Ифтитоҳи идораи нав

📌 Хуҷанд. 24 августи 2020 сол. 
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи тантанавии идораи нави Бонки "Арванд" баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки 18 сол пеш аввалин намояндагии Бонки "Арванд" дар шаҳри Хуҷанд кушода шуда буд. Имрӯз Бонки "Арванд" - ин як бонки замонавӣ, ки ҳудуди ҷуғрофиро васеъ менамояд ва дар маркази шаҳр идораи нави хизматрасонии бонкӣ мекушояд.

Тибқи сухани директори филиал дар шаҳри Хуҷанд Абдуллоев Х.Т. суроға тасодуфӣ интихоб нашудааст. Як намояндагӣ 8 сол пеш, дар маркази Хуҷанд, дар паҳлӯи
истгоҳи "Ғафуров - Хуҷанд", ки он дар байни аҳолӣ машҳур гаштааст, кушода шудааст. Ҳоло идораи нав дар назди истгоҳи автобусҳои "Хуҷанд-Ғафуров"
ифтитоҳ шудааст. Дар идораи нави замонавӣ шумо ҳамеша метавонед амонат кушоед, қарз дархост намоед ё аз интиқоли маблағ истифода баред.

Тавассути 70 намояндагии Бонк, мизоҷон аз як қатор хизматрасониҳои бонкӣ, аз мубодилаи асъор то гузаштани мушаххаскунӣ барои истифодабарии бонки мобилӣ истифода мебаранд. Барои соҳибкорон, бонк пасандозҳои фоиданок, барномаҳои қарздиҳии мувофиқ ва як қатор пешниҳодҳои судмандро дар доираи аксияҳои гуногун пешниҳод менамояд.

Бонки "Арванд"
Дастгирии мо - дастоварди Шумо!