
Маросими ҷоизасупорӣ барои ғолибони озмуни "История успеха"
Хуҷанд. "12" августи 2020 сол.
Дар доираи "Барномаи мутобиқшавӣ ва кам кардани оқибатҳои тағирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал", дар дафтари марказии Бонки "Арванд" бо иштироки Раиси Бонк Содиқова Ш.М. ва намояндагони Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар назди Вазорати Молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни "История успеха" дар байни кормандони Бонки "Арванд" ҷамъбаст карда шуданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ ба кормандон ва муштариёни онҳо шаҳодатномаҳо ва тӯҳфаҳои арзанда тақдим карда шуданд. Бояд қайд кард, ки аз оғози лоиҳаи Арал ба қариб 6 ҳазор муштариён беш аз 51,7 миллион сомонӣ пешкаш шудааст.