Бо чанд клик амонати муфидро дар Бонки “Арванд” кушоед!

Бо чанд клик амонати муфидро дар Бонки “Арванд” кушоед!

02.02.2024

 

Пас аз маҳсулоти қарзии рақамии “Тез Қарз”, Бонки “Арванд” ҷорӣ кардани маҳсулоти комилан нави рақамии амонатиро эълон кард, ки кушодани он дар замимаи мобилӣ осон ва дастрас аст. Бартарии асосии маҳсулоти нав дар он аст, ки барои кушодани амонат ба филиали Бонк рафтан лозим нест. Доштани бонкинги мобилии «Арванд» кифоя аст ва бо чанд клик шумо метавонед маблағҳои худро бо шартҳои хеле мусоид сармоягузорӣ кунед. Хатти пасандозҳои рақамӣ аз 3 маҳсулот иборат аст: “Сармоя”, “Устувор” ва “Дастрас24”, ки фоизҳо аз 10% то 19,5% дар як сол ва ба мӯҳлати 24 моҳ бо имконияти бемаҳдуд пурра кардан ва дар сурати зарурат гирифтани маблағ пешниҳод мешаванд.

Дар маҷмӯъ, Бонки “Арвандқарорҳои нави рақамиро бомуваффақият татбиқ намуда, роҳати муштариёнро дар мадди аввал мегузорад. Пас аз ин, шумо метавонед ба осонӣ интиқоли пулро қабул ва ирсол кунед, ҳаққи хидматрасонӣ ва харидро пардохт кунед, қарз гиред ва акнун дар бонкинги мобилии Арванд пасандоз кушоед. Бонк имсол 22 соли фаъолияти худро дар бозори молиявии Тоҷикистон ҷашн мегирад ва дар ин муддат боварии беш аз 500 ҳазор муштарии худро ба даст овардааст. Бонки Арванд мардуми кишварро ба истифодаи фаъолонаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти ҳаррӯза ҳавасманд мекунад, ки ин дар навбати худ ба рушди бештари қарорҳои технологӣ дар бахши бонкӣ такони хоҳад дод.

Маълумоти бештарро дар қисми "Амонатҳо" пайдо кардан мумкин аст.

Ба канали Бонки “Арванд” дар Телеграм обуна шавед.

Бонки "Арванд":

Дастгирии мо – дастоварди Шумо!