди ба надодани дастрасии шахсони дигарро (сеюмро) ба суратҳисобҳои (кортҳои бонкӣ ва ҳамёни мобилӣ) худ, қатъиян риоя кунад.

5.2.14. Ҳаҷми ҳаққи комиссионӣ (арзиши хизматрасонӣ) барои хизматрасониҳои Низоми пардохтӣ ва Ҳамён тибқи Тарофаҳои Бонк, ба Бонк, агенти бонкӣ бо тартиби ҳатмӣ пардохт намояд.

5.2.15. Дорандаи корт ҳаққи хизматрасонии корт ва маблағи пасандози суғуртавиро пардохт мекунад (пардохти маблағи пасандози суғуртавӣ вобаста ба намудҳои алоҳидаи корт сурат мегирад). Баъд аз кушода шудани суратҳисоб ва тайёр шудани корт ба Доранда корт пешниҳод карда мешавад. Маблағҳои пардохтшаванда ба суратҳисоби Дорандаи корт, ки дар Бонк кушода мешавад, дар шакли нақдӣ ва ё ғайринакдӣ гузаронида мешаванд ва дар зери мафҳуми санаи гузаронида шудани маблағҳои зикршуда, санаи ба ин суратҳисоб дар ҳаҷми пурра гузаронида шудани маблағро фаҳмида мешавад.

5.2.16. Дар сурати мавҷуд будани қарздорӣ аз рӯи қарз (ҷарима/фоизҳо/қарзи асосӣ) мувофиқи ҷадвали бозпардохт ва овердрафт (маблағи асосӣ, фоиз, ҷарима), саривақт пардохт намоянд.

5.2.17. Бонкро фавран оид ба ҳама гуна тағйироти мушаххасоти дар Ариза зикршуда ба таври хаттӣ дар мӯҳлати 3 (Се) рӯз аз лаҳзаи ба вуҷуд омадани тағйирот, хабардор намояд.

5.2.18. Ӯҳдадорӣ ва Қоидаҳои тибқи шартномаи мазкур ва замимаҳои он муайяншударо қатъиян риоя кунад, инчунин риоя ва иҷроиши онро аз соҳибони кортҳои иловагӣ (лоиҳаи музди меҳнат) талаб намояд.

5.2.19. Бо меъёрҳо ва талаботҳои асосии бехатарии истифодабарии корт, ки дар Қоидаҳо ва Тарофаҳои амалкунанда муқаррар шудааст, шинос шавад, риоя кунад ва ҳифзи рақами мушаххаскунандаи шахсиро таъмин намояд.

5.2.20. Ҳангоми гум кардан, дуздида шудани корт ё аз ҷониби шахси беваколат мавриди истифода қарор гирифтани корт, фавран Бонкро оиди боздоштани амалиётҳо бо воситаи корт ба тариқи телефон, почтаи электронӣ бо шарҳи маълумотҳои шиносномавӣ ё шахсан хабардор намояд ва оиди қатъ намудани амалиёт аз рӯи кортро дархост намояд. Дар ҳолати дарёфти корт, Дорандаи корт бояд тариқи хаттӣ ба Бонк оиди азнав оғоз намудани амалиёт аз рӯи корт бо қайди сабабҳои он дархост намояд.

5.2.21. Ба шахсони сеюм корти пардохтиро барои гузаронидани амалиёт надиҳад. Дар акси ҳол бошад ҳамаи ӯҳдадориҳо (зарар)-ро ба зиммаи худ мегирад. 

5.2.22. Ба мақсадҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст, кортро истифода барад.

 5.3. Бонк ҳуқуқ дорад:

5.3.1. Барои хизматрасониҳои расонидашуда дар лаҳзаи анҷом додани амалиёт дар Системаи ХФБ аз дилхоҳ суратҳисоб/суратҳисобҳои дар Бонк кушодаи Мизоҷ (ҳангоми бо асъори хориҷӣ будан бо мубодила намудани онҳо ба қурби асъори дахлдор, ки Бонк дар он лаҳза мехарад), беаксепт (бидуни розигии Мизоҷ) комиссия/подош/ҷаримаи Бонкро соқит намояд/ситонад, инчунин  маблағҳои саҳван ба ҳисоб вориднамударо, дар ҳолатҳои муайян кардани далели саҳван ворид намудани воситаҳои пулӣ ба  суратҳисоб/суратҳисобҳои Мизоҷ, маблағи ҳама гуна қарздории Мизоҷро дар назди Бонк, аз ҷумла дар сурати ба таъхир гузоштан – маблағи фоизҳои ҳисобшуда ва маблағи асосии қарз, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соқит намояд.

5.3.2. Дар сурати мушаххасоти нопурра/нодурустро нишон додани Мизоҷ, вайрон кардани мӯҳлати анҷомдиҳӣ, ба қонунгузории ҶТ, аз ҷумла  ба талаботи қонунгузории ҶТ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқат накардани амалиёти  анҷомдиҳанда, дар сурати барои анҷом додани амалиёт ва/ё пардохти ҳаққи хизмати Бонк барои анҷом додани амалиёт нокифоя будани маблағ дар суратҳисоб/суратҳисобҳои Мизоҷ,  инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ, аз анҷом додани амалиёт дар Системат ХФБ даст кашад.

5.3.3. Дар ҳолатҳои зарурӣ, барои анҷом додани амалиёт, аз Мизоҷ  дар ҳомилҳои коғазӣ бо имзои Мизоҷ  ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро талаб намояд. Дар ин ҳолат, Бонк то лаҳзаи гирифтани ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ, ҳуҷҷати электрониро иҷро намекунад.

5.3.4. Дар ҳолати зарурӣ, қабл аз иҷрои фармоишҳои Мизоҷ дар Системаи ХФБ, тавассути телефон бори дигара з Мизоҷ санҷидани онҳо.

5.3.5. Агар фармоиш дар асоси сабабҳои дар боло зикршуда иҷро нашуда бошад, Мизоҷро хабардор накунад.

5.3.6. Агар аз лаҳзаи тамоси охирини Мизоҷ бо Бонк тавассути истифодаи Системаи ХФБ 3 (се) моҳ гузашта бошад, дастрасии Мизоҷро ба Системаи ХФБ, бо мақсади таъмини амнияти пардохтҳои электронӣ, манъ карда метавонад. Барқароркунии дастрасии Мизоҷ ба Системаи ХФБ, бо дархости хаттии Мизоҷ анҷом дода мешавад.

5.3.7. Барои амалиётҳое, ки тавассути Системаи ХФБ анҷом дода мешаванд, Бонк ҳаққи (нархҳои) хизматрасониро муқаррар мекунад. Ҳангоми ҳисобкунии ҳаққи хизматрасонӣ амалиёти байни суратҳисобҳои мухталифи як Мизоҷ бо як асъор анҷомдодашаванда, ба назар гирифта намешавад.

5.3.8. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ аз Мизоҷ ҳуҷҷатҳое, ки қонуният ва мақсаднокии иқтисодии амалиётро тасдиқ мекунанд, талаб намояд.

5.3.9. Эродҳои Мизоҷро аз рӯи амалиётҳое, ки Мизоҷ зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ пештар анҷом додааст, баррасӣ накунад.

5.3.10. Ба сифати чораи пешгирикунанда иҷро кардани супориши Мизоҷро дар Системаи ХФБ боздошта, аз Мизоҷ тасдиқоти дахлдорро дархост намояд.

5.3.11. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ бо тартиби яктарафа аз гузаронидани амалиёт аз рӯи суратҳисоб даст кашад.

5.3.12. Шартҳои Шартномаи мазкурро бо тартиби яктарафа тағйир диҳад, дар сурате, ки усулҳои огоҳ кардани мизоҷ инҳо шуда метавонанд: ҷойгиркунӣ дар сомонаи Бонк www.arvand.tj ё ба тариқи дигар (паём дар Системаи ХФБ, ирсоли огоҳиномаи хаттӣ).

5.3.13. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ Шартномаи мазкурро бо тартиби яктарафа бекор намояд. Бекоркунии Шартнома Мизоҷ/Бонкро то пурра иҷро намудани ӯҳдодориҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо аз ӯҳдадориҳои молиявии худ озод наменамояд.

5.3.14. Дар ҳолатҳои зерин, дастрасии Мизоҷро ба Ҳамён муваққатан боз дорад ё ин, ки иҷрои амалиётҳоро қатъ намояд:

- агар он аз назари Бонк ин гуна чорабинӣ барои ҳифзи бехатарии Низоми пардохтӣ ва Ҳамён ҳатмӣ бошад;

- пешниҳоди маълумотҳои дорои хусусияти шахсӣ доштаи (рақами мушаххаскунанда, рамзи махфӣ) Мизоҷ ба дигар шахсон. (Дар баробари ин, Бонк барои амалиётҳои гузаронидаи Мизоҷ, ки аз тарафи Бонк то маълум гаштани интиқоли чунин маълумот ба шахсони дигар амалӣ карда шудаанд, ҷавобгар намебошад, зеро онҳо амалишуда аз тарафи Мизоҷ маҳсуб мешаванд); 

- норасогии маблағи пулӣ дар суратҳисоби Мизоҷ барои пардохти хаққи хизматрасонии Бонк барои амалиёти ба анҷомрасонидашуда.

5.3.15. Дар ҳолати аз тарафи Дорандаи корт вайрон карда шудани шартҳои Шартномаи мазкур ва ё Қоидаҳо чораҳои зеринро амалӣ гардонад:

- Боздоштан ё қать кардани амали корт (корти иловагӣ), аз он ҷумла, бо роҳи дохил кардани кортҳои мазкур ба низом (система)-ҳои пардохтҳои байналмилалӣ бо ҷуброн кардани тамоми хароҷотҳои вобаста ба ин амалиёт аз ҳисоби Дорандаи корт;

- Ба Доранда барои гирифтани корти нав (иловагӣ) монеъ шавад.

5.3.16. Дурустии маълумотҳои аз тарафи Доранда дар ариза зикргардидаро тафтиш намояд.

5.3.17. Ба таври яктарафа ба Тарофаҳо ва Қоидаҳо бо огоҳонидани Дорандаи корт тариқи воситаҳои электронӣ, ҳангоми пешниҳоди ҳисобот аз руи суратҳисоб, тағйирот ворид намояд

5.3.18. Бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ ва техникӣ, барои дигар кардани таъминоти барномавӣ, муваққатан кори Низоми пардохтӣ ва Ҳамён ё ин ки қисман амалиётҳои Низоми пардохтӣ ва Ҳамёнро қатъ намояд.

5.3.19. Дар сурати дархости Мизоҷ барои гирифтани қарз, аз бюрои қарзӣ таърихи қарзиро дархост намояд. Ҳамзамон Мизоҷ эътироф менамояд, ки Бонк ба бюрои қарзӣ дар бораи дархост/гирифтани қарз (шартҳои қарз) маълумот пешниҳод менамояд.

 5.4. Мизоҷ ҳуқуқ дорад:

5.4.1. Бо тартиб ва шартҳои Шартномаи мазкур пешбининамуда, аз хизматрасониҳо истифода барад.

5.4.2. Дар сурати ошкор кардани дастрасии беиҷозат ё кӯшиши дастрасии беиҷозат ба Системаи ХФБ, бо дархости блокгузории маълумоти мушаххаскунандаи худ (номи истифодабаранда, гузарвожа, ПИН рамз) ба Бонк муроҷиат кунад.

5.4.3. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз Бонк дар ҳомили қоғазӣ (нусхаҳои тасдиқшудаи) тасдиқоти иҷро шудани супоришҳои пардохтиро аз рӯи амалиётҳои бонкӣ, ки тавассути Системаи ХФБ анҷом дод шудаанд ва иқтибос аз  суратҳисоб/суратҳисобҳо барои давра (на камтар аз як маротиба дар як моҳ), шартномаҳои басташударо гирад.

5.4.4. Оид ба қоидаҳои кор дар Системаи ХФБ аз рӯи дархост барои гирифтани машварат муроҷиат кунад.

5.4.5. Ба Бонк оид ба пардохте, ки ғайри иродаи Мизоҷ ё нодуруст анҷом дода шудааст,  фавран пас аз ба вай маълум  шудан, вале дар давоми на дертар аз 3 моҳ аз лаҳзаи дебеткунонии маблағи пардохт аз суратҳисоби Мизоҷ, иддао пеш орад. Ҳама гуна дигар иддао оид ба амалиётҳо бояд ба Бонк на дертар аз 10 рӯзи пас аз лаҳзаи анҷом додани амалиёт, пешниҳод карда шаванд.

5.4.6. Дар асоси ариза, дар доираи меъёрҳои умумии муқарраркардаи Бонк меъёрҳои шабонарӯзӣ  ва меъёрҳо барои як амалиёт муқаррар кунад;

5.4.7. Маълумоти мушаххаскунанда (номи истифодабаранда, гузарвожа (пароль), ПИН рамз)-ро тағйир диҳад.

5.4.8. Амалиётҳоро тавассути Низоми пардохтӣ ва Ҳамён бо шартҳое, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ба амал барорад. Баъд аз мушаххаскунонии «Ҳамёни мобилӣ» амалиётҳои дар Ҳамён бударо пурра истифода барад.

5.4.9. Иҷроиши ӯҳдадориҳоро аз Бонк тибқи шартҳои шартномаи мазкур, талаб намояд.

5.4.10. Ҳар вақт аз хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ тавассути Низоми пардохтӣ ва Ҳамён даст кашад.

5.4.11. Ба Бонк бо хоҳиши маҳкам кардани корти асосӣ, инчунин корти иловагӣ муроҷиат намояд.

5.4.12. Дар ҳолати аз ҷониби Бонк нодуруст гузаронидани маблағҳо аз суратҳисоби Мизоҷ, ҳаққи хизматрасониро барои ҳамон амалиёт, баргардониданро талаб намояд.

5.4.13. Бо меъёрҳо ва талаботҳои асосии бехатарии истифодабарии корт, Қоидаҳои истифодабарии кортҳои бонкӣ (Замимаи №2) ва Тарофаҳои амалкунанда шинос шавад ва ҳангоми зарурият иттилооти мазкурро дар ҳомили қоғазӣ ва ё дар намуди электронӣ аз Бонк талаб кунад.

5.4.14. Ба Бонк бо ариза оиди тайёр кардани кортҳои иловагӣ ба номи худ муроҷиат намояд. Амалиёт бо кортҳои пардохти дар суратҳисоби Дорандаи асосии (иловагӣ) корт, ки мувофиқи Шартномаи мазкур кушода шудааст, анҷом дода мешавад. Тамоми масъулият аз рӯи амалиёте, ки бо истифодаи аз кортҳои иловагӣ амалӣ мешавад, Дорандаи корти асосӣ ба зимма дорад.

6. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ХИЗМАТРАСОНӢ

6.1. Агар дар созишномаи иловагӣ ба Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Мизоҷ уҳдадор аст, хизматрасониҳои Бонкро мувофиқи тарофаҳои амалкунандаи Бонк пардохт намояд. Тарофаҳо дар толорҳои амалиётӣ ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj ҷойгир карда мешаванд.

6.2. Мизоҷ тасдиқ менамояд, ки ӯ бо тарофаҳои Бонк шинос шуда ва бо онҳо розӣ аст ва инчунин аз зарурати мустақилона омӯхтани онҳоро дар идора ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj хабардор мебошад.

6.3. Бонк ҳуқуқи бо тартиби яктарафа тағйир додани ҳаҷм ва намудҳои ҳаққи хизматро барои хизматрасониҳои Бонк дар ихтиёри худ гузошта, Мизоҷро тавассути интишори эълони оммавӣ дар лавҳаҳо дар толори амалиётӣ ва/ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj   на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ пеш аз эътибор пайдо кардани тағйирот, хабардор менамояд.

7. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО

7.1. Тарафҳо барои иҷрои номатлуби уҳдадориҳои аз рӯи Шартнома доштаи худ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

7.2. Мизоҷ барои вайрон кардани Қоидаҳои истифодаи ХФБ (Замимаи №1), ки Бонк ва Шартномаи мазкур муқаррар кардаанд, ҷавобгар аст.

7.3. Мизоҷ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби чораҳои муқарраршудаи бехатарӣ ва махфият, инчунин Қоидаҳои истифодаи ХФБ (Замимаи №1) масъулият ба зимма дорад.

7.4. Мизоҷ барои риояи қоидаҳои истифодаи воситаҳои пардохт ва тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои пардохтӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ масъул аст.

7.5. Мизоҷ барои ҳама амалиёте, ки дар давраи аз лаҳзаи гум кардани рақами телефон ва / ё маълумотҳои мушаххаскунӣ то лаҳзаи ба Бонк бо мақсади блокгузории дастрасӣ ба Системаи ХФБ муроҷиат кардани Мизоҷ, масъулият ба зимма дорад.

7.6. Мизоҷ барои бехатарӣ ва махфияти воситаҳои дастрасӣ ба Система (логин, Гузарвожа ва Рамз), инчунин барои зарарҳое, ки метавонанд дар сурати истифодаи беиҷозати воситаҳои дастрасӣ ё амалиётҳои беиҷозати шахсони сеюм ба вуҷуд оянд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ба зимма дорад.

7.7. Ҳангоми иҷрои супоришоти Мизоҷ, Бонк барои зарари дар натиҷаи ғайриимкон будани ирсоли паёмҳои электронӣ бинобар вайрон шудани каналҳои иртиботӣ, таҷҳизоти ирсол ё қабулкунанда, инчунин таъхир ва хатогиҳо, ки дар натиҷаи таҳрифи матни супоришоти тавассути воситаҳои алоқа интиқолшуда ҷавобгарӣ ба зимма надорад.

7.8. Дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои худ аз рӯи Шартномаи мазкур тарафҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар ин гуна иҷро накардан ё иҷрои номатлуб дар натиҷаи ҳолатҳои қувваи рафънопазир (ҳолатҳои фавқулодда) ба вуҷуд омада бошад. Ҳолатҳои қувваи рафънопазир – ин ҳолатҳои фавқулодда ва пешгиринашавандае мебошанд, ки дар ҳолатҳои дар боло тазаккургардида ба вуҷуд меоянд, ки пас аз бастани Шартномаи мазкур фаро расидаанд ва ҳеҷ кадоме аз Тарафҳо наметавонанд онҳоро оқилона пешбинӣ ва ё пешгирӣ кунанд (офатҳои табиӣ ва техногенӣ, низоъҳо, бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои террористӣ ва ғ.).

7.9. Тарафе, ки барои вай бинобар ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои уҳдадориҳо имконнопазир шудааст, бояд дар муддати панҷ рӯз ба Тарафи дигар дар бораи падидоӣ ва қатъ шудани амали ҳолатҳои мазкур хабар диҳад. Фарорасии ҳолатҳои қувваи рафънопазир, муҳлати иҷрои уҳдадориҳои дахлдорро ба даврае дароз мекунад, ки давомнокии он ба давомнокии амали ҳолати фарорасида мувофиқат мекунад.

7.10. Бонк масъулият ба зимма надорад:

7.10.1. барои корношоямӣ ва/ё бехатарии: таҷҳизот, таъминоти барномавии Мизоҷ, алоқа дар каналҳои иртиботӣ, барои воситаҳо ва хизматрасониҳое, ки тарафи сеюм таъмин мекунад (провайдери дастрасӣ ба Интернет ва ғайра);

7.10.2. барои иҷро накардани дастурҳои Мизоҷ бо истифодаи Системаи ХФБ, агар суратҳисоби Мизоҷ ҳабс шуда ё амалиётро Мизоҷ бо тартиби дар Шартномаи мазкур, Шартномаи суратҳисоби бонкӣ ва/ё мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ пешбинигардида боздошта шуда бошад;

7.10.3. барои гирифтани маълумот аз ҷониби шахси ваколатдорнабуда, агар ин маълумотро Бонк ба суроғаи почтаи электронии дар ариза зикрнамудаи Мизоҷ фиристода шуда бошад, инчунин барои бидуни огоҳ кардани Бонк суроғаи почтаи электронии худро барои гирифтани маълумот тағйир додани Мизоҷ;

7.10.4. барои мавҷуд набудани дастрасӣ ба Система, дар сурати ба шахсони сеюм бо дилхоҳ усул маълум шудани маълумот дар бораи логин ва Гузарвожа, аз ҷумла, вале бе истисно бо роҳи бевосита ё бинобар беэҳтиётӣ ба шахсони сеюм Гузарвожаи худро маълум намудани Мизоҷ, интихоби Гузарвожа аз тарафи шахсони сеюм ва ғ.

7.10.5.  барои дастрасӣ ва/ё иқдом намудани амалиёти бонкӣ аз ҷониби шахсони сеюм, дар сурати ба шахсони сеюм бо дилхоҳ усул маълум шудани маълумот дар бораи Логин, Гузарвожа ва/ ё Рамз, аз ҷумла, вале бе истисно бо роҳи бевосита ё бинобар беэҳтиётӣ ба шахсони сеюм Логин, Гузарвожа ва/ ё Рамзи худро маълум намудани Мизоҷ, интихоби Логин, Гузарвожа ва/ ё Рамз аз тарафи шахсони сеюм ва ғ.

7.11. Дар ҳама ҳолатҳои дигаре, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, Тарафҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ масъулият ба зимма доранд.

8. ҚАТЪ КАРДАНИ ШАРТНОМА

8.1. Шартномаи мазкур (офертаи оммавӣ) то лаҳзаи қатъ шудани он бо дархости хаттии Мизоҷ ба Бонк ё то рӯзи қатъи Шартномаи суратҳисоби бонкӣ/шартномаи қарзӣ эътибор дорад.

8.2. Ба шахсони сеюм додани дастрасӣ ба суратҳисобҳо(кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои мобилӣ) аз тарафи Мизоҷ асос барои якҷониба қатъ кардани Шартномаи мазкур аз тарафи Бонк асос мегардад.

8.3. Тарафҳо ҳуқуқ доранд, Тарафи дигарро ба таври хаттӣ ҳадди аққал 7 (ҳафт) рӯзи корӣ пеш аз рӯзи қатъкунии он хабардор карда, ҳатман ҳамаи уҳдадориҳо ва ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи Шартномаи мазкур иҷро намуда, Шартномаи мазкурро яктарафа қатъ кунанд.

9. ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ШАРТНОМА

9.1. Ҳангоми ворид намудани тағйир ва/ё иловаҳо ба шартҳои Шартномаи мазкур, мувофиқаи Тарафҳо оид ба тағйироти шартҳои Шартномаи мазкур бо тартиби зерин ба даст оварда мешавад:

9.1.1. Бонк бо роҳи дар шабакаи Интернет дар сомона бо суроғаи www.arvand.tj  ҷойгир намудани таҳрири нави Шартнома, ба Мизоҷ оферта оид ба тағйир додани шартҳои онро ирсол менамояд;

9.1.2. Мувофиқи тартиби муқарраршуда ворид шудани Мизоҷ ба Система, аксепти шартҳои Шартнома мебошад, ки ҳангоми чунин воридшавии Мизоҷ ба Система амал мекард, яъне розигии Мизоҷ ба тағйир ёфтани шартҳои Шартнома қабулшуда ҳисобида мешавад;

9.2. Норозигии Мизоҷ бо тағйиру иловаҳо ба шартҳои Шартнома (даст кашидан аз аксепт) метавонад дар муддати 7 (ҳафт) рӯзи тақвимӣ тавассути дасткашии хаттии Мизоҷ баён карда шавад.

10. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО

10.1. Дилхоҳ баҳсҳои дар доираи Шартномаи мазкур ба амаломада тавассути гуфтушунидҳо ҳал карда мешаванд.

10.2. Дар сурати ғайриимкон будани ҳалли баҳсҳо бо роҳи гуфтушунид, баҳсҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

10.3. Дар сурати падид омадани баҳсҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба паём/ҳуҷҷати электронӣ пас аз бо ИЭО имзо кардани он, исбот кардани он ба дӯши Тарафе, ки ворид намудани тағйиротро ба паём/ҳуҷҷати мазкур тасдиқ менамояд, вогузошта мешавад.

10.4. Дар сурати баҳс дар бораи он, ки оё яке аз Тарафҳо ягон гуна ҳуҷҷат/мактуб/паёми электронии тавассути ИЭО имзошударо гирифтааст, исбот кардани он ба дӯши Тарафе, ки бо далели гирифтани ҳуҷҷат/мактуб/паёми электронии бо ИЭО имзошуда розӣ нест, вогузошта мешавад.

10.5. Дар сурати падид омадани баҳсҳо байни Тарафҳо доир ба истифодаи ИЭО, Бонк таъминоти барномавиеро истифода мебарад, ки ҳангоми ташаккул додани ИЭО истифода шуда буд ва барои санҷидани он истифода мешавад ва дар бораи аслияти ИЭО қарори худро қабул менамояд.

11. ШАРТҲОИ МАХСУС

11.1. Агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм шахсияти Мизоҷ – шахси воқеӣ мушаххас нашуда бошад, таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ интиқоли маблағҳоро бо фармоиши чунин Мизоҷ барои пардохти молу хизматрасониҳо бо шарте анҷом медиҳад, ки бақияи маблағҳои электронии Мизоҷ аз 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад, аммо ҳаҷми умумии маблағҳои электронии интиқолшаванда бо истифодаи як воситаи электронии пардохтӣ дар давоми як моҳи тақвимӣ аз 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад. Чунин Мизоҷ - шахси воқеӣ ҳуқуқи интиқоли маблағҳои электрониро ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқи гирифтани маблағҳои электрониро аз дигар шахси воқеӣ надорад. 

11.2. Бақияи ҳадди зиёдтарини маблағҳои электроние, ки дар як ҳамёни электронии мушаххасшуда нигоҳ дошта мешавад, набояд аз маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

11.3. Ҳамёни электронии мушаххаснашуда метавонад фақат пардохти хизматрасониҳо, хариди молҳоро амалӣ намояд, бақия ва гардиши моҳонаи  ин гуна ҳамёнҳо на зиеда аз 20 нишондиҳанда барои бақия ва 50 нишондиҳанда барои гардиш дар давоми моҳ маҳдуд карда мешаванд.

11.4. Барои дорандагони ҳамёни электронии мушаххасшуда маҳдудияти бақия то 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баланд карда шуда, дар гардиши маблағ ягон маҳдудият пешбинӣ карда намешавад. Дар ҳолати мушаххас намудани ҳамёни электронӣ ва розӣ будан бо шартҳои дар шартномаи Бонкинги мобилӣ оварда шуда, Мизоҷ метавонад амалиётҳои дар қисми 3-и шартномаи мазкур нишондодашударо, гузаронад. 

11.5. Инчунин ҳамёни электронии мушаххасшуда метавонад ба дигар ҳамёнҳои электронӣ маблағ пардохт намояд, вақте ки ҳамёни мушаххаснашуда ба дигар ҳамён гузаронида наметавонад.

11.6.    Дар ҳолати розӣ набудани Дорандаи корт бо амалиётҳои суратҳисоб гузаронидашуда ва дар беруннавис зикр гардида, ӯ бояд на дертар аз 10 (даҳ) рӯзи таквимӣ аз замони татбиқи амалиёти мавриди баҳс қарордошта, ба Бонк бо аризаи хаттӣ муроҷиат намояд. Дорандаи корт метавонад ба Ариза ҳуҷҷатҳоеро замима намояд, ки маблағи амалиёти мавриди баҳсро тасдиқ менамояд.

11.7.    Бонк барои саривақт аз ҷониби Дорандаи корт нагирифтани беруннавис аз суратҳисоби худ, ҷавобгариро ба ӯҳда надорад.

11.8.    Барои бекор кардани Шартномаи мазкур бо ташаббуси Дорандаи корт, ӯ бояд ба Бонк аризаи хаттӣ пешниҳод намояд ва ба Бонк кортро, супорад.

11.9.    Ҳангоми дар вақти бекор кардани Шартномаи мазкур мавҷуд будани амалиётҳои нотамоми баҳснок, Бонк ҳуқуқ дорад баргардонидани маблағи баҳснокро ба мӯҳлати зарурӣ то қабул кардани қарори ниҳоӣ, мавқуф гузорад.

11.10.  Дорандаи корт бо имзо гузоштан тасдиқ менамояд, ки бо шартҳои барориши корт, қоидаҳо ва Тарофаҳои дахлдори Бонк шинос мебошад ва доир ба хавфи амалҳои қаллобӣ бо корт ва чораҳои пешгирии онҳо, огоҳ мебошад.

11.11.  Бонк узви Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон буда, баргардонидани маблағҳои пулии сураҳисоб аз ҷониби  Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, дар ҳачм ва тибқи тартиботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо», сурат мегирад.

11.12.  Кафолати маблағи пулии суратҳисоб аз руи тартиб, хаҷм ва шартҳои мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

11.13. Мизоҷ, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» розигии худро барои коркарди маълумотҳои шахсӣ бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, медиҳад.

12. ШАРТҲОИ ДИГАР

12.1. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки ҳама гуна огоҳиҳо, мукотибот ва ғайра, дастрас кардашуда ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба суроғаҳои дар Шартномаи мазкур нишондодашуда фиристода шуда бошанд. Дар сурати иваз шудан - ба суроғае, ки дар огоҳиномаи хаттӣ нишон дода шудааст.

12.2. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки Системаи ХФБ, ки аз ҷониби онҳо тибқи Шартномаи мазкур истифода мешавад, барои таъмини кори боэътимод ва самаранок ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ, қабул ва интиқоли иттилоот кофӣ мебошанд.

12.3. Ҷонибҳо эътироф мекунанд, ки технологияи истифодашаванда барои муҳофизат аз дастрасии беиҷозат, инчунин барои тасдиқи аслияти ҲЭП кофӣ мебошад.

12.4. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки дар сурати гум кардан, дуздида шудан, ба шахсони сеюм додан ё аз ҷониби шахсони сеюм истифода шудани маълумоти мушаххаскунанда ё дастгоҳҳои дастрасӣ, тамоми масъулият барои дастрасии беиҷозат ба Система ба зиммаи Мизоҷ мебошад.

12.5. Маҳалли басташудани шартномаи мазкур, инчунин шартномаҳои байни Мизоҷ ва Бонк дар бораи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва кортӣ/ гирифтани қарз/пешниҳоди овердрафт, ки тариқи фосилавӣ баста мешаванд, ин ҷойи қайди воҳидҳои сохтории Бонк, ки дар он Мизоҷ аз мушаххаскунии шахсияташ, мутобиқи талаботҳо  гузаштааст, ба ҳисоб меравад.

12.6. Бинобар барномаи ХФБ дар давоми вақти 24/7 фаъол будан ва Мизоҷ доимӣ ба он дастрасӣ доштанаш, ки тавассути он шартномаи мазкур, ҳамчунин шартномаҳои байни Мизоҷ ва Бонк дар бораи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ ва кортӣ/ гирифтани қарз/пешниҳоди овердрафт тариқи фосилавӣ баста мешавад,  вақти бастани шартномаи мазкур ва дигар шартномаҳои дар боло зикршудаи байни Мизоҷ ва Бонк ин вақте ба ҳисоб меравад, ки Бонк аксепти (тасдиқи) Мизоҷро тариқи фосилави оиди бастани ин шартномаҳо тавассути низоми автоматикунонидашудаи барномаи ХФБ гирифтааст, ба ҳисоб меравад. 

12.7. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳое, ки бо Шартномаи мазкур пешбининагардида, Тарафҳо Шартномаи суратҳисоби бонкӣ/қарзӣ/овердрафт ва ё қонунгузории амалкунандаи ҶТ-ро дастури амал қарор медиҳанд.

МУШАХХАСОТИ БОНК

Ҷамъияти саҳомии пушидаи Бонки «Арванд»

735 700, Тоҷикистон,

Вилояти Суғд, ш. Хуҷанд

Хиёбони И.Сомони 1А

РМА 510021141,

РМБ 350501848

Рақами тел. Барои тамос.: 52-52

E-mail: office@arvand.tj

 

                             

  Замимаи №1 ба Шартнома дар бораи пайвастшавӣ

                                   (ҳамроҳшавӣ)-и бонкинги фосилавӣ (Интернет бонкинг / Бонкинги мобилӣ) барои шахсони воқеӣ - офертаи оммавӣ

 

Қоидаҳои истифодаи ХФБ барои шахсони воқеӣ

Қоидаҳои мазкур тартиби гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ҳангоми хизматрасонии фосилавии бонкиро барои Мизоҷони бо истифодаи низоми хизматрасонии фосилави бонкӣ муайяншуда, бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти бонкӣ, муқаррар менамоянд.  Ҳуҷҷат қоидаҳои табодули ҳуҷҷатҳои электрониро бо имзои электронӣ дар доираи хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ҳангоми кор дар низоми бонкии электронӣ (бонкинги мобилӣ/ҳамёни мобилӣ) барои Мизоҷон муайян карда, инчунин тартиб ва шартҳои аз тарафи Мизоҷ ва Бонк бо имзои электронии оддӣ имзо кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, тартиби табодули ҳуҷҷатҳои электрониро муайян менамояд бо мақсадҳои зерин:

1) бастани шартномаҳои қарзӣ/амонатӣ/овердрафт, шартномаҳои суратҳисоби пасандозӣ байни Мизоҷ ва Бонк;

2) ташаккул, муайян ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои электронии пардохтӣ.

Матни Қоидаҳои мазкур дар сомонаи расмии Бонк бо суроғаи www.arvand.tj (минбаъд – сомонаи расмии Бонк) ҳамчун замимаи Шартномаи пайваст намудани воситаҳои бонкӣ (офертаи оммавӣ) нашр карда мешавад ва метавонад ба Мизоҷ дар ҳомили коғазӣ ҳангоми муроҷиати шахсии Мизоҷ ба Бонк, дода шавад.

Ҳангоми муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи Имзои электронии оддӣ бо Мизоҷ, бо мақсади тасдиқи мутобиқати имзои электронӣ, Бонк аз хизматрасониҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҳифзи иттилооти техникӣ, сертификатсия ва экспертиза» ҳамчун маркази тасдиқкунанда дар асоси шартнома тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода мебарад. 

1. Ҳуҷҷати электронӣ

1.1. Талабот нисбати ҳуҷҷати электронӣ. Ҳуҷҷати электроние, ки дар Системаи ХФБ ташаккул дода шудааст, эътибори ҳуқуқӣ дорад ва боиси оқибатҳои ҳуқуқие мегардад, ки мутобиқи Қоидаҳои мазкур барои ин ҳуҷҷат пешбинӣ шудааст. Ҳуҷҷати электронӣ ба шарти мувофиқат кардани он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ба Қоидаҳои мазкур, инчунин ба дигар шартномаҳои байни Бонк ва Мизоҷ басташуда, ба таври матлуб иҷрошуда ҳисобида мешавад. Паёми электронӣ агар он ба Қоидаҳои мазкур, инчунин дигар шартномаҳои байни Бонк ва Мизоҷ басташуда мувофиқат кунад, мақоми ҳуқуқии ҳуҷҷати электрониро пайдо мекунад. Ҳуҷҷати электронӣ бояд дар яке аз шаклҳои дар ин Қоида муайяншуда таҳия ва бо имзои электронӣ имзо карда шавад. Ҳуҷҷати электроние, ки форматаш ба қоидаҳои муқарраршуда мувофиқат намекунад, мутобиқи Қоидаҳои мазкур ҳуҷҷати электронӣ ҳисобида намешавад.

1.2. Истифодаи имзои электронӣ. Ҳуҷҷати электронӣ метавонад танҳо бо имзои электронӣ, ки дар Бонк ҳамчун имзои электронии Мизоҷ ба қайд гирифта шудааст, имзо карда шавад. Иваз кардани имзои электронӣ ба эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ таъсир намерасонад, агар он мувофиқи Қоидаҳои мазкур дар лаҳзаи имзо эътибор дошта бошад. Ҳар як мизоҷ дорои имзоҳои электронии инфиродӣ мебошад, ки бо онҳо ҲЭ-ро имзо мекунад. Оқибатҳои ҳуқуқии барои ин ҳуҷҷат пешбинишуда танҳо дар сурати ба даст овардани натиҷаи мусбати санҷиши имзои электронӣ ба миён омада метавонанд. Барои кам кардани ҳаҷми иттилооти интиқолшаванда ҳангоми интиқоли ҳуҷҷатҳои электронӣ, алгоритмҳои махсуси фишурдани иттилоотро метавон истифода бурд.

1.3. Истифодаи ҳуҷҷати электронӣ. Ҳама амалҳои ҳуқуқие, ки тибқи Қоидаҳои мазкур тавассути ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои меъёрии дохилии Бонк ба расмият дароварда мешаванд, дар шакли хаттӣ анҷомёфта дониста шуда, танҳо бо далели он ки онҳо дар шакли электронӣ анҷом дода шудаанд, мавриди баҳс қарор дода шуда наметавонанд.

1.4. Нусхаи асли ҳуҷҷати электронӣ. Ҳуҷҷати электронӣ метавонад шумораи номаҳдуди нусхаҳо дошта бошад, аз ҷумла нусхаҳое, ки дар ҳомилҳои намудҳои гуногуни бо мошин хондашаванда таҳиягардида. Барои ташаккул додани нусхаи иловагии ҳуҷҷати электронии мавҷуда мундариҷаи ҳуҷҷат якҷоя бо имзои электронӣ такрор карда мешавад. Ҳама нусхаҳои ҳуҷҷати электронӣ нусхаи аслии ин ҳуҷҷати электронӣ мебошанд. Ҳуҷҷати аслии электронӣ дар ҳолатҳои зерин вуҷуд надошта дониста мешавад:

• ягон нусхаи ин ҳуҷҷати электронӣ аз ҷониби Бонк ба қайд гирифта нашудааст ва барқарор кардани онҳо имконнопазир аст;

• ягон усули муайян кардани аслияти имзои электроние, ки бо он ҳуҷҷати мазкур имзо шудааст, мавҷуд нест.

1.5. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили коғазӣ. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ метавонад дар ҳомили коғазӣ таҳия (чоп) карда шавад ва бояд бо имзои дастии шахси аз ҷониби Бонк ё Мизоҷ ваколатдоршуда, ки ирсолкунанда ё қабулкунандаи ҲЭ мебошад, тасдиқ карда шавад. Нусхаҳои ҲЭ дар ҳомили коғазӣ бояд ба талаботи қонунгузории амалкунанда ва стандартҳои давлатӣ мувофиқ бошанд. Ҳуҷҷати электронӣ ва нусхаҳои он дар ҳомилҳои коғазӣ бояд якхела бошанд. Воситаҳои барномавие, ки ҲЭ-ро барои таҳия (чоп) дар шакли ҳуҷҷати коғазӣ табдил медиҳанд, қисми таркибии таъминоти барномавии дар Системаи ХФБ истифодашаванда мебошанд. 

2. Ташкили гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ

2.1. Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) ташаккули ҳуҷҷати электронӣ;

2) ирсол ва дастраскунии ҳуҷҷати электронӣ;

3) санҷиши ҳуҷҷати электронӣ;

4) тасдиқи гирифтани ҳуҷҷати электронӣ;

5) бозхонди ҳуҷҷати электронӣ;

6) баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои электронӣ;

7) нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ (нигоҳдории бойгонии ҲЭ);

8) таҳия намудани нусхаҳои иловагии ҳуҷҷати электронӣ;

9) таҳияи нусхаҳои коғазии ҳуҷҷати электронӣ (дар ҳолати зарурӣ).

2.2. Системаи ХФБ “БМ” ба таври автоматӣ маълумотро дар бораи марҳилаи ҷории  аз ҷониби Мизоҷ ва/ё Бонк коркарди ҲЭ-ро тавассути ба ҲЭ додани мақоми муайян, инъикос менамояд. Мақоми ҳар як ҲЭ, ки марҳилаи ҷории коркарди онро аз ҷониби Бонк ба таври беназир инъикос мекунад, тавассути воситаҳои барномавии Системаи ХФБ “БМ” ҳангоми сессияҳои муошират, ки аз ҷониби Мизоҷ гузаронида мешавад, ба таври автоматӣ пайгирӣ карда мешавад. Дар Система ба ҳуҷҷат дода шудани мақоми “Дастрас гардид” далели он мебошад, ки Бонк ҲЭ-ро барои гузаронидани расмиёти мутобиқи қонунгузории ҶТ ва тартиби тасдиқнамудаи Бонк, барои иҷро қабул кардааст.

2.3. Ҳуҷҷати электронӣ бо тартиби зерин ташаккул дода мешавад:

− ҲЭ тавассути пур кардани варақаи стандартии дар Системаи ХФБ “БМ” пешбинигардида ё тавассути зеркашии файлҳои формати мувофиқ, ки барномаҳои беруна ташаккул додаанд, таҳия мегардад. Ҳангоми ташаккули ҲЭ, Системаи ХФБ “БМ” ба таври автоматӣ мавҷудияти маълумоти ҳатмиро дар ҳошияҳои дахлдори шакли ҳуҷҷат назорат мекунад. Ҳошияҳои асосии ҲЭ ҳамаи мушаххасоти барои ин намуди ҲЭ зарурӣ мебошанд, ки бе мавҷуд будани онҳо иҷрои матлуби ҲЭ ғайриимкон мебошад. 

− Ташаккули ЭҲ, ки ҳуҷҷати пардохтӣ нест, метавонад дар шакли ҳуҷҷати матнӣ (дар форматҳои DOC, RTF, TXT ва ғ.) ё графикӣ (дар форматҳои PDF, JPEG/JPG, TIF ва ғ.) барои ирсоли минбаъда ба Бонк дар намуди замима ба ҲЭ “Мактуб” ё дигар намудҳои ҲЭ, ки дар онҳо имконияти ҳамроҳкунии файлҳо пешбинӣ шудаанд, ташаккул дода шавад. 

− ЭҲ-и ташаккулшуда бо миқдор ва таркиби зарурӣ бо ИЭО имзо карда мешавад. ОЭО муаллифии ҲЭ дар Системаи ХФБ “БМ” таҳияшударо тасдиқ мекунад ва воситаи санҷиши тағйирнопазирии мундариҷаи он мебошад. Ҳангоми имзои ҲЭ бо файлҳои замимашуда, файлҳои ба ҲЭ замимашуда дар як вақт имзо карда мешаванд. ҲЭ бо файлҳои замимашуда як ҳуҷати мукаммалро ифода менамояд.

2.4. Ирсол ва дастраскунии ҳуҷҷати электронӣ. Дар муносибатҳои байни ирсолкунанда ва қабулкунанда ҲЭ аз Мизоҷ содиршаванда дониста мешавад, агар ҳуҷҷати электронӣ фиристода шавад:

- аз ҷониби худи ирсолкунанда;

− шахсе, ки аз номи ирсолкунанда нисбат ба ҲЭ мазкур ваколатдор шудааст;

− системаи иттилоотие, ки ирсолкунанда истифода мебарад ва ба таври автоматӣ амал мекунад;

− бо истифода аз ИЭО Мизоҷ имзо карда шудааст;

− мӯҳлати эътибори сертификатҳои ИЭО, ки барои имзои ҲЭ истифода мешаванд, ба охир нарасидааст;

− Бонк дар бораи беэътибор шудани ИЭО Мизоҷ огоҳ карда нашудааст;

− ҲЭ бо истифода аз Системаи ХФБ “БМ” ба Бонк ирсол шудааст.

ҲЭ аз ирсолкунанда ирсолшуда дониста намешавад, агар:

− қабулкунанда медонист ё мебоист донад, аз ҷумла дар натиҷаи санҷиш, ки ҳуҷҷати электронӣ аз на ҷониби ирсолкунанда омадааст;

− қабулкунанда медонист ё бояд медонист, аз ҷумла дар натиҷаи санҷиш, ҲЭ-и таҳрифшударо гирифтааст.

Дар сурати мусбат будани натиҷаи санҷиш, ба ҲЭ мақоми “Дастрасшуда” ё “Дар коркард” дода шуда, барои иҷро қабул карда мешавад. Дар сурати манфӣ будани натиҷаи санҷиш, ҲЭ барои иҷро қабул карда намешавад ва ба ҲЭ мақоми “Рад карда шуд” дода мешавад.

2.5. Санҷиши аслияти ҳуҷҷати электронии пешниҳодшуда.

Санҷиши ҳуҷҷатҳои электронӣ инҳоро дар бар мегирад:

− санҷиши мутобиқати ҳуҷҷати электронӣ ба формати барои он муқарраргардида;

− санҷиши аслияти имзоҳои электронии ҳуҷҷати электронӣ. Дар сурати мусбат будани натиҷаи санҷиши ҲЭ, ин ҳуҷҷати электронӣ барои иҷро қабул карда мешавад ё бояд коркард карда шавад. Дар акси ҳол, ин ҲЭ қабулнашуда ҳисобида мешавад, ки дар бораи он гиранда бояд ба ирсолкунанда огоҳинома фиристад;

− санҷиши мутобиқати параметрҳои ЭҲ ба талаботи Шартномаҳои байни Бонк ва Мизоҷ басташуда, инчунин ба қонунгузории амалкунандаи ҶТ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ.

2.6. Тасдиқи гирифтани ҲЭ. Ҳангоме ки Мизоҷ аз механизми тасдиқи ҲЭ истифода мебарад, ё агар ҳангоми таҳлили фармоиш аломатҳои зиёд шудани хавфи анҷом додани пардохт ошкор гардад, пас барои ба Бонк расонидани чунин ҳуҷҷат Мизоҷ бояд Рамзи тасдиқро нишон диҳад. Рамзи тасдиқ. Рамзи тасдиқро тавассути SMS-паём ба рақами телефони мобилии дар Бонк сабтшуда гирифтан мумкин аст. ҲЭ, ки мунтазири ворид шудани Рамзи тасдиқ аст, ба мақоми “Тасдиқшавиро талаб мекунад” соҳиб мегардад. Пас аз бомуваффақият Рамзи тасдиқи гирифташударо ворид кардани мизоҷ, мақоми ҲЭ ба “Дастрасшуда” тағйир меёбад.

2.7. ИЭО Мизоҷ дар худи ҳуҷҷати электронӣ мавҷуд аст. ИЭО дорои маълумоте мебошад, ки ба Мизоҷи ҳуҷҷати электрониро имзокарда (насаб, ном ва номи падар (агар бошад), сана ва вақти имзои ҳуҷҷати электрониро нишон медиҳад.

2.8. Барои санҷидани ИЭО Мизоҷ воситаҳои барномавию техникӣ ва дигар воситаҳои Бонк истифода мешаванд. Бонк дар сурати натиҷаи манфии санҷиши ИЭО Мизоҷ, қабули ЭҲ-и Мизоҷро рад менамояд.

2.9. Далели ташаккул додани ЭҲ, ки бо ИЭИ-и Мизоҷ имзо шудааст, инчунин далел ва натиҷаи санҷиши ИЭО-и Мизоҷ ва дигар амалҳои Бонк ва Мизоҷ дар китобҳои электронӣ сабт карда мешаванд.

2.10. Мизоҷ ҳуқуқ дорад аз Бонк нусхаи ЭҲ имзошударо дар ҳомили коғазӣ, ки дар он маълумот дар бораи имзои ЭҲ бо имзои электронии оддии Мизоҷ инъикос гардида, мӯҳри Бонк «Нусхаи дуруст аст» гузошта шуда, бо имзои дастии Корманди масъули Бонк тасдиқ карда мешавад, гирад.

2.11. Барои шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои электронӣ, бо мақсади дар он ҷо шиносшавӣ бо мазмуни ҳуҷҷати электронӣ ва барои минбаъда бо ИЭО имзо кардани он, ба рақами телефони Мизоҷ дар шакли SMS -паёми дорои истиноди беназир ё рамзи якдафъаина барои дастрасӣ ба канали интернетии замимаи Бонк огоҳинома фиристода мешавад. Истинод/рамз барои дастрасӣ ба замимаи Бонк барои Мизоҷ инфиродӣ мебошад. 

2.12. Мизоҷ ҳуқуқ надорад, ки мушххасоти истинод, истинод ба замимаи Бонк ё рамз аз SMS-паёмакро ба шахсони сеюм пешниҳод кунад ё ирсол кунад. Истинод/рамзе, ки дар SMS-паёмак барои дастрасӣ ба замимаи Бонк ирсол шудааст, пас аз далели бо ИОЭ-и худ  ҳуҷҷати электрониро имзо кардани Мизоҷ ва ё ҳангоми аз ҷониби корманди масъули Бонк бекор кардани ариза, дар ҳолати ҳуҷҷати элетрониро рад кардани мизоҷ, эътибори худро қатъ мекунад.

2.13. Ба мизоҷ лоиҳаи ЭҲ, ки аз ҷониби Бонк дар асоси изҳори иродаи ӯ таҳия шудааст, нишон дода мешавад, ки вай ӯҳдадор аст, ки бо он шинос шавад. Пас аз шиносшавӣ бо лоиҳаи ҲЭ, мизоҷ метавонад онро бо ИЭО-и худ имзо кунад ё имзо кардани онро рад кунад.

3. Тартиби пешниҳод/ қабули шикоятҳо

  3.1. Тартиби пешниҳод/ қабули шикоятҳои Мизоҷ, шартҳои баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3.2. Ҳодиса ва ҳолатҳое, ки бо Қоидаҳои мазкур танзим нашудаанд, тибқи санадҳои меъёрии дохилии Бонк, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

3.3. Амали қоидаҳои мазкур дар асоси қарори Бонк қатъ карда мешаванд. Қатъи амали Қоидаҳои мазкур ба эътибори ҳуқуқӣ ва ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳои электроние, ки Бонк ва Мизоҷ то қатъ гардидани амали ин Қоидаҳо ва Замимаҳои он мубодила кардаанд, таъсир намерасонад.

4. Тавсияҳо ба мизоҷ оид ба риоя кардани бехатарӣ

4.1. Низоми пардохтии махфиятро нисбати қарордошти ҷойи кории Мизоҷ барои кор дар Системаи ХФБ, иҷозатномаҳои бехатарии Мизоҷ, логину гузарвожаҳо ва системаи амалиётии маҳалли қарордошти Мизоҷ таъмин намояд;

4.2. пас аз ба итмом расонидани кор дар Системаи ХФБ, корро бо истифодаи тугмачаи "Баромад" дуруст қатъ кунад;

4.3. дар системаи амалиётии ҷойи корӣ барои кор дар Системаи ХФБ функсияи худкори ҳомилҳои ҷудошавандаи иттилоотӣ ("флэш-ҳомилҳо")-ро хомӯш кунад;

4.4. танҳо ҳангоми кор бо Системаи ХФБ ҷойи кории Мизоҷро барои кор дар Системаи ХФБ ба шабакаи Интернет пайваст намояд;

4.5. пеш аз ворид шудан ба дафтари шахсии худ, боварӣ ҳосил намояд, ки пайвастшавии бехатар аз рӯи протоколи https маҳз бо сомонаи расмии Бонк (http://www.arvand.tj) сурат гирифтааст;

4.6. дар ҷойи кории истифодабарандагони Система мавҷуд будани сабти баҳисобгирӣ дар системаи амалиётиро, ки бо гузарвожа ҳимоя шудааст, таъмин намоянд;

4.7. дар файлҳои матнӣ дар компютер ё дигар ҳомилҳои иттилоот гузарвожаро нигоҳ надоранд;

4.8. ҷойи кориро барои пайваст шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, форумҳо, конфронсҳо, чатҳо, хизматрасониҳои телефонӣ ва сомонаҳои дигар, ки дорои барномаҳои зараровар мебошанд, инчунин барои хондани почта ва кушодани ҳуҷҷатҳои почта аз суроғаҳое, ки эътимод надоранд, истифода набарад;

4.9. логин ва гузарвожаро ба шахсони сеюм, аз ҷумла ба кормандони Бонк (чунончӣ ҳангоми аз номи Бонк тавассути телефон, почтаи электронӣ, тавассути SMS муроҷиат кардани шахсони номаълум) маълум, ошкор накунед;

4.10. дар файлҳои матнии диски сахти ҷойи кории Мизоҷ ё дигар ҳомилҳои элетронии иттилоот логин ва гузарвожаро нигоҳ надоранд.

 4.11. барои кор бо Системаи ХФБ ҷойи кории махсус ҷудокардаро истифода барад;

4.12. дар ҷойи корӣ фаъолияти системаи амалиётии дорои литсензия (на сохтакоришуда)-ро истифод барад ва бо мақсади бартараф кардани осебпазирии дар он муайяншуда, ки барои дастрасӣ ба иттилооти махфӣ имкон фароҳам меорад, тибқи тавсияҳои ширкати таҳиякунанда саривақт онро нав кунад;

4.13.  дар ҷойи корӣ Мизоҷ фаъолияти таъминоти барномавии зиддивирусии дорои литсензия (на сохтакоришуда)-ро истифода барад ва бо мақсади сироят нашудани ҷойи кории Мизоҷ бо таъминоти барномавии заррарасон, ки барои дастарсии шахсони ваколатнадошта ба Системаи ХФБ имконият дорад, тибқи тавсияҳои ширкати таҳиякунанда саривақт онро нав кунад;

4.14. дар ҷойи корӣ фаъолияти таъминоти барномавии ҳимоякунандаи дорои литсензия (на сохтакоришуда) дар Низоми пардохтии блокгузории дастрасии дурдаст ба ҷойи корӣ аз шабакаи Интернет ва ҷои кории дохилии Мизоҷро таъмин намояд;

4.15. дастрасӣ ба компютер/дастгоҳи шахсиро маҳдуд карда, мавҷудияти ҳуқуқҳои ҳадди ақал барои тағйир додани конфигуратсияи системаи амалиётии ҷойи кориро (мавҷудияти ҳуқуқи маъмур номатлаб мебошанд) таъмин намояд;

4.16. бо истифода аз манбаъҳои пайваст дар ҷойҳое, ки эътимоди кофӣ надоранд (Интернет каҳвахона) ва ё аз каналҳои иртиботии оммавӣ (Wi-Fi ройгон ва ғайра) дар Системаи ХФБ дар шабакаи Интернет кор накунанд;

4.17.  ҳангоми пайвастшавӣ ба Системаи ХФБ Бонк ё дар фаъолияти Системаи ХФБ ба ҳама гуна тағйирот ва хатогиҳои таъминоти барномавӣ диққат дода, дар сурати падид омадани ягон шубҳа доир ба дурустии кори Системаи ХФБ, фавран корро қатъ карда, бо мақсади муқаррар намудани мавҷуд набудан/будани амалиётҳои беиҷозат, ба Бонк муроҷиат кунад,

4.18. ба https://www.arvand.tj/ru/oferta-na-distancionnoe-obsluzhivanie.html танҳо бо истинод аз сомонаи  расмии Бонк (www.arvand.tj  гузарад;

4.19.  ҳангоми пайвастшавӣ ба Системаи ХФБ дар сурати намудор шудани огоҳкунии браузер дар бораи равон кардан ба сомонаи дигар, амалиётро ба таъхир гузошта, бо мақсади муайян кардани сабаби ба дигар сомона равонкунӣ, ба Бонк муроҷиат кунад.

4.20.  ба кормандони ваколатдори Бонк дар бораи ҳама гуна кӯшиши муайян намудани гузарвожа ба Системаи ХФБ хабар диҳад;

2.12. барои пайгирии хатогиҳо ё амалиётҳои авторизатсиянашуда аз рӯи суратҳисоб, пайваста таърихи амалиётҳо ва иқтибос аз онҳоро санҷад;

4.21.  сомонае, ки дар он амалиётҳои электронӣ анҷом дода мешаваед, тарк накунад, ҳатто агар компютери шахсӣ дар муддати кӯтоҳ беназорат монда бошад;

4.22. пас аз анҷом додани амалиётҳои электронӣ аз Система баромаданро фаромӯш накунед; пеш аз анҷом додани дилхоҳ амалиёти бархат (онлайн) ё пешниҳоди маълумоти шахсӣ, бояд боварӣ ҳосил кунад, ки саҳифаи интернетии дурусти Системаи ХФБ истифода шудааст. Аз веб-саҳифаҳои қалбакие, ки бо мақсади қаллобӣ таъсис шудаанд, эҳтиёт бошад;

4.22. маълумоти мушаххаскунанда маълумоти қатъиян махфӣ буда, бояд танҳо ба Мизоҷ маълум бошад. Ошкор намудани маълумоти мушаххаскунанда метавонад боиси дастрасии беиҷозат ба маблағҳои Мизоҷ гардад. ар сурати пайдо шудани шубҳа, ки маълумоти мушаххаскунанда ба шахсони сеюм маълум шудааст, Мизоҷ бояд ба Дафтари шахсии ХФБ ворид шуда, маълумотҳои мушаххаскунанда (логин, гузарвожа ва ғайра)-ро мустақилона тағйир диҳад.

4.23. пеш аз ворид шудан ба система, бо роҳи санҷидани Нишондиҳандаҳои Манбаъҳои Якшаклашуда (URL), ки бояд бо "https" оғоз шаванд ва дар мақоми браузери Интернет бояд аломати пайвастшавии бехатар пайдо шавад, ба бехатарии веб-саҳифа боварӣ ҳосил кунад;

4.24. дар системаи Бонки мобилӣ амалиёт оид ба пардохти хизматрасониҳои гуногун, идоракунии суратҳисобҳои дар Бонк кушодашудаи худ ва дигар амалиётҳо аз ҷониби Мизоҷ бо истифодаи абзори мобилӣ иҷро карда мешаванд.

4.25. Барои истифодаи абзори мобилии «Мой Арванд», онро бояд аз маркет (Google Pli-iv, ArrStoge), ки ба системаи амалиётии (Android / iOS мутаносибан) дастгоҳи мобилӣ мувофиқ аст, зеркашӣ (закрузка) карда шавад.

4.26. дар ҳолати гум шудан, дуздии дастгоҳи мобилӣ, бояд фавран ба Маркази тамоси Бонк муроҷиат намояд ё шахсан ба Бонк муроҷиат кунад.

4.27.  иҷро накардани талабот ва тавсияҳои дар боло зикршуда барои ба зиммаи Мизоҷ гузоштани масъулияти амалиётҳои баҳсталаб тавассути Системаи ХФБ асос мегардад.

4.28. барои истифодаи бехатари хизмарасонии "Бонкинги мобилӣ" аз дастгоҳи мобилии истифодаи умум (ғайри шахсӣ) тавсия дода мешавад, ки махфияти маълумоти аз клавиатура воридшаванда ва маълумоти ба экран қабулшавандаро таъмин намояд ва пас аз ба анҷом расидани кор - аз система ба таври дуруст барояд (барои ин фармони” Баромад-ро дар реҷаи хизматрасониҳои” Бонкинги мобилӣ интихоб кунад).

 

Замимаи №2 ба Шартнома дар бораи пайвастшавӣ

                                   (ҳамроҳшавӣ)-и бонкинги фосилавӣ (Интернет бонкинг / Бонкинги мобилӣ) барои шахсони воқеӣ - офертаи оммавӣ

 

Қоидаҳои истифодаи кортҳои бонкӣ

Барои муҳофизат кардани худ аз қаллобон, Мизоҷ бояд қоидаҳо ва чораҳои бехатарии зеринро оиди кортҳои бонкӣ қатъиян риоя ва иҷро кунад:

Тавсияҳои муҳими Бонк

• Ҳангоми гирифтани корти бонкӣ, Дорандаи он бояд дар қафои корт бо хомаи оддӣ (шариковая ручка) имзои шахсӣ гузорад. Дар корт мавҷуд будани имзо зарур аст. Имзо бояд бо намунаи имзои шиноснома мувофиқ бошад.

• Ҳангоми гирифтани корт, барои гирифтани рамзи PIN, фармони USSD-ро дар телефон: *366*ХХХХХХХХХХХХХ*1# -ро чинед, ки дар он X рақами 16-рақама дар тарафи пеши корт мебошад.

• Корт бояд дар ҷое нигоҳ дошта шавад, ки барои шахсони бегона дастнорас бошад. Танҳо Дорандаи корт ҳуқуқи истифодаи кортро дорад.

рамзи PIN танҳо ба Дорандаи корт маълум аст ва барои кормандони Бонк дастрас намебошад. Агар Шумо рамзи PIN-и худро гум кунед, Шумо бояд фармони USSD-ро дар телефони худ дубора чинед ва рамзи PIN-и нав гиред.

• Корт ва рамзи PIN-ро ба шахсони сеюм (аз ҷумла хешовандон, шиносҳо, кормандони бонк) надиҳед. Шумо бояд бидонед, ки корт ва рамзи PIN калиди ҳисоби кортӣ мебошад. Танҳо Дорандаи корт бояд PIN-коди онро донад.

• Рақами корт, санаи анҷоми муҳлати корт, CVV-2 ва рамзи тасдиқи тавассути SMS-паёми гирифташударо тавассути телефон ё шахсан ба касе нагӯед.

• Рамзи PIN-ро дар корт нанависед ва рамзи PIN-и дар коғаз навишташударо якҷоя бо корт нигоҳ надоред.

• Кортро вайрон накунед, дар наздикии таҷҳизотҳои магнитӣ дошта нигоҳ надоред, нашиканед, нахарошед. Корт моликияти бонк аст ва Бонк ҳуқуқи бозпас гирифтани онро дорад. Азнавбарории корт бо сабаби вайрон шудани он, музднок мебошад.

Агар корт дуздида ё гум шавад, бароимавқуф гузоштани амалиётҳои корт, Шумо бояд фавран ба Бонк тавассути рақами 5252 занг занед ё ба идораи наздиктарини Бонк муроҷиат намуда, барои мавқуф (ҳабс-манъ) гузоштани амалиётҳо тавассути ин корт ариза нависед.  Дар сурати дарёфти корт, онро аз мавқуф (ҳабс-манъ) озод кунед, аммо тавсия дода мешавад, ки  корти навро дубора нашр кунед. Ин ҳолат барои пешгирӣ аз қаллобоне, ки тамоми маълумотҳои кортро доранд, ва онҳо имкони истифодаи корти фаъолро доранд.

• Агар корт дар замимаи Ҳамёни мобилӣ замима карда шуда бошад, кортро метавон тавассути барномаи Ҳамёни мобилӣ мавқуф кард.

Беруннависии суратҳисоби кортро метавон дар филиали бонк ё тавассути барномаи мобилӣ дастрас кард.

Ҳангоми доштани ягон савол/дархост ва ё даъво, Дорандаи корт метавонад ба рақами 5252 занг занад, ё ба суроғаи почтаи электронии callcenter@arvand.tj мактуб ирсол намояд, ё тавассути барномаи мобилӣ бо Маркази тамос тамос гирад ё ба ягон филиали бонк муроҷиат кунад.

Гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ва хазинаҳои Бонк:

• Пули нақдро аз банкоматҳои дар ҷойҳои бехатар мавҷудбуда дастрас кунед (масалан, идораҳои давлатӣ, филиалҳои бонкҳо, марказҳои савдои калон, меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо ва ғ.).

• Пеш аз истифода бурдани банкомат, диққат диҳед: агар гузаргоҳ то банкомат душвор бошад ё равшании паст дошта бошад, банкомати дигарро истифода баред.

• Тавсия дода мешавад, ки амалиётҳое, ки дар экрани банкомат пай дар пай нишон дода мешаванд, сари вақт иҷро кунед.

• Агар клавиатура ё майдони қабули кортҳои банкомат бо дастгоҳҳои иловагӣ муҷаҳҳаз бошад, ки ба тарҳи он мувофиқат намекунанд, аз истифодаи корти бонкӣ дар ин банкомат худдорӣ намоед ва дар бораи шубҳаҳои худ ба кормандони Бонк тавассути занг задан ба рақами дар банкомат нишондодашуда хабар диҳед.

• Барои ворид кардани корти бонкӣ ба банкомат қувваи ҷисмонӣ истифода набаред. Агар корти бонкӣ ворид карда нашавад, аз истифодаи чунин банкомат худдорӣ намоед.

• Вақти гирифтани корти бонкӣ ва пули нақд аз банкомат маҳдуд аст. Баъди анҷоми амалиёт шумо бояд фавран корти бонкӣ, квитансияи чопӣ (чек) ва маблағро (агар пули нақд гирифта бошад) аз банкомат гиред.

• Ҳангоми кор бо банкоматҳо, дар хотир бояд дошт, ки Шумо набояд аз сабаи муошират бо дигарон ва зангҳои телефонӣ парешон шавед, зеро маҳз бо ҳамин омилҳо муштариён аксар вақт корт ё пули нақдро дар банкомат фаромӯш мекунанд.

• Агар банкомат дуруст кор накунад (масалан, муддати тӯлонӣ дар реҷаи интизорӣ қарор дошта бошад, азнавбарқарорӣ ва ғ.), Шумо бояд аз истифодаи чунин банкомат даст кашед, амалиёти ҷориро бо пахш кардани тугмаи «Бекор кардан» дар клавиатура бекор кунед, ва интизор шавед, ки корти бонкӣ баргардонида шавад.

• Агар 3 маротиба пайиҳам рамзи PIN-и нодуруст ворид карда шавад, банкомат корти бонкиро маҳкам мекунад. Агар шумо ба дурустии рамзи PIN боварӣ надошта бошед, тавсия дода мешавад, ки то дақиқ кардан ва бовари ҳосил намудан ба рамзи PIN аз анҷом додани амалиёт даст кашед.

• Зарур аст, ки экран ё клавиатураро пӯшонед, то шахси дар навбат истода рамзи PIN ё маблағи транзаксияро набинад.

• Дар хазинаи бонк ҳангоми додани пули нақд, тамоми амалиётҳо бо корт бояд дар ҳузури Дорандаи корт анҷом дода шавад. Тавсия дода мешавад, ки ҳангоми амалиёт кортро аз чашм дур нагузоред ва аз хазинадори бонк чек талаб кунед.

Ҳангоми пардохт дар Нуқтаҳои савдо

 

• Ҳангоми пардохти харид дар Нуқтаҳои савдо, Шумо бояд боварӣ ҳосил кунед, ки маҳз корти Шумо пас аз пардохт, баргардонида мешавад.

• Маълумоти иловагиро равона накунед. Танҳо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият талаб карда мешавад.

• Рамзи PIN-ро ба хазинадор нагӯед ва онро танҳо худатон ворид кунед, клавиатураро бо дасти дигар пӯшонед.

·      Пеш аз имзои чеки тасдиқкунандаи хариди корт, Шумо бояд аввал маблағи харидро дар чеки бо корт пардохтшуда тафтиш кунед. Агар маблағи дар чек нишон додашуда ба маблағи хақиқӣ мувофиқат накунад, ба чек имзо нагузоред.

• Квитансияҳои тасдиқкунандаи муомилоти пардохтро нигоҳ доред.

Ҳангоми пардохти онлайн

• Танҳо дар сайтҳои тасдиқшуда пардохт кунед ва рамзи PIN-ро ворид накунед.

• Дар сомонаҳои интернетии тасдиқнашуда маълумоти корти бонкиро (рақам, номи соҳиби корт ва санаи анҷоми корт) нишон надиҳед ва амалиётро анҷом надиҳед.

• Тафсилоти кортро мубодила накунед: санаи анҷоми муҳлати корт, рамзи PIN ва CVV-2.

• Агар Шумо аз мағозаи онлайн харид накарда бошед, рамзи тасдиқро ба касе нагӯед.