«Рӯзи дарҳои кушод» дар ноҳияи Вахш

«Рӯзи дарҳои кушод» дар ноҳияи Вахш

02.05.2026

2 май дар доираи барномаи GEFF II Tajikistan бо дастгирии БАТР, Бонки «Арванд» якҷо бо дастаи GEFF II Tajikistan бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар қитъаи намоишии Хоҷагии деҳқонии «Танзила» дар ноҳияи Вахш «Рӯзи дарҳои кушод»-ро баргузор намуданд.

Иштирокчиён бо технологияҳои муосири гармхонаӣ ва «сабз», аз ҷумла обёрии қатрагӣ, кишоварзии амудӣ, панелҳои офтобӣ, нуриҳои биологӣ ва ҳалли рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ шинос шуданд.

Аз ҷониби Бонки «Арванд» Қосимова Гулнора баромад намуда, имкониятҳои маблағгузориро дар доираи барномаи GEFF муаррифӣ кард. Ҳамчунин, аз ҷониби мушовири лоиҳа Ҷӯраев Садриддин оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои сабз дар агробизнес маълумот пешниҳод гардид.

 

Чорабинӣ ба майдони мубодилаи таҷриба ва пешбурди роҳҳалҳои устувор дар бахши агросаноатӣ табдил ёфт.