Тарҷумаи ҳол:
Соҳил Шах Донишгоҳи Мичиган дар Анн-Арборро бо дараҷаи магистри молия хатм карда, инчунин дараҷаи бакалаврро дар соҳаи муҳандисии электроника дар Донишгоҳи Мумбай гирифтааст.
Ӯ дорои таҷрибаи 15-сола дар соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ, сармоягузориҳои импакт (impact investments), сармояи венчурӣ ва бонкдории сармоягузорӣ мебошад. Соҳил дорои таҷрибаи васеи байналмилалӣ дар давлатҳое чун Ҳиндустон, Шри-Ланка, Камбоҷа, Индонезия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, ИМА ва кишварҳои Африқои ҷануби Саҳро мебошад. Махсусгардонии ӯ ба сармоягузорӣ дар соҳаи фарогирии молиявӣ (микромолия, маблағгузории манзил, қарздиҳии КХМ) ва платформаҳои финтех нигаронида шудааст.
Дар соҳаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамроҳии муомилот таҷрибаи назаррас дорад:
- Аз соли 2019 инҷониб Директор ва роҳбари самти сармоягузориҳои венчурӣ дар ширкати Gojo & Company, Inc. мебошад, ки дар он ҷо тамоми ҷанбаҳои раванди транзаксиониро — аз ҷустуҷӯ ва моделсозии молиявӣ то гуфтушунидҳо ва хуруҷ аз сармоягузорӣ — идора мекунад.
- Ҳаммуассис ва шарики сармоягузории фонди UNLEASH Capital Partners (бо сармояи 35 млн доллари ИМА) мебошад, ки ба стартапҳои финтех дар марҳилаҳои аввал нигаронида шудааст.
- Қаблан шабакаи сармоягузории Intellecap Impact Investment Network-ро роҳбарӣ мекард, ки дар он ҷо зиёда аз 35 сармоягузориро ба маблағи тақрибан 15 млн доллари ИМА амалӣ намуда, тавсеаи шабакаро дар Кения назорат кардааст.
- Дар бонкдории сармоягузории глобалии Bank of America кор карда, дар муомилоти стратегии муттаҳидшавӣ ва азхудкунӣ (M&A) бо ҳаҷми то 6,8 млрд доллари ИМА иштирок намудааст.
Дар мақомоти идоракунии институтҳои молиявӣ мавқеъҳои баландро ишғол мекунад:
- То моҳи феврали 2026 сол Аъзои Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» (Ҷумҳурии Тоҷикистон).
- Аъзои шӯрои директорон дар ширкатҳои Satya Microhousing Finance (Ҳиндустон) ва Sejaya Microcredit (Шри-Ланка).
- Аъзои кумитаи иҷроия ва роҳбари кумитаи сармоягузорӣ дар Gojo & Company, Inc..
Аз соли 2016 инчунин ҳамчун ангел-инвестор баромад намуда, стартапҳоро дар соҳаҳои технология, тандурустӣ ва агротехнология дар саросари ҷаҳон дастгирӣ мекунад.