Кушодани суратҳисоб дар хориҷа – огоҳинома ба Бонки Миллии Тоҷикистон онлайн!

Кушодани суратҳисоб дар хориҷа – огоҳинома ба Бонки Миллии Тоҷикистон онлайн!

03.10.2025

Бонки «Арванд» сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ менамояд:

Агар шумо дар бонкҳои хориҷӣ суратҳисоб кушода бошед, мувофиқи қонун ҳатман бояд дар муддати 10 рӯзи корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар диҳед.

Ин кор акнун ба таври онлайн ва хеле осон тавассути сомонаи расмии БМТ анҷом дода мешавад!

Раванди электронии огоҳинамоӣ оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби резидентҳо дар бонки хориҷа чунин сурат мегирад:

- Ворид шудан ба сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон https://nbt.tj

- Дар қисми рости сомона банди “Огоҳинамоӣ оид ба кушодани суратҳисоби бонкӣ” пахш карда мешавад;

- Дар қисми Маълумот оид ба резидентҳое, ки дар бонки хориҷӣ суратҳисоб мекушоянд, бандҳои ному насаб, ҷои истиқомат, почтаи электронӣ ва рақами телефон пур карда мешаванд;

- Баъдан, қисми Дархост барои огоҳинамоӣ пахш карда мешавад. Баъди падидор гардидани шакли тайёри дархост резидент ин шаклро ба таври хаттӣ ва ё электронӣ пур карда, нусхаи он тавассути қисми “Обзор” ба сомона пайваст карда мешавад;

- Нусхаи шиноснома, нусхаи Рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи маълумотнома (шартнома) аз бонки хориҷӣ, ки тасдиқкунандаи кушодани суратҳисоби резидент дар бонки хориҷӣ мебошад, дар қисмҳои “Обзор” пайваст карда мешаванд.

- Пас аз он, қисми “Матни дар расм бударо дохил намоед”  пур карда мешавад;

- Дар интиҳо қисми “Фиристондан” пахш карда мешавад. Пас аз пахши тугмачаи "Фиристондан" дар хати аввали саҳифа паёмаки "Дархости Шумо қабул карда шуд!" пайдо мешавад.

Диққат: Ба таъхир андохтани огоҳнамоӣ ё надодани он қонуншиканӣ ҳисобида мешавад.