Хабарномаи матбуотӣ
Бонки «Арванд» ба OBBO — аввалин маркетплейси иҷтимоии Тоҷикистон сармоягузорӣ намуд
Хуҷанд, апрели соли 2025 — Тиҷорати электронии рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025–2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо» эълон карда, зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва тавсеаи имкониятҳои рақамӣ барои шаҳрвандонро таъкид намуданд.
Дар заминаи ин ташаббус, Бонки «Арванд» бо ифтихор аз шарикӣ ва сармоягузории стратегии худ ба OBBO — аввалин маркетплейси иҷтимоии Тоҷикистон, ки ба дастгирии шахсони худмуздур, ҳунармандон ва соҳибкорони наврас равона шудааст, хабар медиҳад. Яке аз бартариҳои калидии платформаи OBBO ин имконияти харид бо пардохти қисм-қисм мебошад, ки тавассути чор ташкилоти молиявӣ, аз ҷумла Бонки «Арванд» пешниҳод мегардад. Ин имконият харидҳоро барои доираи васеи аҳолӣ дастрас намуда, монеаҳо ба иштирок дар тиҷорати электронӣ ва рақамӣ коҳиш медиҳад.
Ба туфайли ин сармоягузорӣ, Бонки «Арванд» экосистемаи рақамии худро васеъ намуда, дастрасӣ ба базаи васеи таъминкунандагон ва муштариёни OBBO-ро ба даст меорад. Ҳамзамон, Бонк шабакаи филиалҳои худ ва дастаи мураббиёнро дар доираи лоиҳаи «Модари соҳибкор» фаъол месозад, ки ба фаъолияти иқтисодии занон дар саросари кишвар дастгирӣ мерасонад.
«Аксар вақт соҳибкорон дар пайдо кардани харидор ва бозор барои фурӯши маҳсулоти худ душворӣ мекашанд. Иҷораи ҷой ва хароҷоти дигар монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Маркетплейсҳое чун OBBO роҳи воқеии рушди каналҳои фурӯш ва тиҷорати рақамӣ дар кишвар мебошанд. Дастгирии мо аз OBBO — ин сармоягузорӣ на танҳо ба як тиҷорати умедбахш, балки ба ояндаи рақамии Тоҷикистон мебошад. Мо бовар дорем, ки рушди тиҷорати электронӣ яке аз қадамҳои муҳими тавсеаи имкониятҳо барои шахсони худмуздур ва соҳибкорон мебошад», — таъкид намуд намояндаи роҳбарияти Бонки «Арванд».
Лоиҳа аллакай худро дар бозор муаррифӣ намудааст ва дар марҳилаи фаъоли рушд қарор дорад. Дар нақшаҳои соли 2025 тавсеаи инфрасохтори OBBO пешбинӣ шудааст: насби 50 почтомат, зиёда аз 10 нуқтаи супоридани фармоишҳо, 50 киоски сенсорӣ дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар манотиқи дурдаст. Ҳамчунин, ба роҳ мондани замимаи мобилӣ ва таъсиси Академияи OBBO ва Клуби фурӯшандагон дар назар аст.
Ин иқдом пурра ба стратегияи Бонки «Арванд» дар самти рушди фарогирии молиявӣ, рақамисозии хизматрасониҳо ва дастгирии ташаббусҳои иҷтимоии устувор мутобиқат дорад.
Ба Бонки «Арванд» обуна шавед!