Пирӯзии Бонки "Арванд"!
13.05.2025
Мо бо ифтихор эълон менамоем, ки ҶСП Бонки “Арванд” дар доираи озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар номинатсияи “Татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ғолиб дониста шуд.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ Раиси Раёсати ЧСП Бонки "Арванд" Содиқова Шоира Музаффаровна иштирок намудаанд.
Дастгирии соҳибкории бонувон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бонк мебошад. Мо на танҳо маҳсулоти молиявӣ пешниҳод мекунем, балки барои рушди устувор ва эътимоднокӣ имкониятҳо фароҳам меорем.
Танҳо дар як соли охир аз Бонки «Арванд» ба бонувони соҳибкор беш аз 10 қазор қарз ба маблағи 280 миллион сомонӣ дода шудааст.
Мо мунтазам тренингҳо ва семинарҳо мегузаронем, ки ба рушди соҳибкории бонувон ва баланд бардоштани саводнокии молиявӣ нигаронида шудаанд, то ҳар як зани соҳибкор дар кишварамон тавоноии худро амалӣ созад.
Бонки "Арванд" ба қудрати бонувон бовар дорад ва сармоягузорӣ карданро барои муваффақияти онҳо идома медиҳад!