Бонки «Арванд» соҳиби ҷоизаи «Бонки фаъолтарин оид ба барориши кафолатномаҳо дар Тоҷикистон» гардид

Бонки «Арванд» соҳиби ҷоизаи «Бонки фаъолтарин оид ба барориши кафолатномаҳо дар Тоҷикистон» гардид

07.06.2026

Бонки «Арванд» бо ифтихор эълон менамояд, ки дар доираи Барномаи мусоидат ба савдо (Trade Facilitation Programme – TFP)-и Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) бо ҷоизаи «Бонки фаъолтарин оид ба барориши кафолатномаҳо дар Тоҷикистон» (Most Active Issuing Bank in Tajikistan) сарфароз гардонида шуд.

Маросими ботантанаи супоридани ҷоизаҳо дар доираи Ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), ки дар шаҳри Рига, Ҷумҳурии Латвия баргузор гардид, доир шуда, беҳтарин бонкҳои шарикро барои саҳми назаррасашон дар рушди маблағгузории савдои байналмилалӣ қадрдонӣ намуд. Ғолибон аз рӯи шумораи амалиёти кафолатномаҳои анҷомдодашуда дар доираи Барномаи мусоидат ба савдо муайян карда мешаванд.

Ҷоизаи мазкурро аз номи Бонки «Арванд» Раиси Раёсати Бонк Содиқова Шоира Музаффаровна шахсан қабул намуд. Ин дастоварди муҳим нишонаи эътирофи байналмилалии фаъолияти босамари Бонк ва саҳми он дар рушди маблағгузории савдо ва дастгирии соҳибкорӣ мебошад.

Дарёфти ин ҷоиза бори дигар нақши пешсафи Бонки «Арванд»-ро дар рушди маблағгузории савдо, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосири молиявӣ барои рушди тиҷорати хориҷӣ тасдиқ мекунад.

Мо ба шарикони байналмилалӣ ва мизоҷони худ барои эътимод ва ҳамкории самарабахш изҳори сипос намуда, минбаъд низ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорон фаъолияти худро идома хоҳем дод.

Бонки «Арванд»

Дастгирии мо, Дастоварди шумо!