ҶСП Бонки "Арванд"

 

Рисолат 

Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, босифат пешниҳод кардани хизматрасониҳои талабгардидаи молиявӣ. 

Диди ҶСП Бонки "Арванд"

Бонки молиявии хурди пешрави босубот ва боустувор рушдкунанда, ки технологияҳои муосирро истифода мебарад.

 

Аз рӯзи таъсисёби, яъне соли 2002, дар доираи Лоиҳаи Минтақавӣ оид ба Маблағгузории хурд дар Водии Фарғона, ки аз тарафи Намояндагии ACDI/VOCA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегашт, ташкилот ҳамаи саъю кӯшиши худро барои ба даст овардани ҳамдигарфаҳми, қонеъ намудани талабот ва густариши ҳамкории муфид бо мизоҷон равона менамояд. Қарзҳои  пешниҳодшаванда ба соҳибкорони хурд ва табақаи камбизоати аҳоли имкони афзун намудани даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳоро фароҳам меорад. Илова ба пешниҳоди қарз, ҶСП Бонки "Арванд" хизматрасониҳои кушодани суратҳисобҳои амонатӣ, интиқоли маблағ, мубодилаи асъор,  ҳисоббаробаркунии хазинавиро  пешниҳод менамояд. Дар баробари хизматрасониҳои молияӣ, ҶСП Бонки “Арванд” хизматрасониҳои ғайримолиявӣ, ба монанди,  тренинг ва машваратҳои мутахассисонро пешниҳод менамояд.

Айни замон шабакаи филиалҳои ҶСП Бонки “Арванд” аз беш аз 70 нуқтаҳои хизматрасонии   иборат аст, ки дар онҳо зиёда аз 900 нафар кормандони баландихтисос фаъолият мебаранд

Саҳмдорони  ҶСП Бонки "Арванд" :

  • ҶДММ МКК "Фронтиэрс"
  • Rural Impulse Fund II S.A. SICAV-SIF
  • Access Microfinance Holding AG
  • Triodos Sicav II
  • Legal Owner Triodos Funds B.V. 

Таърихи ҶСП Бонки "Арванд". Аз чӣ он оғоз ёфт?

2002 - Маркази Дастгирии Рушди Маблағгузории хурд (MDTM), ки аз ҷониби созмони байналмилалии ACDI / VOCA таъсис дода шудааст.

 

2003 - MDTM расман ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятии сатҳи минтақавӣ дар Раёсати адлияи вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд.

 

2005 - Тибқи Қонуни қабулшуда "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" дар моҳи марти соли 2004, MDTM ҳамчун Фонди қарздиҳии "МикроИнвест" аз нав ба қайд гирифта шуд. Соли 2005 Фонди қарзии "МикроИнвест"  расман ба қайд гирифта шуд.

 

2008 – ФКХ "МикроИнвест"  қадами навбатии рушдро мегирад ва дар моҳи октябри соли 2008 он ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии карзии хурд «Арванд» табдил дода шудааст.

 

2019 - Ташкилотҳои қарзӣ ҶДММ ТАҚХ "Арванд" ва ҶСП "АксесБонк Тоҷикистон" марҳилаи муҳимро дар ҷараёни якҷояшавӣ ва табдилдиҳӣ ба ҶСП Бонки "Арванд" эълон мекунанд. 30 сентябри соли 2019 Муаррифии расмии Иҷозатномаи бонкиро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода баргузор намуд.

Соли 2014 ҶДММ ТАҚХ “Арванд” расман бо Сертификати "SMART Campaign"  мукофотонида шуда, аввалин муассисаи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки бомуваффақият мавҷудияти мувофиқати комил ва риояи 7 принсипи ҳимояи мизоҷон, 30 стандарт ва 95 нишондиҳандаҳоро дар амал татбиқ намуд!

Бонки "Арванд"! Дастгирии мо – дастоварди Шумо!