Бонки «Арванд» ҳамчун беҳтарин оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф гардид

Бонки «Арванд» ҳамчун беҳтарин оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф гардид

01.05.2026

Бонки «Арванд» дар озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ташкил гардид, ҷои аввалро ишғол намуд.

Озмун ба дастгирии ташкилотҳои молиявие равона шудааст, ки дар рушди соҳибкории занон ва фароҳам овардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ барои онҳо саҳм мегузоранд.

Ин дастоварди Бонки «Арванд» натиҷаи кори мунтазам дар самти таҳияи хизматрасониҳои дастрас ва қулай барои бонувони соҳибкор мебошад. Бонк пайваста маҳсулот ва ташаббусҳоро барои дастгирии занон рушд медиҳад, аз ҷумла омӯзиш, машварат ва дастрасии содда ба воситаҳои молиявӣ.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Бонки «Арванд» ба дастгирии бонувони соҳибкор аҳамияти махсус медиҳад ва ин самтро ҳамчун яке аз афзалиятҳои стратегии худ муайян намудааст.

Бонк мунтазам дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, ки ба дастгирии соҳибкории бонувон равона шудаанд, иштирок менамояд. Аз ҷумла, «Арванд» иштирокчии барномаи «Women in Business»-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили IFC ҳамкорӣ мекунад, ки ба васеъ намудани имкониятҳои молиявӣ барои бонувон мусоидат менамояд.

Қаблан низ бонк дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби ҷоизаҳо ва эътирофи миллӣ ва байналмилалӣ шудааст.

Бонки «Арванд» ба ҳамаи мизоҷони худ — бонувони соҳибкор изҳори миннатдорӣ менамояд. Маҳз бо шарофати эътимод ва фаъолияти онҳо ин дастовард имконпазир гардид.

Барои Бонки «Арванд» рушди соҳибкории бонувон танҳо як самт нест, балки қисми муҳими рисолати иҷтимоии он мебошад. Бонк минбаъд низ барои фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба занон ва дастгирии онҳо дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ талош хоҳад кард.