Бонки "Арванд" дуюм маротиба дар рейтинги AFISAR беҳтарин ҳисобида шуд!

Бонки "Арванд" дуюм маротиба дар рейтинги AFISAR беҳтарин ҳисобида шуд!

22.10.2025

Мо хушҳол ҳастем ва эълон менамоем, ки Бонки «Арванд» барои соли 2024 бори дувум бо сертификати категорияи «А» дар рейтинги AFISAR қадрдонӣ шуд. Ин эътироф сатҳи баланди рушди устувор ва шаффофияти кори моро тасдиқ мекунад.

Рейтинги AFISAR (Sustainability Alignment Rating) — ин асбобест, ки аз ҷониби ташкилоти Agents for Impact таҳия шудааст ва нишон медиҳад, ки фаъолияти ташкилоти молиявӣ то чӣ андоза бо Ҳадафҳои рушди устувор (SDG) ва стандартҳои молияи устувор ҳамоҳанг аст. 

Барои Бонки «Арванд», гирифтани рейтинги категорияи «А» маънои онро дорад, ки мо бо стандартҳои байналмилалии рушди устувор пурра кор мекунем ва раванди кор ва портфели қарзии мо дараҷаи баланди масъулияти экологӣ, иҷтимоӣ ва идорагириро дорад.

Ба кормандон, мизоҷон ва шариконамон барои эътимод ва дастгирӣ арзи сипос менамоем — бо ҳам, ба сӯи ояндаи устувор қадам мегузорем.