Эҳтиёт шавед!
17.07.2024
Мизоҷони азиз, диққати шуморо ба зарурати пешгирии амалҳои қаллобӣ равона мекунем!
Барои муҳофизат кардани худ, мо тавсия медиҳем, ки қоидаҳои зеринро қатъиян риоя намоед:
- Ҳеҷ гоҳ маълумоти махфии худро ба касе нагӯед;
- Истинодҳои шубҳанок ва SMS пайгирӣ накунед;
- Агар ба шумо аз рақамҳои ношинос занг зада, худро кормандони бонк муаррифӣ кунанд, ҳушёр бошед;
- Ҳангоми шубҳа, ба маркази тамоси бонк бо рақами 5252 муроҷиат кунед.
Дар хотир доред: ҳушёрӣ беҳтарин муҳофизати шумост!