Консепсияи қарз | Пешниҳоди қарз барои рушди тиҷорат, кишоварзӣ, чорводорӣ. |
Афзалиятҳо |
|
Маблағи қарз |
аз 50 000 сомонӣ |
Мӯҳлати қарз | то 36 моҳ. |
Меъёри фоизӣ (солона) |
аз 23% |
Комиссия | 0%. |
Таъминоти гаравӣ | Муносибати мусоид нисбати таъминоти гаравӣ. |
Талабот ба қарзгирон | Шаҳрванди ҶТ, синну сол аз 18 то 65 солаи даромади доимидошта. |
Бастаи ҳуҷҷатҳо |
|
Мӯҳлати баррасии аризаҳо | аз 3 то 5 рӯз** |
Тағирот: 01.06.2022
* Аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ
* Ҳисоби қарз бо пардохти аннуитетӣ (баробар)
GEFF Тоҷикистон
GEFF Тоҷикистон ба бахши хусусӣ кумаки молиявӣ, техникӣ ва ҳавасмандкунии сармоягузорӣ бо мақсади рушди устувори кишвар пешниҳод менамояд. GEFF Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад, ки бо Иттиҳоди Аврупо, Фонди Иқлими Сабз ва Ҷумҳурии Корея ҳамкорӣ мекунад. Ин лоиҳа тавассути Шарикони Молиявӣ ҳамкорӣ карда, 25 миллион доллар барои сармоягузорӣ ба сарфаи энергия ва истифодаи самаранокии захираҳои дигар ҷудо карда шудааст, ки гузариши кишварро ба иқтисоди сабз дастгирӣ мекунад. GEFF Тоҷикистон ба соҳибкорон, деҳқонон ва хонаводаҳо дар кам кардани хароҷоти энергия ва дигар захираҳо инчунин барои баланд бардоштани рақобат тавассути истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои баландсифат кӯмак мерасонад.
Дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, GEFF Тоҷикистон грантҳо ба деҳқонон ва корхонаҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва занҷираҳои арзиши иловашуда фаъолият мекунанд, барои сармоягузорӣ ба таҷҳизотҳо ва технологияҳои муосир ва муассир пешниҳод менамояд. Гурӯҳи мутахассисони GEFF дар марҳилаҳои гуногуни таҳияи лоиҳа, баҳодиҳии сармоягузорй ва татбиқи лоиҳа хизматрасониҳои техникӣ пешниҳод менамояд. Ин барои муайян кардани роҳи ҳалли беҳтарин ва таъмин кардани асоснокии техникии лоиҳа барои маблағгузорӣ дар доираи лоиҳаи GEFF кӯмак мерасонад.
Мизоҷони мувофиқ:
Категорияҳои зерини қарзгирандагон метавонанд ба GEFF муроҷиат кунанд:
Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ |
Соҳибкорӣ | Манзилӣ |
|
|
Технологияҳои маблағгузоришаванда:
Ба воситаи GEFF ду категорияи васеи сармоягузорӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:
- Сармоягузорӣ ба технологияҳои стандартии қаблан тасдиқшуда, самаранокиашон баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки дар руйхати Селектори Технологияҳои Сабз ҳастанд. Селектори Технологияҳои Сабз ин рӯйхати дастрас аст ва илова кардани технологияҳои нав ройгон мебошад. Агар шумо ягон технологияро донед, ки ба ин меъёрҳои техникӣ ҷавобгӯ мебошаду дар ин руйхат нест, Шумо метавонед онро дар ин ҷо илова кунед.
- Лоиҳаҳои сармоягузории комплексие, ки мусбӣ арзёбӣ гардидаанд, ба сарфашавии энергия, захираҳо ва об ба андозаи на кам аз 20% намуда, инчунин самараи хуби экологӣ низ медиҳанд.
Намунаҳои технологияҳои қобили қабул, ки меъёрҳои асосии мувофиқатро дарбар мегирад аммо маҳдуд намекунад:
Занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ |
Соҳибкорӣ I Манзилӣ |
|
|
Манфиатҳои GEFF
Сармоягузорӣ ба иқтисоди сабз барои иқтисодиёт манфиатовар буда, барои муҳити зист муфид аст, аз ҷумла партоби газҳои гармхонаиро кам мекунанд, сарфаи энергия, об ва дигар захираҳоро таъмин менамояд.
Манфиатҳои GEFF барои бенефисиарҳои бахши хусусӣ:
- Коҳиш додани истифодаи энергия, об, дигар захираҳо ва хароҷоти ба он вобаста
- Мақсулнокии бехтар ва эътимоднокии таҷҳизот
- Баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва рақобатпазирӣ
- Беҳтар шудани шароити зисти хонаводаҳо ва боло шудани арзиши моликият
Пешниҳоди ариза
- Аризаи худро ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед, то ки мутахассиси мо бо шумо тамос гирад;
- Ба рақамҳои 92 795 0001 ё 52 52 занг занед, мутахассисони мо барои пур кардани ариза ва инчунин интихоби технология ва таҳвилкунандагон ба шумо кӯмак мерасонанд;
- Барои пешниҳоди ариза ба филиали наздиктарини мо ташриф оваред.
Страница на стадии разработки...