Маълумоти муҳим!

Маълумоти муҳим!

22.05.2026

Мизоҷони муҳтарам,

Бонки «Арванд» мехоҳад шуморо бо моҳияти «Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ», ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ шудааст, шинос намояд:

Мақсади асосии лоиҳа - Фароҳам овардани шароити осон ва шаффоф барои фаъолияти соҳибкорони хурд ва худмашғулон. 

Барои кӣ: Ин тартиб танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. 

Имтиёзҳо: Барои соҳибкорони иштирокчии ин лоиҳа меъёри андоз аз 6% то 3% паст карда шуда, пешниҳоди ҳисоботҳои мураккаб бекор карда мешавад. Система андозҳоро ба таври худкор ҳисоб мекунад. 

Интиқолҳои оддии пулӣ байни шаҳрвандон (барои мақсадҳои шахсӣ ва оилавӣ) дар доираи ин лоиҳа ҳамчун объекти андозбандӣ арзёбӣ намегарданд.