IFC ва Бонки «Арванд» барои дастгирии соҳибкории хурд, бахши манзил ва самаранокии энергетикӣ дар Тоҷикистон саъйи муштарак менамоянд
· Маблағгузории IFC барои Бонки «Арванд» ба дастгирии лоиҳаҳои микроқарзҳои манзилӣ ва микросоҳибкорон, аз ҷумла занон равона карда мешавад.
· Лоиҳа ҳамчунин ба татбиқи ташаббусҳо дар самти самаранокии энергетикӣ мусоидат хоҳад кард.
Душанбе, Тоҷикистон, 8 сентябри соли 2025 — Бо мақсади дастгирии соҳибкории хурд дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занон-соҳибкорон, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва рушди қарздиҳии манзилӣ, IFC ба Бонки «Арванд» маблағгузорӣ дар асъори миллӣ ба маблағи 5 миллион доллари ИМА ҷудо менамояд.
Сармоягузориҳои дарозмуддати IFC ба Бонки «Арванд», ки аз соли 2019 ҳамкори IFC мебошад, имконият медиҳанд, ки қарздиҳиро ба соҳибкороне, ки аксаран дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ мушкилӣ мекашанд, инчунин ба микро ва соҳибкориҳои хурд, аз ҷумла ширкатҳои ба занон тааллуқдошта ва воқеъ дар деҳот, зиёд намояд. Ин маблағҳо ҳамчунин ба афзоиши ҳаҷми микромолия барои оилаҳои камдаромад дар деҳот равона мегарданд, ки бо ин роҳ онҳо метавонанд манзили нав бунёд намоянд ё манзили мавҷударо таъмир кунанд.
Бонки «Арванд» — яке аз провайдерҳои маъруфи хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба дастгирии қишрҳои камдаромад ва нокифоя хизматрасонӣ шуда, инчунин ба микро ва соҳибкориҳои хурд, хусусан дар минтақаҳои деҳот равона шудааст. Ширкат зиёда аз 58 000 қарзгирандаро дар саросари кишвар хизматрасонӣ мекунад.
«Микросоҳибкорон ва занон-соҳибкорон бахши муҳими иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Бо шарофати маблағгузории IFC шумораи бештари онҳо ба қарз дастрасӣ пайдо намуда, фаъолияти худро васеъ мекунанд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд», — изҳор дошт Шоира Содиқова, директори генералии Бонки «Арванд». — «Ғайр аз ин, мо мекӯшем барои ҳалли мушкили набудани маблағгузории дастрас дар бахши манзил саҳм гузорем».
Дар Тоҷикистон соҳибкориҳои хурду миёна (СХМ) тақрибан 60% ММД-ро ташкил медиҳанд. Аммо онҳо якҷоя бо микросоҳибкорон бо норасоии маблағгузорӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ин тақрибан 20% ММД ё қариб 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Илова бар ин, бисёре аз аҳолӣ, ки ба хизматрасониҳои молиявии анъанавӣ дастрасӣ надоранд, аз микросоҳибкории ғайрирасмӣ ҳамчун манбаи асосии даромад вобастаанд. Дастрасӣ ба маблағгузории манзил низ барои хонаводаҳои камдаромад, махсусан дар минтақаҳои деҳот, маҳдуд боқӣ мемонад.
«Бо ҳамкорӣ бо Бонки «Арванд», IFC мекӯшад имкониятҳои бештарро барои ҳазорҳо нафар ва соҳибкориҳои хурд, аз ҷумла ширкатҳои ба занон тааллуқдошта, фароҳам оварад. Ин иқдом ба таҳкими устувории бахши бонкдорӣ ва манзили Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», — қайд намуд Вибке Шлёмер, директори IFC оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ. Ӯ инчунин илова намуд, ки «ин ҳамкорӣ ба рушди ташаббусҳои самаранокии энергетикӣ низ мусоидат намуда, навовариро ташвиқ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин хоҳад кард».
Сармоягузории IFC тавассути механизми маблағгузории омехтаи IDA PSW (Blended Finance Facility ва Local Currency Facility) дастгирӣ мешавад. Созишнома дар доираи платформаи IFC MSME Finance Base of the Pyramid (BOP) амалӣ мегардад, ки ба кредитдиҳии муассисаҳои молиявӣ кӯмак карда, соҳибкориҳои хурдро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои барқароршавӣ баъди пандемияи COVID-19 ва мушкилоти вобаста дастгирӣ менамояд.
Бештар дар бораи Бонки «Арванд»: https://arvand.tj
Дар бораи IFC
IFC, ки ба таркиби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дохил мешавад, бузургтарин муассисаи байналмилалии рушди бахши хусусӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд ба ҳисоб меравад. Мо дар беш аз 100 кишвар фаъолият намуда, сармоя, донишу таҷриба ва нуфузи худро барои эҷоди бозорҳо ва имкониятҳо дар кишварҳои рӯ ба рушд истифода мебарем. Дар соли молиявии 2025 IFC ба ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ маблағи рекордии 71,7 миллиард доллари ИМА ҷудо намуд ва бо истифодаи ҳалли пешниҳодкардаи бахши хусусӣ сармояи хусусиро ҷалб карда, барои таъсиси ҷаҳон бидуни фақр ва муносиб барои зиндагӣ саҳм гузошт. Маълумоти бештар дар сомона: www.ifc.org
Шабакаҳои иҷтимоии мо: IFC дар шабакаҳои иҷтимоӣ.