Шартномаи бонкинги фосилави

ШАРТНОМА БАРОИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ БОНКИНГИ ФОСИЛАВӢ

(ИНТЕРНЕТ БОНКИНГ/БОНКИНГИ МОБИЛӢ) БАРОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ -

ОФЕРТАИ ОММАВӢ

Шартномаи мазкур, ки аз ҷониби ҶСП Бонки "Арванд" (минбаъд - Бонк ) дар шабакаи Интернет, дар сомонаи расмии Бонк дар суроғаи: https://www.arvand.tj нашр шудааст, оферта -пешниҳоди оммавии Бонк оиди бастани Шартнома дар бораи пайвасткунии бонкинги фосилавӣ (Интернет-бонкинг/ Бонкинги мобилӣ) - Пешниҳоди оммавӣ (минбаъд дар матн - Шартнома) бо шахси воқеие, ки Шартномаи суратҳисоби бонкӣ/амонатӣ/қарзӣ барои шахсони воқеӣ (бо асъори миллӣ ва хориҷӣ) бастааст - (минбаъд  дар матн - Мизоҷ номида мешавад).

Бонк ҳуқуқ дорад дилхоҳ вақт бо салоҳдиди худ шартҳои офертаи оммавиро тағйир диҳад ё бозхонд кунад. Дар сурати шартҳои офертаро тағйир додани Бонк, тағйирот пас аз лаҳзаи дар шабакаи Интернет дар суроғаи www.arvand.tj ҷойгир намудани шартҳои тағйирдодашуда  эътибор пайдо мекунанд ё ҳар як воридшавии минбаъдаи Мизоҷ ба Система ва истифодаи система аксепт (қабул)-и тағйирот ва/ё иловаҳои дахлдор мебошад.

Аз лаҳзаи аз ҷониби Мизоҷ аксепт (қабул) шудани офертаи оммавии Бонк, Шартнома байни Бонк ва Мизоҷ басташуда ҳисобида мешавад.

Аз тарафи Мизоҷ ба Бонк пешниҳод шудани аризаи ба таври лозимӣ пуркарда ва имзошуда барои пайваст кардани системаи "Интернет-Бонкинг/Бонкинги мобилӣ" аз рӯи шакли Бонк, далели аксепти офертаи оммавӣ, яъне розигии Мизоҷ барои бастани Шартнома мебошад.

Офертаи оммавии мазкур аз рӯи  меъёрҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

Истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар ШАРТНОМА ИСТИФОДА ШУДААНД

Аутентификатсия - ин муқарраркунии шахсият бо роҳи санҷиши аслияти мушаххасоти пешниҳодшуда (ПИН-рамз, рамзи ҳосилшуда, логин ва ғайра) мебошад.

Бонкинги фосилавӣ - ин хизматрасонии фосилавии бонкӣ (минбаъд - ХФБ) барои аз тарафи Мизоҷ  бо истифодаи воситаҳои барномавӣ, техникӣ ва системаҳои телекоммуникатсионӣ, ки ҳамкории Бонк ва Мизоҷро тавассути системаи ХФБ таъмин мекунад, идоракунии фосилавии суратҳисоб/суратҳисобҳои худ, ки дар Бонк тибқи Шартномаи суратҳисоби бонкӣ / амонатӣ / қарзӣ барои шахсони воқеӣ кушода шудааст/кушода шудаанд (бо асъори миллӣ ва хориҷӣ), (минбаъд  дар матн -  Шартномаи суратҳисоби бонкӣ), инчунин ҳамёни электронӣ бо истифодаи воситаҳои барномавӣ, техникӣ ва системаҳои телекоммуникатсионӣ, ки ҳамкории Бонкро бо Мизоҷ тавассути Системаи ХФБ таъмин менамояд;

Системаи ХФБ тибқи Шартномаи мазкур дар бар мегирад:

Системаи Интернет-бонкинг (минбаъд дар матн - "ИБ") - ин воситаи фосилавии хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки бо ёрии он Мизоҷ метавонад бе супориши хаттӣ воситаҳои пулии дар суратҳисобҳои ӯ мавҷудбударо идора карда, тавозун ва иқтибос аз ҳисобҳоро дида  ва, инчунин, аз дигар хизматрасониҳои пешниҳодкардаи Бонк истифода барад.

Системаи Бонкинги мобилӣ (минбаъд дар матн - БМ) воситаи фосилавии хизматрасонии бонкӣ мебошад, ки бо ёрии он мизоҷ бе супориши хаттӣ воситҳои пулии дар суратҳисобҳои ӯ мавҷудбударо идора карда, тавозун ва иқтибос аз ҳисобҳоро дида  ва, инчунин, аз дигар хизматрасониҳои пешниҳодкардаи Бонк истифода барад.

Абзори (приложение) мобилӣ - таъминоти барномавӣ барои дастгоҳи мобилӣ (смартфон, планшет) дар платформа (системаи амалиётии Android ва iOS) мебошад, ки барои ба Мизоҷон таъмин намудани имкони анҷом додани амалиётҳои идоракунии суратҳисобҳои дар Бонк кушодаи онҳо ба воситаи дастгоҳҳои мобилӣ тавассути шабакаи Интернет таъмин пешбинӣ шудааст.

Ҳуҷҷати пардохтҳои электронӣ (минбаъд дар матн - ҲПЭ) супориши фосилавии Мизоҷ барои анҷом додани амалиёт аз рӯи суратҳисоби дар Бонк кушодашуда, ки ба Бонк дар шакли электронӣ ирсол шуда, бо маълумоти дахлдори мушаххассозӣ тартиб дода ва тасдиқ шудааст.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2.1. Бо мақсади ба таври фосилавӣ амалиёти бонкиро анҷом додани Мизоҷ, Бонк бо иқдоми Мизоҷ, бо истифодаи каналҳои дастраси шабакаи Интернет бо истифодаи дастгоҳҳои мухталиф, аз ҷумла телефони мобилӣ, ба Мизоҷ ба системаи ХФБ дастрасӣ медиҳад. Бо аксепти офертааи мазкур, Мизоҷ мувофиқи моддаҳои 467-477 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки бо шартҳои офертаи мазкур шинос шудааст, барои вай фаҳмост ва розигӣ, омодагӣ ва хоҳиши худро барои истифодаи системаи ХФБ тасдиқ мекунад.

2.2. Дастрасӣ ба шабакаи Интернет, дигар воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавӣ, ки барои дастрасӣ ба сомонаи www.arvand.tj заруранд, мавзӯи Шартномаи мазкур нестанд ва аз ҷониби Мизоҷ мустақилона ва аз ҳисоби худи ӯ таъмин карда мешавад.

2.3. Бо истифодаи системаи ХФБ Мизоҷ иқдом мекунад ва Бонк мувофиқи шартҳои Шартномаи мазкур, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии дохилии Бонк ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиётҳои бонкиро иҷро мекунад.

2.4. Иқдом намудани ҳама гуна амалиёт аз ҷониби Мизоҷ бо истифодаи Системаи ХФБ далели кофии он аст, ки Мизоҷ бо таҳрири дар лаҳзаи дахлдор амалкунандаи Шартномаи мазкур шинос шудааст.

2.5. Имконияти иҷрои амалиёт дар системаи ХФБ  аз ҷониби Бонк ба Мизоҷе, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ мебошад, дода мешавад:

2.5.1. Байни Бонк ва Мизоҷ Шартномаи мазкур баста шудааст;

2.5.2. Мизоҷ дар система сабтином шудааст;

2.5.3. Мизоҷ соҳиби суратҳисоби дар Бонк кушодашуда мебошад.

2.6. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки маълумоти мушаххаскунанда  барои дастрасӣ ба Системаи ХФБ аналоги имзои имзои рақамии электронии Мизоҷ мебошанд, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ҶТ) ба танзим дароварда мешавад.

2.7. Тарафҳои Шартномаи мазкур инчунин эътироф мекунанд, ки маълумотҳои мушаххаскунанда барои дастрасӣ ба Системаи ХФБ ҳамчун имзои шахсан гузоштаи Мизоҷ дониста мешаванд.

2.8. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки ҲПЭ Мизоҷ оид ба анҷом додани амалиёт тавассути Системаи ХФБ ба супоришҳое, ки аз ҷониби Мизоҷ дар ҳомили (шакли) коғазӣ гирифташуда ва мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда баробар дониста мешавад.

2.9. Супоришоти Мизоҷ оид ба анҷом додани амалиёт дар Системаи ХФБ ба таври электронӣ дар шакли ҲПЭ, ки бо маълумоти мушаххаскунандаи Мизоҷ тасдиқ шудааст, ирсол мешавад.

2.10. ҲПЭ-ро Бонк дар соатҳои корӣ ва рӯзҳои муқарраркардаи Бонк анҷом медиҳад. Иҷрои ҲПЭ, ки пас аз вақти муқарраршуда ворид шудааст, рӯзи дигари корӣ гузаронида мешавад.

3. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ХИДМАТРАСОНӢ БА МИЗОҶ

3.1. Дар доираи системаи пешниҳодшуда, Бонк ба Мизоҷ хизматрасониҳои зеринро пешниҳод мекунад:

3.1.1. аз назар гузаронидани вазъи суратҳисоб дар низоми вақти воқеӣ ба сана ё давраи мушаххас;

3.1.2. гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати маблағҳои суратҳисоб;

3.1.3. омода кардани супоришоти пардохт, аз назар гузаронидан ва таҳрир намудани онҳо то фиристодан ба Бонк;

3.1.4. пешбурди феҳристи шахсии гирандагон (қолаби ҳуҷҷатҳо);

3.1.5. гирифтани маълумот дар бораи шартномаҳои басташуда ва амалиётҳо аз рӯи суратҳисобҳои Мизоҷ;

3.1.6. ба маълумоти худ гирифтани қурби асъор, ки Бонк муқаррар кардааст ва гузаронидани амалиётҳои мубодилаи асъор;

3.1.7. дидани суроғаҳо, дфтарҳои корӣ ва банкоматҳои Бонк;

3.1.8. қарздиҳӣ;

3.1.9. интиқоли пул;

3.1.10. дигар хизматрасониҳои аз ҷониби Бонк тавассути Системаи ХФБ пешниҳодшаванда.

3.2. Номгӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда метавонад васеъ карда шавад. Мизоҷ маълумотро дар бораи амалиётҳое, ки тавассути системаи ХФБ пешниҳод карда мешавад, дар сомонаи www.arvand.tj ё дар дафтарҳои кории Бонк ба даст оварда метавонад.

3.3. Мизоҷ ҳаққи хизматрасониҳои пешниҳодшударо мувофиқи тарофаҳои Бонк, ки дар вақти анҷом додани амалиёт дар толорҳои амалиётӣ ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj ҷойгир карда шудаанд, пардохт менамояд.

3.4. Пардохти хизматрасониҳои Бонк аз рӯи Шартномаи мазкур бо пули миллии сомонӣ, бо роҳи соқиткунии беаксептии воситаҳои пулӣ аз дилхоҳ суратҳисоб/суратҳисобҳои Мизоҷ амалӣ карда мешавад. Бонк ҳуқуқ дорад, ки  барои пардохти хизматрасонӣ  оид ба гузаронидани амалиёт, воситаҳои пулии дар дилхоҳ суратҳисобҳои Мизоҷ бударо бо мубодила намудани онҳо ба қурби  асъори дахлдор, ки Бонк мехарад, истифода барад.

3.5. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки ҳуҷҷатҳое, ки онҳо дар системаи Интернет-бонкинг мубодила мекунанд, эътибори ҳуқуқӣ доранд.

3.6. Аутентификатсия ва тасдиқи ҳуқуқҳои мизоҷ ба дастрасӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дурдаст/фосилавӣ бо истифода аз ПИН рамз/ рамзи ҳосилшуда, исми шаб (гузарвожа), меъёрҳо сурат мегирад.

3.7. Бонк махфияти маълумоти ирсол ва қабулшавандаро тавассути  ҳимояи  шабакаи дохилибонкии иттилоотӣ ва амалиётӣ ва муҳофизати иловагии вобаста ба амалиёти бехатарии техникӣ, ки дараҷаҳои зерини ҳимояро дар бар мегирад, кафолат медиҳад:

- ҳимояи гузарвожа барои дастрасӣ ба барнома;

- муҳофизати гузарвожаии низоми интиқоли маълумот;

- рамзикунонии иттилооти ирсол ва қабулшаванда;

- имзои электронии рақамӣ (ИЭР танҳо дар сурати иҷозатномаи  рақамии аз ҷониби Бонк додшударо истифода бурдани Мизоҷ дастрас мебошад);

- дастрасӣ ба Системаҳои ХФБ бо ёрии гузарвожа ва логин амалӣ карда мешавад;

- ҳама пайвастшавиҳо ба шабакаҳои беруна бо ёрии экранҳои байнишабакавӣ ҳимоя шудаанд;

- таъмини ҳифзи криптографии иттилоот (ҳифзи криптографии иттилоот бо истифодаи технологияи рамзгузорӣ амалӣ карда мешавад);

- гузарвожаи яккарата ба рақами телефоне, ки дар дархости Мизоҷ сабт шудааст, тариқи ирсоли СМС-паём.

3.9. Ҳисоббаробаркунӣ дар шакли ғайринақдӣ барои Мизоҷ дар лаҳзаи гирифтани тасдиқи Бонк оид ба қабули ҳуҷҷати пардохт барои иҷроиш бебозхонд шуда, ва ҳангоми аз суратҳисоб / суратҳисобҳои Мизоҷ соқит намудани маблағ - ниҳоӣ мегардад.

3.10. Дар сурати ба вуҷуд омадани дилхоҳ баҳсҳо, маълумоте, ки дар серверҳои Бонк сабт шудаанд, бояд ҳамчун далелҳои транзаксияҳои гузаронидашуда баррасӣ шаванд.

3.11. Доир ба масъалаҳое, ки дар Шартнома танзим нашудаанд, Тарафҳо шартҳои умумии Бонк, инчунин шартномаи байни Мизоҷ ва Бонк дар бораи кушодан ва пешбурди суратҳисоби бонкӣ / гирифтани қарз басташуда дастури амал қарор медиҳанд.

3.12. Бонк дастрасиро ба Системаи ХФБ дар ҳолатҳои зерин бозмедорад/қатъ мекунад:

3.12.1. бастани суратҳисоб/суратҳисобҳои ба хизматрасонӣ  тавассути системаи "Интернет-бонкинг / Бонкинги мобилӣ" пайвастшуда;

3.12.2. 3 (се) маротиба кӯшиши бемуваффақияти ворид намудани маълумоти мушаххаскунанда (номи истифодабаранда, гузарвожа, ПИН рамз);

3.12.3. фаъолияти шубҳаноки Мизоҷ;

3.12.4. пардохт накардани ҳаққи хидматрасониҳои Бонк;

3.12.5. пайдо шудани носозиҳои техникӣ ҳангоми кор бо Системаи ХФБ;

3.12.6. иваз намудани таъминоти барномавӣ ва гузаронидани корҳои профилактикӣ;

3.12.7. пайдо шудани ҳолатҳои баҳсӣ вобаста бо истифодаи Шартномаи мазкур;

3.12.8. Дар сурати бо дархости Бонк  дар давоми 3 (се) рӯз пешниҳод накардани маълумот ва ҳуҷҷатҳои марбут ба фаъолияти ӯ ва амалиётҳои бонкие, ки вай мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастовардаро танзим менамояд.

3.12.9. дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

3.13. Дар давоми бартараф намудани мушкилоти техникӣ, Мизоҷ бояд амалиёти бонкиро ба Бонк ҳуҷҷати пардохтии дар шакли коғазӣ ба расмиятдароварда ва аз тарафи Мизоҷ имзошударо пешниҳод намуда, анҷом диҳад. Тартиби пешниҳод/қабули арзу шикоятҳои Мизоҷ, шартҳои баррасӣ ва қарорҳои онҳо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

3.14. Телефон барои хизматрасонӣ ба мизоҷон: 52-52

4. МУАЙЯНСОЗӢ

4.1. ИМуайянсозии Мизоҷ ва анҷом додани амалиёт ҳангоми истифодаи системаҳои ХФБ бо истифодаи логин, гузарвожа ва ПИН рамз, ки Бонк додааст (минбаъд дар матн - гузарвожа ) анҷом дода мешавад.

4.2. Истифодаи гузарвожаҳо аз ҷониби Мизоҷ ҳангоми анҷом додани амалиётҳо бо системаҳои ХФБ ба имзои мизоҷ баробар дониста мешавад.

4.3. Мизоҷ розӣ мешавад, ки ҳамаи амалиётҳои бо истифодаи гузарвожаҳои Мизоҷ анҷомдода, нисбати Бонк ҳамчун дуруст амал карда, бояд иҷро шаванд. Мизоҷи шахси воқеӣ буда бояд гузарвожаро шахсан истифода барад. Барои таъмини бехатарии амалиётҳо, Мизоҷ бо тартиб ва муҳлати муқарраркардаи Бонк гузарвожаҳоро мунтазам иваз мекунад.

4.4. Агар гузарвожаҳо гум ё дуздида шуда бошанд ё ба шахсони сеюм, ки ба истифодаи онҳо ваколат надоранд, маълум шаванд ё метавонанд маълум шаванд, Мизоҷ вазифадор аст, ки фавран тавассути телефони хадамоти дастгирии мизоҷон 52-52 ё бевосита ба идораи Бонк хабар диҳад.

4.5. Бонк аз Мизоҷ дар бораи гум кардан ё дуздии гузарвожаҳои дастрасӣ огоҳинома гирифта, то тағйир додани гузарвожаҳо ё то ба Бонк фармоиши хаттӣ оид ба бекор кардани блокгузории гузарвожаҳои дастрасӣ ба системаи Интернет-бонкингро фиристодани Мизоҷ, дастрасиро ба системаи "Интернет-бонкинг/ Бонкинги мобилӣ" қатъ мекунад.

5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

5.1. Бонк уҳдадор аст:

5.1.1. Ба Мизоҷ дастрасиро ба Системаи ХФБ тавассути шабакаи Интернет ё абзори мобилӣ таъмин намояд.

5.1.2. Амалиётҳое, ки Мизоҷ  бо истифодаи Системаи ХФБ иқдом кардааст, мутобиқи шартҳои Шартномаи мазкур анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар Шартномаи мазкур пешбинишуда.

5.1.3. Дар доираи имкониятҳои худ махфияти маълумот дар бораи Мизоҷ ва амалиётҳои дар Системаи ХФБ анҷом дода ва/ё иқдомнамудаи ӯро  таъмин намояд.

5.1.4. Дигар уҳдадориҳои Бонк, ки дар Шартномаи мазкур нишон дода шудаанд, нисбати амалиётҳои бонкии аз ҷониби Мизоҷ дар Системаи ХФБ иҷрошударо анҷом диҳад.

5.2. Мизоҷ уҳдадор аст:

5.2.1. Худро бо воситаи барномавиву техникие, ки имконияти дастрасиро ба Интернет фароҳам меорад, таъмин намояд;

5.2.2. Мизоҷ вазифадор аст, ки дастурҳои Қоидаҳои истифодаи ХФБ -ро риоя кунад (Замимаи №1). Агар Мизоҷ талаботро иҷро нанамояд ва дастурамалҳои пешниҳоднамудаи Бонкро риоя накунад, Бонк барои иҷро накардани супориши Мизоҷ ҳуқуқ дорад.

5.2.3. Баъд аз ирсоли ҲПЭ далели аз ҷониби бонк гирифтан ва иҷро шудани ҲПЭ-ҳои ирсолшударо санҷад. Дар сурати тасдиқ нашудани далели қабул ва/ё иҷро - барои муайян кардани сабаби ҲПЭ-и мазкурро қабул ва/ё иҷро накардани Бонк, бо дархост ба Бонк муроҷиат намояд;

5.2.4. Ҳангоми мубодилаи ҲПЭ системаҳои коркарди иттилоот, ҳифз ва ҳимояро танҳо дар компютери дар ҳолати хуб қарор дошта ва ҷиҳати мавҷуд набудани вирусҳои компютерӣ санҷидашуд,  мавриди истифода қарор диҳад;

5.2.5. Ҳангоми истифодаи маълумоти мушаххаскунанда (номи истифодабаранда, гузарвожа, ПИН рамз) махфиятро нигоҳ дорад;

5.2.6. Фавран ба Бонк дар бораи ошкор кардани дастрасии беиҷозат ё кӯшиши дастрасии беиҷозат, инчунин дар бораи ҳодисаҳои гум кардан, дуздии маълумоти мушаххаскунандаи шахсияти Мизоҷ, иваз / гум кардани рақами телефон хабар диҳад;

5.2.7. Хизматрасониҳое, ки Бонк пешниҳод мекунад, ба мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода набарад, аз ҷумла амалҳое, ки ба муқовимат ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ равона шудааст, анҷом диҳад;

5.2.8. Бо дархости Бонк, дар мӯҳлати 3 (се) рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои  қонунӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мақсаднок будани  амалиёт/амалиётҳоро мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкунанда, пешниҳод намояд.

5.3. Бонк ҳуқуқ дорад:

5.3.1. Барои хизматрасониҳои расонидашуда дар лаҳзаи анҷом додани амалиёт дар Системаи ХФБ аз дилхоҳ суратҳисобҳои бо пули миллии сомони дар Бонк кушодаи Мизоҷ беаксепт (бидуни розигии Мизоҷ) комиссия/подоши Бонкро соқит намояд, инчунин  маблағҳои саҳван ба ҳисоб вориднамударо, дар ҳолатҳои муайян кардани далели саҳван ворид намудани воситаҳои пулӣ ба  суратҳисоб/суратҳисобҳои Мизоҷ, маблағи ҳама гуна қарздории Мизоҷро дар назди Бонк, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соқит намояд;

5.3.2. Дар сурати мушаххасоти нопурра/нодурустро нишон додани Мизоҷ, вайрон кардани мӯҳлати анҷомдиҳӣ, ба қонунгузории ҶТ, аз ҷумла  ба талаботи қонунгузории ҶТ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории фаъолияти террористӣ ё экстремистӣ мувофиқат накардани амалиёти  анҷомдиҳанда, дар сурати барои анҷом додани амалиёт ва/ё пардохти ҳаққи хизмати Бонк барои анҷом додани амалиёт нокифоя будани маблағ дар суратҳисоб/суратҳисобҳои Мизоҷ,  инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ, аз анҷом додани амалиёт дар Системат ХФБ даст кашад;

5.3.3. Дар ҳолатҳои зарурӣ, барои анҷом додани амалиёт, аз Мизоҷ  дар ҳомилҳои коғазӣ бо имзои Мизоҷ  ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳоро талаб намояд. Дар ин ҳолат, Бонк то лаҳзаи гирифтани ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ҳуҷҷати электрониро иҷро намекунад;

5.3.4. Дар ҳолати зарурӣ, қабл аз иҷрои фармоишҳои Мизоҷ дар Системаи ХФБ, тавассути телефон бори дигара з Мизоҷ  санҷидани онҳо;

5.3.5. Агар фармоиш дар асоси сабабҳои дар боло зикршуда иҷро нашуда бошад, Мизоҷро хабардор накунад.

5.3.6. Агар аз лаҳзаи муроҷиати охирини Мизоҷ ба Бонк бо истифодаи Системаки ХФБ  3 (се) моҳ гузашта бошад, барои бехатарии анҷом додани пардохтҳои электронӣ, дастрасии Мизоҷро ба Системаи ХФБ ба блок гузорад. Барқароркунии дастрасии Мизоҷ ба Системаи ХФБ  бо дархости хаттии Мизоҷ анҷом дода мешавад;

5.3.7. Барои амалиёте, ки тавассути Системаи ХФБ анҷом дода мешаванд, меъёрҳои бонкиро муқаррар кунад. Ҳангоми ҳисобкунии ин меъёрҳо амалиёти байни суратҳисобҳои мухталифи як Мизоҷ бо як асъор анҷомдодашаванда ба назар гирифта намешавад.

5.3.8. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ аз Мизоҷ  ҳуҷҷатҳое, ки  қонуният ва мақсаднокии иқтисодии амалиётро тасдиқ мекунанд,  талаб намояд;

5.3.9. Эродҳои Мизоҷро аз рӯи амалиётҳое, ки мизоҷ зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ пештар анҷом додааст, баррасӣ накунад;

5.3.10. Ба сифати чораи пешгирикунанда иҷро кардани супориши Мизоҷро дар Системаи ХФБ боздошта, аз Мизоҷ тасдиқоти дахлдорро дархост намояд.

5.3.11. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ бо тартиби  яктарафа аз гузаронидани амалиёт аз рӯи суратҳисоб даст кашад;

5.3.12. Шартҳои Шартномаи мазкурро бо тартиби яктарафа тағйир диҳад, дар сурате, ки усулҳои огоҳ кардани мизоҷ инҳо шуда метавонанд: ҷойгиркунӣ дар сомонаи Бонк www.arvand.tj ё ба тариқи дигар (паём дар Системаи ХФБ,  ирсоли огоҳиномаи хаттӣ);

5.3.13. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи ҶТ Шартномаи мазкурро бо тартиби яктарафа  бекор намояд.

5.4. Мизоҷ ҳуқуқ дорад:

5.4.1. Бо тартиб ва шартҳои Шартномаи мазкур пешбининамуда аз хизматрасониҳо истифода барад;

5.4.2. Дар сурати ошкор кардани дастрасии беиҷозат ё кӯшиши дастрасии беиҷозат ба Системаи ХФБ, бо дархости блокгузории маълумоти мушаххаскунандаи Мизоҷ (номи истифодабаранда, гузарвожа, ПИН рамз) ба Бонк муроҷиат кунад;

5.4.3. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз Бонк дар ҳомили қоғазӣ (нусхаҳои тасдиқшудаи) тасдиқоти иҷро шудани супоришҳои пардохтиро аз рӯи амалиётҳои бонкӣ, ки тавассути Систкмаии ХФБ анҷом дод шудаанд ва иқтибос аз  суратҳисоб/суратҳисобҳоро барои давра (на камтар аз як маротиба дар як моҳ) гирад;

5.4.4. Оид ба қоидаҳои кор дар Системаи ХФБ аз рӯи дархост барои гирифтани машварат муроҷиат кунад;

5.4.5. Ба Бонк оид ба пардохте, ки ғайри иродаи Мизоҷ ё нодуруст анҷом дода шудааст,  фавран пас аз ба вай маълум  шудан, вале дар давоми на дертар аз 3 моҳ аз лаҳзаи дебеткунонии маблағи пардохт аз суратҳисоби Мизоҷ, иддао пеш орад. Ҳама гуна дигар иддао оид ба амалиётҳо бояд ба Бонк на дертар аз 10 рӯзи пас аз оаҳзаи анҷом додани амалиёт пешниҳод карда шаванд.

5.4.6. Дар асоси ариза, дар доираи меъёрҳои умумии муқарраркардаи Бонк меъёрҳои шабонарӯзӣ  ва меъёрҳо барои як амалиёт муқаррар кунад;

5.4.7. Маълумоти мушаххаскунанда (номи истифодабаранда, гузарвожа (пароль), ПИН рамз)-ро тағйир диҳад.

6. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ХИЗМАТАРСОНӢ

6.1. Агар дар созишномаи иловагӣ ба Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, Мизоҷ уҳдадор аст хизматрасониҳои Бонкро мувофиқи тарофаҳои амалкунандаи Бонк пардохт намояд.Тарофаҳо дар толорҳои амалиётӣ ё дар сомоаи Бонк www.arvand.tj ҷойгир карда мешаванд.

6.2. Мизоҷ тасдиқ менамояд, ки ӯ бо тарофаҳои Бонк шинос шуда ва бо онҳо розӣ аст ва инчунин аз зарурати мустақилона омӯхтани онҳо дар идора ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj хабардор мебошад.

6.3. Бонк ҳуқуқи бо тартиби яктарафа тағйир додани ҳаҷм ва намудҳои ҳаққи хизмат барои хизматрасониҳои Бонкро дар ихтиёри худ гузошта, Мизоҷро тавассути интишори эълони оммавӣ дар лавҳаҳо дар толори амалиётӣ ва/ё дар сомонаи Бонк www.arvand.tj  на дертар аз 10 рӯзи бонкӣ пеш аз эътибор пайдо кардани тағйирот, хабардор менамояд.

7. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО

7.1. Тарафҳо барои иҷрои номатлуби уҳдадориҳои аз рӯи  Шартнома доштаи худ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

7.2. Мизоҷ барои вайрон кардани Қоидаҳои истифодаи ХФБ (Замимаи №1), ки Бонк ва Шартномаи мазкур муқаррар кардаанд, ҷавобгар аст.

7.3. Мизоҷ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби чораҳои муқарраршудаи бехатарӣ ва махфият, инчунин Қоидаҳои истифодаи ХФБ (Замимаи №1) масъулият ба зимма дорад.

7.4. Мизоҷ барои риояи қоидаҳои истифодаи воситаҳои пардохт ва тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои пардохтӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ масъул аст.

7.5. Мизоҷ барои ҳама амалиёте, ки дар давраи аз лаҳзаи гум кардани рақами телефон ва / ё маълумотҳои мушаххаскунӣ то лаҳзаи ба Бонк бо мақсади блокгузории дастрасӣ ба Системаи ХФБ мурофиат кардани Мизоҷ, масъулият ба зимма дорад.

7.6. Мизоҷ барои бехатарӣ ва махфияти воситаҳои дастрасӣ ба Система (логин, Гузарвожа ва Рамз), инчунин барои зарарҳое, ки метавонанд дар сурати истифодаи беиҷозати воситаҳои дастрасӣ ё амалиётҳои беиҷозати шахсони сеюм ба вуҷуд оянд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият ба зимма дорад.

7.7. Ҳангоми иҷрои супоришоти Мизоҷ, Бонк барои зарари дар натиҷаи ғайриимкон будани ирсоли паёмҳои электронӣ бинобар вайрон шудани каналҳои иртиботӣ, таҷҳизоти ирсол ё қабулкунанда, инчунин таъхир ва хатогиҳо, ки дар натиҷаи таҳрифи матни супоришоти  тавассути воситаҳои алоқа интиқолшуда ҷавобгарӣ ба зимма надорад.

7.8. Дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои худ аз рӯи Шартномаи мазкур тарафҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар ин гуна иҷро накардан ё иҷрои номатлуб дар натиҷаи ҳолатҳои қувваи рафънопазир (ҳолатҳои фавқулодда) ба вуҷуд омада бошад. Ҳолатҳои қувваи рафънопазир ҳолатҳои фавқулодда ва пешгиринашавандае мебошанд, ки дар ҳолатҳои дар боло тазаккургардида ба вуҷуд меоянд, ки пас аз бастани Шартномаи мазкур фаро расидаанд ва ҳеҷ кадоме аз Тарафҳо наметавонанд онро оқилона  на пешбинӣ ва на пешгирӣ карда наметавонистанд (офатҳои табиӣ ва техногенӣ, низоъҳои мусаллаҳрна, бетартибиҳои оммавӣ, амалҳои террористӣ ва ғ.).

7.9. Тарафе, ки барои вай бинобар ҳолатҳои фавқулодда иҷрои уҳдадориҳо имконнопазир шудааст, бояд дар муддати панҷ рӯз ба Тарафи дигар дар бораи падидоӣ ва қатъ шудани амали ҳолатҳои мазкур хабар диҳад. Фарорасии ҳолатҳои қувваи рафънопазир муҳлати иҷрои уҳдадориҳои дахлдорро ба даврае дароз мекунад, ки давомнокии он ба давомнокии амали ҳолати фарорасида мувофиқат мекунад.

7.10. Бонк масъулият ба зимма надорад:

7.10.1. барои корношоямӣ ва/ё бехатарии: таҷҳизот, таъминоти барномавии Мизоҷ, алоқа дар каналҳои иртиботӣ, барои воситаҳо ва хизматрасониҳое, ки тарафи сеюм таъмин мекунад (провайдери дастрасӣ ба Интернет ва ғайра);

7.10.2. барои иҷро накардани дастурҳои Мизоҷ бо истифодаи Системаи ХФБ, агар суратҳисоби Мизоҷ ҳабс шуда ё амалиётро Мизоҷ бо тартиби дар Шартномаи мазкур, Шартномаи суратҳисоби бонкӣ ва/ё мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ пешбинигардида боздошта шуда бошад;

7.10.3. барои гирифтани маълумот аз ҷониби шахси ваколатдорнабуда, агар ин маълумотро Бонк ба суроғаи почтаи электронии дар ариза зикрнамудаи Мизоҷ фиристода шуда бошад, инчунин барои бидуни огоҳ кардани Бонк суроғаи почтаи электронии худро барои гирифтани маълумот тағйир додани Мизоҷ;

7.10.4. барои мавҷуд набудани дастрасӣ ба Система, дар сурати ба шахсони сеюм бо дилхоҳ усул маълум шудани маълумот дар бораи логин ва Гузарвожа, аз ҷумла, вале бе истисно бо роҳи  бевосита ё бинобар беэҳтиётӣ ба шахсони сеюм Гузарвожаи худро маълум намудани Мизоҷ, интихоби Гузарвожа аз тарафи шахсони сеюм ва ғ.

7.10.5. барои дастрасӣ ва/ё иқдом намудани амалиёти бонкӣ аз ҷониби шахсони сеюм, дар сурати ба шахсони сеюм бо дилхоҳ усул маълум шудани маълумот дар бораи Логин, Гузарвожа ва/ё Рамз, аз ҷумла, вале бе истисно бо роҳи  бевосита ё бинобар беэҳтиётӣ ба шахсони сеюм Логин, Гузарвожа ва/ё Рамзи худро маълум намудани Мизоҷ, интихоби Логин, Гузарвожа ва/ё Рамз аз тарафи шахсони сеюм ва ғ.

7.11. Дар ҳама ҳолатҳои дигаре, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, Тарафҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ масъулият ба зимма доранд.

8. ҚАТЪ КАРДАНИ ШАРТНОМА

8.1. Шартномаи мазкур (офертаи оммавӣ) то лаҳзаи қатъ шудани он бо дархости хаттии Мизоҷ ба Бонк ё то рӯзи қатъи Шартномаи суратҳисоби бонкӣ/шартномаи қарзӣ эътибор дорад.

8.2. Тарафҳо ҳуқуқ доранд  Тарафи дигарро ба таври хаттӣ ҳадди аққал 7 (ҳафт) рӯзи корӣ пеш аз рӯзи қатъкунии он хабардор карда, ҳатман ҳатмии ҳамаи уҳдадориҳо ва ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи Шартномаи мазкур иҷро намуда, Шартномаи мазкурро яктарафа қатъ кунанд.

9. ТАРТИБИ ВОРИД  НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ШАРТНОМА

9.1. Ҳангоми ворид намудани тағйир ва/ё иловаҳо ба шартҳои Шартномаи мазкур,  мувофиқаи Тарафҳо оид ба тағйироти шартҳои Шартномаи мазкур бо тартиби зерин ба даст оварда мешавад:

9.1.1. Бонк бо роҳи дар шабакаи Интернет дар сомона бо суроғаи www.arvand.tj б ҷойгир намудани таҳрири нави Шартнома, ба Мизоҷ оферта оид ба тағйир додани шартҳои онро ирсол менамояд;

9.1.2. Мувофиқи тартиби муқарраршуда ворид шудани Мизоҷ ба Система, аксепти шартҳои Шартнома мебошад, ки ҳангоми чунин воридшавии Мизоҷ ба Система амал мекард, яъне розигии Мизоҷ ба тағйир ёфтани шартҳои Шартнома қабулшуда ҳисобида мешавад;

9.2. Норозигии Мизоҷ бо тағйиру иловаҳо ба шартҳои Шартнома (даст кашидан аз аксепт) метавонад дар муддати 7 (ҳафт) рӯзи тақвимӣ тавассути дасткашии хаттии Мизоҷ баён карда шавад.

10. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО

10.1. Дилхоҳ баҳсҳои дар доираи Шартномаи мазкур ба амаломада тавассути гуфтушунидҳо ҳал карда мешаванд.

10.2. Дар сурати ғайриимкон будани ҳалли баҳсҳо бо роҳи гуфтушунид, баҳсҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

10. ШАРТҲОИ ДИГАР

11.1. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки ҳама гуна огоҳиҳо, мукотибот ва ғайра, бурда расонида дониста мешаванд, агар онҳо ба суроғаҳои дар Шартномаи мазкур нишондодашуда фиристода шуда бошанд. Дар сурати иваз шудан - ба суроғае, ки дар огоҳиномаи хаттӣ нишон дода шудааст.

11.2. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки Системаи ХФБ, ки аз ҷониби онҳо тибқи Шартномаи мазкур истифода мешавад, барои таъмини кори боэътимод ва самаранок ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ, қабул ва интиқоли иттилоот кофӣ мебошанд.

11.3. Ҷонибҳо эътироф мекунанд, ки технологияи истифодашаванда барои муҳофизат аз дастрасии беиҷозат, инчунин барои тасдиқи аслияти ҲЭП кофӣ мебошад.

11.4. Тарафҳо эътироф мекунанд, ки дар сурати гум кардан, дуздида шудан, ба шахсони сеюм додан ё аз ҷониби шахсони сеюм истифода шудани маълумоти мушаххаскунанда ё дастгоҳҳои дастрасӣ, тамоми масъулият барои дастрасии беиҷозат ба Система ба зиммаи Мизоҷ мебошад.

11.5. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳои бо Шартномаи мазкур пешбининагардида, Тарафҳо Шартномаи суратҳисоби бонкӣ/қарзӣ ва/ё қонунгузории амалкунандаи ҶТ дастури амал қарор медиҳанд.

МУШАХХАСОТИ БОНК

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки «Арванд»

735 700, Тоҷикистон,

Вилояти Суғд, ш. Хуҷанд

Хиёбони И.Сомони 1А

РМА 510021141,

РЯМ 350501848

Тақами тел. Барои тамос.: 52-52

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Замимаи №1 ба Шартнома дар бораи пайвастшавии бонкинги фосилавӣ (Интернет бонкинг / Бонкинги мобилӣ) барои шахсони воқеӣ - офертаи оммавӣ

Қоидаҳои истифодаи ХФБ барои шахсони воқеӣ

1.1. низоми махфиятро нисбати қарордошти ҷойи кории Мизоҷ барои кор дар СистемаиХФБ, иҷозатномаҳои бехатарии Мизоҷ, логину гузарвожаҳо ва системаи амалиётии ҷои кории Мизоҷ таъмин намояд;

1.2. пас аз ба итмом расонидани кор дар Системаи ХФБ, корро бо истифодаи тугмачаи "Баромад" дуруст қатъ кунад;

1.3. дар системаи амалиётии ҷойи корӣ барои кор дар Системаи ХФБ функсияи худкори ҳомилҳои ҷудошавандаи иттилоотӣ ("флэш-ҳомилҳо")-ро хомӯш кунад;

1.4. танҳо ҳангоми кор бо Системаи ХФБ ҷойи кории Мизоҷро барои кор дар Системаи ХФБ ба шабакаи Интернет пайваст намояд;

1.5. пеш аз ворид шудан ба дафтари шахсии худ,боварӣ ҳосил намояд, ки пайвастшавии бехатар аз рӯи протоколи https маҳз бо сомонаи расмии Бонк (http://www.arvand.tj) сурат гирифтааст;

1.6. дар ҷойи кории истифодабарандагони Система мавҷуд будани сабти баҳисобгирӣ дар системаи амалиётиро, ки бо гузарвожа ҳимоя шудааст, таъмин намоянд;

1.7. дар файлҳои матнӣ дар компютер ё дигар ҳомилҳои иттилоот гузарвожаро нигоҳ надоранд;

1.8. ҷойи кориро барои пайваст шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, форумҳо, конфронсҳо, чатҳо, хизматрасониҳои телефонӣ ва сомонаҳои дигар, ки дорои барномаҳои зараровар мебошанд, инчунин барои хондани почта ва кушодани ҳуҷҷатҳои почта аз суроғаҳое, ки эътимод надоранд,  истифода набарад;

1.9. логин  ва гузарвожаро ба шахсони сеюм, аз ҷумла ба кормандони Бонк  (чунончӣ ҳангоми аз номи Бонк тавассути телефон, почтаи электронӣ, тавассути SMS муроҷиат кардани шахсони номаълум) маълум, ошкор накунед;

1.10. дар файлҳои матнии диски сахти ҷойи кории Мизоҷ ё дигар ҳомилҳои элетронии иттилоот логин ва гузарвожаро нигоҳ надоранд.

Тавсияҳо ба мизоҷ оид ба риоя кардани бехатарӣ:

2.2. барои кор бо Системаи ХФБ ҷойи кории махсус ҷудокардаро истифода барад;

2.3. дар ҷойи корӣ фаъолияти системаи амалиётии дорои литсензия  (на сохтакоришуда)-ро истифод барад ва бо мақсади бартараф кардани осебпазирии дар он муайяншуда, ки барои дастрасӣ ба иттилооти махфӣ имкон фароҳам меорад, тибқи тавсияҳои ширкати таҳиякунанда саривақт онро нав кунад;

2.4. дар ҷойи корӣ Мизоҷ фаъолияти таъминоти барномавии зиддивирусии дорои литсензия  (на сохтакоришуда)-ро истифода барад ва бо мақсади сироят нашудани ҷойи кории Мизоҷ бо таъминоти барномавии заррарасон, ки барои дастарсии шахсони ваколатнадошта ба Системаи ХФБ имконият дорад,  тибқи тавсияҳои ширкати таҳиякунанда саривақт онро нав кунад;

2.5. дар ҷойи корӣ фаъолияти таъминоти барномавии ҳимоякунандаи дорои литсензия  (на сохтакоришуда) дар низоми блокгузории дастрасии дурдаст ба ҷойи корӣ аз шабакаи Интернет ва ҷои кории дохилии Мизоҷро таъмин намояд;

2.6. дастрасӣ ба компютер/дастгоҳи шахсиро маҳдуд карда,  мавҷудияти ҳуқуқҳои ҳадди ақал барои тағйир додани конфигуратсияи системаи амалиётии ҷойи кориро  (мавҷудияти ҳуқуқи маъмур  номатлаб  мебошанд) таъмин намояд;

2.7. бо истифода аз манбаъҳои пайваст дар ҷойҳое, ки эътимоди кофӣ надоранд (Интернет каҳвахона) ва ё аз каналҳои иртиботии оммавӣ ( Wi-Fi ройгон ва ғайра) дар Системаи ХФБ дар шабакаи Интернет кор накунанд;

2.8. ҳангоми пайвастшавӣ ба Системаи ХФБ Бонк ё дар фаъолияти Системаи ХФБ ба ҳама гуна тағйирот ва хатогиҳои таъминоти барномавӣ  диққат дода, дар сурати падид омадани ягон шубҳа доир ба дурустии кори Системаи ХФБ, фавран корро қатъ карда, бо мақсади муқаррар намудани мавҷуд набудан/будани амалиётҳои беиҷозат, ба Бонк муроҷиат кунад,

2.9. ба https://www.arvand.tj/ru/oferta-na-distancionnoe-obsluzhivanie.html танҳо бо истинод аз сомонаи  расмии Бонк (www.arvand.tj) гузарад;

2.10. ҳангоми пайвастшавӣ ба Системаи ХФБ дар сурати намудор шудани огоҳкунии браузер дар бораи равон кардан ба сомонаи дигар, амалиётро ба таъхир гузошта, бо мақсади муайян кардани сабаби ба дигар сомона равонкунӣ, ба Бонк муроҷиат кунад.

2.11. ба кормандони ваколатдори Бонк дар бораи ҳама гуна кӯшиши муайян намуданигузарвожа ба Системаи ХФБ хабар диҳад;

2.12. барои пайгирии хатогиҳо ё амалиётҳои авторизатсиянашуда аз рӯи суратҳисоб, пайваста  таърихи амалиётҳо ва иқтибос аз онҳоро санҷад;

2.13. сомонае, ки дар он амалиётҳои электронӣ анҷом дода мешаваед, тарк накунад, ҳатто агар компютери шахсӣ дар муддати кӯтоҳ беназорат монда бошад;

2.14. пас аз анҷом додани амалиётҳои электронӣ аз Система баромаданро фаромӯш накунед; пеш аз анҷом додани дилхоҳ амалиёти бархат (он-лайн) ё пешниҳоди маълумоти шахсӣ, бояд боварӣ ҳосил кунад, ки саҳифаи интернетии дурусти Системаи ХФБ истифода шудааст. Аз веб-саҳифаҳои қалбакие, ки бо мақсади қаллобӣ таъсис шудаанд, эҳтиёт бошад;

2.15. маълумоти мушаххаскунанда маълумоти қатъиян махфӣ буда, бояд танҳо ба Мизоҷ маълум бошад. Ошкор намудани маълумоти мушаххаскунанда метавонад боиси дастрасии беиҷозат ба маблағҳои Мизоҷ гардад. ар сурати пайдо шудани шубҳа, ки маълумоти мушаххаскунанда ба шахсони сеюм маълум шудааст, Мизоҷ бояд ба Дафтари шахсии ХФБ ворид шуда, маълумотҳои мушаххаскунанда (логин, гузарвожа ва ғайра)-ро мустақилона тағйир диҳад.

2.16. пеш аз ворид шудан ба система, бо роҳи санҷидани Нишондиҳандаҳои Манбаъҳои Якшаклашуда (URL), ки бояд бо "https" оғоз шаванд ва дар мақоми браузери Интернет бояд аломати пайвастшавии бехатар пайдо шавад, ба бехатарии веб-саҳифа боварӣ ҳосил кунад;

2.17. дар системаи Бонки мобилӣ амалиёт оид ба пардохти хизматрасониҳои гуногун, идоракунии суратҳисобҳои дар Бонк кушодашудаи худ ва дигар амалиётҳо аз ҷониби Мизоҷ бо истифодаи абзори мобилӣ иҷро карда мешаванд.

2.18. Барои истифодаи Абзори мобилии «Мой Арванд», онро бояд аз маркет (Google Pli-iv, ArrStoge), ки ба системаи амалиётии (Android / iOS мутаносибан) дастгоҳи мобилӣ мувофиқ аст, зеркашӣ (закрузка) карда шавад.

2.19. дар ҳолати гум шудан, дуздии дастгоҳи мобилӣ, бояд фавран ба Маркази тамоси Бонк муроҷиат намояд ё шахсан ба Бонк муроҷиат кунад.

2.20. иҷро накардани талабот ва тавсияҳои дар боло зикршуда барои ба зиммаи Мизоҷ гузоштани масъулияти амалиётҳои баҳсталаб тавассути Системаи ХФБ асос мегардад.

2.21. барои истифодаи бехатари хизмарасонии "Бонкинги мобилӣ" аз дастгоҳи мобилии истифодаи умум (ғайри шахсӣ) тавсия дода мешавад, ки махфияти маълумоти аз клавиатура воридшаванда ва маълумоти ба экран қабулшавандаро таъмин намояд ва пас аз ба анҷом расидани кор - аз система ба таври дуруст барояд (барои ин фармони "Баромад" -ро дар реҷаи хизматрасониҳои "Бонкинги мобилӣ" интихоб кунад).