Комплаенс

Мӯҳтарам мизоҷон, шарикон ва кормандони ҶСП Бонки «Арванд».

Гирифтани Иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон № 0000105 аз «30» сентябри соли 2019. дар раванди муттаҳид намудани ду ташкилоти қарзӣ ва ба Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Бонки «Арванд» табдил додани онҳо марҳилаи муҳиме гузаштааст.

ҶСП Бонки «Арванд» обрӯ ва муваффақияти дарозмуддати худро қадр мекунад, аз риояи талаботи қонун аз ҷониби ҳамаи мизоҷон, шарикон ва кормандони бонк истиқбол мегирад, аз ин рӯ татбиқи чораҳои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ва қаллобӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк мебошад.

Фаъолияти Бонк барои ноил шудан ба чунин сатҳи муносибатҳо бо мизоҷон, шарикон ва кормандони он нигаронида шудааст, ки ба онҳо адолат, эътимоди мутақобила, эҳтиром ва ҳамкорӣ хос аст.

Барои муқовимат, ба Бонк зарур аст, ки дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои эҳтимолӣ ва маълумоте, ки аломатҳои коррупсионӣ ва қаллобӣ доранд, ҳам аз муштариён, ҳам шарикони Бонк ва ҳам аз кормандони худ тавассути тамоми каналҳои дастрас маълумоти саривақтӣ дастрас намояд. Бонк ифшои маълумотро дар бораи вайронкуниҳои эҳтимолӣ ё маълум, инчунин дар бораи ҳама гуна амалҳои (беамалии), ки метавонад боиси вайрон шудани қонун гаштаанд ва ё боиси вайрон шудани қонун гардад, ҳавасманд мекунад ва махфӣ будани маълумоти пешниҳодшударо таъмин менамояд. ҶСП Бонки «Арванд» бо риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои татбиқшавандаи ҳуқуқи байналмилалӣ, талаботи одоби касбӣ, меъёрҳои баланд ва таҷрибаи пешқадами идоракунии корпоративӣ мунтазам рушд карда, фаъолияти софдилона, ошкоро ва шаффофро пеш мебарад. Дар такмили фаъолияти бонк фарҳанги корпоративӣ нақши махсус дорад, ки унсури муҳими он рад кардани коррупсия, қаллобӣ дар ҳама гуна зуҳуроти он мебошад.

Бо назардошти принсипи «таҳаммулнопазирии сифр» нисбат ба коррупсия ва қаллобӣ, Бонк Тартиби Муқовимат ба коррупсия ва Кодекси одоби кормандонро таҳия ва татбиқ менамояд, ки муносибати ягонаро барои ташкили чорабиниҳо ба пешгирӣ ва муқовимат равона месозад.

Ш.М. Содиқова

Раиси ҶСП Бонки «Арванд»


 

Мӯҳтарам мизоҷон, шарикон ва кормандони ҶСП Бонки «Арванд».

ҶСП «Бонки Арванд» ҳамчун муассисаи боэътимоди молиявӣ ба рушд ва такмили низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳои комплаенс таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ташкилот хавфҳои комплаенсиро дар асоси принсипи афзалиятноки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба манфиатҳои Бонк, ки дар ҳуҷҷатҳои дохилии он ва қарорҳои мақомот, шахсони мансабдор ва роҳбарони воҳидҳои Бонк ифода ёфтааст, идора мекунад.

Бо мақсади ташкили раванди идоракунии хавфҳои комплаенс дар Бонк Хадамоти назорати комплаенс таъсис дода шудааст, ки бевосита ба Шӯрои Нозирон ҳисобот медиҳад.

Хадамоти комплаенс риояи фаъолияти Бонкро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор, ҳуҷҷатҳои дохилии Бонкро, ки тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ ва гузаронидани амалиётро дар соҳаи молиявӣ танзим мекунанд, инчунин конунгузории давлатхои хоричй, ки ба фаъолияти бонк таъсир мерасонад назорат мебарад.

Ҳар шахс метавонад ба Хадамоти назорати комплаенс дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои зерин муроҷиат кунад:

  • Далелҳои аз ҷониби бонк ё корманди бонк вайрон кардани қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва тартиботи дохилии бонк.
  • Ҷиноятҳои коррупсионӣ ва фактҳои фаъолияти қаллобӣ бо иштироки кормандони бонк.
  • Ба таври ғайриқонунӣ ифшо кардани сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони бонк.
  • Далелҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва маблағгузории терроризм бо истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ.
  • Бархӯрди манфиатҳо бо иштироки кормандони бонк.
  • Вайрон кардани ахлоқи тиҷорӣ аз ҷониби кормандони бонк.
  • Дигар ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба фаъолияти бонк.

Барои фиристодани паём ба Хадамоти назорати комплаенс, шумо метавонед маълумоти тамосро истифода баред.

Маълумот барои ирсоли паёмҳо.

Шахсоне, ки аз фактхои конуншиканй дар ҶСП Бонки «Арванд» хабардор мешаванд, метавонанд дар ин бора хабар диханд:

  • бо фиристодани паём ба суроғаиЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • ба ин рақам занг занед (+99292) 824 00 05

Ҳуҷҷатҳо барои зеркашӣ: