Эътироф беҳтарин ситоиш аст!

Эътироф беҳтарин ситоиш аст!

17.01.2024

Имрӯз, мо бо як ифтихори бузург изҳор менамоем, ки 12 январ, дар шаҳри Душанбе, зимни вохӯрии ҷамъбасти соли фаъолиятии бахши бонкӣ, ки дар он дастоварду ҳадафҳо дар соли гузашта мавриди баррасӣ қарор гирифт, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муассисаҳои молиявии кишвар аз рӯи 6 номинатсия қадрдонӣ гардидаанд ва Бонки «Арванд» дар номинатсияи "Барои иҷрои бомуваффақияит вазифаҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2023 гузошташуда" ғолиб баромада, сазовори "Сипоснома" гардид. Ин мукофот, эътирофи олии фаъолияти бомуваффақияти муассисаҳои молиявӣ мебошад, ки бори аввал дар мамлакат сарфароз мегардад ва барои мо боз ҳам хурсандибахштар аст, ки дар қатори аввалинҳо соҳиби он шудаем.

Ҳамаи ин ба шарофати дастаи муттаҳид, кордон ва мақсадноки Бонки «Арванд», ки дар тӯли 22 соли охир ҳамарӯза барои рушди муваффақияти шумо саъй мекунад, имконпазир гардид!

Мо, аз ҷониби худ, ба Роҳбарияти кишвар барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи молиявӣ, ба мизоҷон ва шарикони мо барои боварии онҳо дар роҳи тӯлонии бомуваффақияти рушд ва шукуфоӣ изҳори сипос менамоем!