ҚАҲРАМОНОНИ МУСОБИҚА — ТИМИ “АРВАНД”!

ҚАҲРАМОНОНИ МУСОБИҚА — ТИМИ “АРВАНД”!

21.05.2026

Рӯзи гузашта, 20 майи соли ҷорӣ, дастаи футболи Бонки "Арванд" дар финали мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони ташкилотҳои қарзии вилояти Суғд, бахшида ба гиромидошти хотираи мурраббии шоистаи Тоҷикистон Бобохонов Ниёзалӣ, бар муқобили дастаи “Рахш"-и Бонки Миллӣ вориди майдон гардид.

Бозии асосӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дастаи "Арванд" дар сонияҳои охири бозӣ тавонист ҳисобро баробар намояд ва дар силсилаи пеналтиҳо бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард. Дарвозабони даста бо бозии олиҷаноб ва сейвҳои ҳалкунанда нақши асосӣ бозид!

Бо ифтихор ҳайъати тими футболи “Арванд”-ро номбар менамоем:

  1. Ҳомидов Фирдавс
  2. Муқумов Алиҷон
  3. Ҷӯраев Раҳмон
  4. Султонов Баҳодур
  5. Маҳмудов Даврон
  6. Пӯлотов Фирдавс
  7. Бердиқулов Шерзод
  8. Миршарипов Абубакр
  9. Усмонов Исломҷон
  10. Махсудов Фазлиддин
  11. Собиров Шӯҳрат

Табрикоти самимии мо ба тамоми ҳайъати даста! Шумо ирода, муттаҳидӣ ва рӯҳи ҳақиқии ғалабаро нишон додед!

#Арванд #Чемпион #Футбол #Суғд #Arvand #Football #Champion