GEFF Тоҷикистон ба бахши хусусӣ кумаки молиявӣ, техникӣ ва ҳавасмандкунии сармоягузорӣ бо мақсади рушди устувори кишвар пешниҳод менамояд. GEFF Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад, ки бо Иттиҳоди Аврупо, Фонди Иқлими Сабз ва Ҷумҳурии Корея ҳамкорӣ мекунад. GEFF Тоҷикистон ба соҳибкорон, деҳқонон ва хонаводаҳо дар кам кардани хароҷоти энергия ва дигар захираҳо инчунин барои баланд бардоштани рақобат тавассути истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои баландсифат кӯмак мерасонад.
Дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, GEFF Тоҷикистон грантҳо ба деҳқонон ва корхонаҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва занҷираҳои арзиши иловашуда фаъолият мекунанд, барои сармоягузорӣ ба таҷҳизотҳо ва технологияҳои муосир ва муассир пешниҳод менамояд. Гурӯҳи мутахассисони GEFF дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳии сармоягузорй ва татбиқи лоиҳа хизматрасониҳои техникӣ пешниҳод менамояд. Ин барои муайян кардани роҳи ҳалли беҳтарин ва таъмин кардани асоснокии техникии лоиҳа барои маблағгузорӣ дар доираи лоиҳаи GEFF кӯмак мерасонад.