Ҳамкории бомуваффақият бо GEFF II Тоҷикистон!
06.03.2025
Мизоҷи ҶСП Бонки "Арванд" Холмуратов Т. бо муваффақият аз барномаи GEFF II Тоҷикистон истифода мебарад!
Холмуратов Т. аз соли 1992 дар ноҳияи Турсунзода ба кишоварзӣ машғул аст. Аввал бо дигар бонк ҳамкорӣ дошт, вале баъд аз гирифтани маълумот дар бораи GEFF, ҳамкориро бо Бонки "Арванд" оғоз кард.
Тавассути маблағгузории GEFF, ӯ аввал боғи ангур бунёд намуда, сипас гармхона сохт. Ҳоло бо маблағи навбатӣ ӯ гармхонаи калон бунёд кардааст. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Бонки "Арванд", мизоҷ фаъолияти худро тавсеа дода, имрӯз соҳиби 3 гармхонаи замонавӣ ва боғи ангур мебошад!
GEFF II Тоҷикистон - барномаи маблағгузории иқтисоди сабз, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) амалӣ мешавад. Барнома бо дастгирии Хазинаи иқлими сабз, Вазорати федералии Австрия ва Ҷумҳурии Корея татбиқ гардида, ба рушди энергияи сабз ва устувории муҳити зист равона шудааст.
GEFF маблағгузории энергияи барқароршаванда, гармхонаҳои самаранок, таҷҳизоти каммасраф, технологияи муосир барои хоҷагии қишлоқ ва дигар лоиҳаҳои сабз-ро бо пешниҳоди то 25% грант дастгирӣ менамояд.
Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба маблағгузории технологияҳои сабз, ба Бонки "Арванд" муроҷиат намоед!