Тачрибаи кор:
Шоира Содиқова аз соли 2000 собиқаи бойи корӣ дар соҳаи маблағгузорӣ ва идоракунӣ дорад.
Фаъолияти кории худро дар ТҒД "Саодат" дар доираи лоиҳаи "Оянда" оғоз намудааст, ки он қарздиҳиро дар намуди молӣ анҷом медод. Ӯ дар мабдаъи Фонди қарзии хурди "МикроИнвест" ва ҶДММ ТАҚХ «Арванд» қарор дошта, фаъолияти худро ба ҳайси Раиси ҶСП Бонки «Арванд» идома медиҳад.
Ғолиби ҷоизаи бонуфузи байналмилалии "Зан дар тиҷорат 2014" барои "Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муассисаи молиявӣ" ва саҳми назаррас дар рушди бахши молиявии Тоҷикистон. Ғолиби ҷоизаи "Беҳтарин соҳибкори соли 2019" вилояти Суғд. "Зани соҳибкори соли 2021" ва дорандаи ҷоизаи "Рейтинги ҷаҳонии 100 зани соҳибкори муваффақ" аз ҷониби "Клуби байналмилалии занони муваффақ".