Бонки «Арванд» узви эътилофи байналмилалии GABV гардид

Бонки «Арванд» узви эътилофи байналмилалии GABV гардид

25.07.2025

ҶСП Бонки «Арванд» бо ифтихор хабар медиҳад, ки пас аз интихоби амиқ ба Global Alliance for Banking on Values (GABV) — эътилофи байналмилалии ташкилотҳои молиявӣ, ки бар асоси принсипҳои бонкдории арзишҳо фаъолият мекунанд, пазируфта шуд.

GABV беш аз 70 бонк ва муассисаҳои молиявиро дар саросари ҷаҳон муттаҳид месозад, ки на танҳо натиҷаҳои молиявӣ, балки манфиатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва ҷамъиятии фаъолияташон-ро авлотар медонанд. Узвият дар ин эътилоф барои Бонки «Арванд» имконияти дастрасӣ ба таҷрибаи байналмилалии рушди устувор, роҳҳои навоварона дар хизматрасонии бонкӣ ва лоиҳаҳои муштарак бо ташкилотҳои пешбари молиявӣ фароҳам меорад.

«Мо ифтихор дорем, ки қисми GABV гардидем. Ин қадам иртиботи моро ба бонкдории арзишҳо тасдиқ намуда, ҳадафи моро дар самти мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қавитар месозад», — гуфт Содикова Ш.М., Раиси Бонки «Арванд».

Бонки «Арванд» дуюмин бонк дар Тоҷикистон аст, ки ба GABV пайваст, ки бо ин мавқеи кишварро дар саҳнаи байналмилалии молиявӣ тақвият дод.